05:17:06 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Рӯбинони китобҳои бачагона

Бо ибтикори нашриёти "Маориф ва фарҳанг"-и вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар бинои Иттифоқи нависандагон рӯбинони китобҳои тозанашри бачагона баргузор гардид. Ноширон панҷ китоби тозанашр - "Ду ҳикоя"- и Кароматуллоҳи Мирзо, "Ман ошнои ту, ту ошнои ман"-и Абдулҳамид Самад, "Кӯршабпарак"-и Мирзо Файзалӣ, "Алифбои парандагон"-и Алӣ Бобоҷон, "Панҷ ҳикоя"-и Маҷид Салим ва "Некие, ки фаромӯш нагардид"-и Бурҳон Салмоновро ба рӯнамо пешкаш карданд.

rubinon-454656565Муовини раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Абдулҳамид Самад ин иқдоми ноширони "Маориф ва фарҳанг"-ро дар нашри адабиёти кӯдакона фоли нек арзёбӣ намуд. Эшон аз ҷумла иброз дошт, ки ҳоло насли навраси мо ба китоб ва маводи хониш аз ҳарвақта дида бештар ниёз доранд.Дар китобхонаҳои мактабҳои кишвар маводи тозанашр камтар ба назар мерасад.

Боиси хурсандӣ аст, ки нашриёти "Маориф ва фарҳанг" дар нашри адабиёти бачагона барои муассисаҳои то мактабӣ ва сини мактабӣ иқдоми шоистаро пеш гирифтааст. Дар як муддати кӯтоҳ хонандагони хурдсоли мо беш аз 30 номгӯй китобҳои рангаи бо тарҳи хеле зебо ва пурмуҳтавои ноширонро ба даст гирифтанд. Абдулҳамид Самад пешниҳод намуд, ки дар оянда осори ба бачаҳо бахшидаи адибони маъруфамон Мирсаид Миршакар, Абулқосим Лоҳутӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Гулчеҳра Сулаймонова, Ғаффор Мирзо ва чанде дигарон, ки дар қарни гузашта эҷод кардаанд, интихобан ва бо ин тарҳи зебо ба чоп расанд.

Директори нашриёти " Маориф ва фарҳанг" Ширин Ҳаитова дар ҳузури нависандагону хонандагон иброз дошт, ки нашриёт агарчанде ба чопи китобҳои таълимӣ, илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ муваззаф ҳам бошад, ба чопи адабиёти кӯдакона афзалияти бештар медиҳад. Бо ҳидояти вазорати маорифи кишвар соли равон чопи китобҳои бачагона васеъ ба роҳ монда шуд. Дар баробари чопи 170 номгӯй китобҳои таълимӣ, илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ боз 32 номгӯй осори бачагона рӯйи чопро дид.- Мо дар чопи китобҳои бачагона навкор ҳастем,- рӯ овард ба аҳли нишаст Ш.Ҳаитова,- бинобар он ҳамкории судмандро бо Иттифоқи нависандагони мамлакат тақозо дорем, то китобҳои чоп мекардаи мо аз ҳар нигоҳ ба талаботи замон ҷавобгӯ бошанд.

Нависанда Маҷид Салим фикру мулоҳизаи худро дар бораи мазмуну муҳтавои китобҳои тозанашр иброз дошт. Вай ба мазмуни ҳикояҳои "Гӯшвора"-и К.Мирзо, "Кабк"-и А. Самад рӯшанӣ андохта гуфт, ки на танҳо бачаҳо, балки калонсолон низ аз хондани онҳо як ҷаҳон лаззати маънавӣ мебардоранд. Зеро дар ин ҳикояҳо тақдири одамон боварибахшу ҳаётӣ тасвир шуда, хонандаи хурдсол ҳаёту зиндагӣ ва табиатро баробар дӯст хоҳанд дошт. Парваридани меҳру муҳаббат дар замири одамон, бахусус насли наврас хеле ҳам зарур аст, ки адибон дар ин росто метавонанд бо қалам саҳми бештар дошта бошанд.

Адабиётшинос Ш.Исрофилиён ноширонро бо рӯбинони китобҳои тозанашр табрик гуфта, бо дилсӯзи пешниҳод кард,ки чопи китобҳои бачагона бо теъдоди ҳазору ду ҳазори нусха "қатрае дар баҳр"-ро мемонад. Бояд чопи оммавии адабиёти кӯдакро ба роҳ монд, то дар тамоми гӯшаю канори мамлакат хонандаи хурдсол имкони ба даст гирифтани чунин китобҳои рангаю дилкашро дошта бошад. Бо вуҷуде ки дар замони пешин адабиёти кӯдак бо теъдоди осмонӣ чоп мешуд, аммо он ба бачаи деҳот намерасид. Баъзе ғалатҳое, ки дар китобҳо роҳ ёфтаанд, мазмуну муҳтавои онҳоро коста намегардонад.

Дар рӯбинони китобҳои тозанашр Ҷӯрабой Ҳошимӣ- мудири шуъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагон, адибон Муродалӣ Собир, Мирзо Файзалӣ, Мубашшири Акбарзод, Мирзо Шукурзода, пажӯҳишгари эронӣ дар риштаи адабиёт Фотима Асад, Бурҳон Салмонов- мудири шуъбаи "Адабиёти бачагона"-и нашриёти "Маориф ва фарҳанг" ва чанде дигарон оид ба нашри китобҳои бачагона фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi