14:22:14 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Лаҳзаҳои дигар бо Темур Зулфиқоров ва Ирина Дмитриевна-Ван

Нависандаи тозабаёни тоҷики муқими Маскав Темур Зулфиқоров ва сарояндаи машҳури романсҳои русии Русия  Ирина Дмитриева-Ван бегоҳии 14 декабри соли равон бори дигар дар театри академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳутӣ базми шеъру сурудро рушан карданд. Ин шабнишинӣ таҳти унвони "Хазонрези тиллоӣ" баргузор шуд ва дар он асосан асарҳои тозаэҷоди Темур Зулфиқоров, шеърҳо, тамсилҳо ва сурудҳои ӯ сароида шуданд.

temur-zulfiqorov_566566565.jpgТемур Зулфиқоров адиби тоҷики муқими Русия буда, дар ин кишвар ва берун аз  он шӯҳрату овоза дорад. Вай аз аввали солҳои 70 асри гузашта вориди саҳнаи адабиёт шудааст ва аввалин асари калонҳаҷми ӯ "Марги Амир Темур" ном дошт, ки соли 1971 бо забони русӣ интишор ёфт. То имрӯз адиби шинохта ба фарҳангу тамаддуни олам 20 китоби худро ба теъдоди бештар аз 20 миллон  эҳдо кардааст. 

Асарҳои Зулфиқоров дар пояи фалсафаи оламгири шарқ бунёд шудаанд ва ҳарчанд вай дар бораи қаҳрамони латифаҳои мардумии тоҷик Хоҷа Насриддин роман меофарад, вале он саропо олуда бо фалсафа аст. Муруре ба номгӯи асарҳои адиб хаёли касро ба он мебарад, ки Зулфиқоров ҳамеша ҷӯёи сарнавишти шахсиятҳои машҳур на танҳо аз Шарқе, ки худ зодаи он аст, балки сар то сари дунёст.

Коргоҳи эҷодии ӯ гоҳ аз нафаси Хайём дами тоза ёфтааст ва гоҳи дигар аз латоифу хушгӯиҳо Хоҷа Насриддин зебу зиннат дидааст. Вале гоҳи дигар дар ин коргоҳ Иван Грозний ва Амир Темури ланг ҳам ворид шудаанд. Аммо симои ин ду ҳам бо ҳамон фалсафаи шарқӣ мавриди офариниш қарор гирифтаанд.  Повести монументалии адиб дар бораи ҳаёти баъдазмаргии шоир барояш дар ғарб шуҳрати беандоза овард. Ин асараш бо ҷоизаи "Коллетс"-Британия барои "Беҳтарин романи Аврупо-93" қадр шуд.

Темур Зулфиқоровро, ки ғарбиён "Дантеи адабиёти рус" меноманд, ҳамчунин ба дарёфти ҷоизаи "Ясная Поляна" дар соли 2004, мукофоти "Беҳтарин китоби сол" (2005), ҷоизаи Антон Делвиг (соли 2008), мукофоти "Хартли-Мерилл" (Ҳолливуд) барои беҳтарин сенария (соли 1991) мушарраф гардида, соли 2011 дар панҷумин озмуни умумирусиягии шеърии "Пайғамбар Муҳаммад (с)-неъмат барои оламиён" (соли 2011) ғолиб омадааст.

Зулфиқоров ҳамчунин муаллифи зиёда аз 20 сенарияи филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатист, ки аксари онҳо дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Ашъори гаронмояи Темур Зулфиқоров бо 12 забони оламиён тарҷума ва китобҳояш ба теъдоди зиёд дар хориҷ аз Русия низ нашр шудаанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi