14:31:21 26-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Фурқати Саид: "Шашмақом" дар ҷомеъа мақоми арзанда дорад"

Чанде пеш дар ҳаёти овозхони хушсадо, оҳангсоз ва рӯзноманигор, раҳбари бадеии ансамбли давлатии Кумитаи  радио ва телевизиони ҷумҳурӣ "Шашмақом" Фурқати Саид воқеаи хурсандибахше рух дод. Ӯ бо фармони Президенти кишвар бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардид. Дар иртибот бо ин хабарнигори "Рӯзгор" Султони Ҳамад бо ӯ суҳбате доир намуд, ки муҳтавои он пешкаши хонандагони арҷманд мегардад.

1 furqat-saidov 545545-Унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон муборак, Фурқатуллоҳи азиз!

-Ташаккури зиёд устод.

-Агарчи ҳамагӣ ду моҳ пеш Шуморо бо ин унвон расман сарфароз гардонданд, вале медонем, ки мисли даҳҳо нафар дигар ҳамкасбони беунвони худ Шумо то ин вақт ҳам дер боз дар дилу дидаи алоқамандони мусиқии ноб хона карда будед.

-Аслан рисолати ҳунарманд тарона ва оҳангҳои дилнишин офаридан аст, ки солҳои сол муаррифгарӣӯ бошанд. Агар эҷоди суруд аз қалби ҳунарманд маъво гирад, ҳатман ба дили  мухлисону дӯстдорони ҳунар роҳ меёбад. Бояд гуфт, ки на ҳар тарона шӯри анҷуман мешавад, аммо чун ба асарҳои офаридаи Шариф Ҷӯра ё Аҳмад Зоҳир гӯш фароҳам меорӣ ба дунёи хаёлот ворид мегардӣ, ки чи тавр ин ду абармард тавонистаанд, бо садову ҳунари нотакрор ба дилу дидаи аҳли башар роҳ ёбанд. Ба андешаи ман ана ҳамин аст, вазифаи ҳунарманд, дар хумдони қалби мардум ҷо ёфтан. 

-Фурқатуллоҳ, ба ҳар ҳол бисёр мехостам, ки дар бораи чӣ гуна ба ҳунари мусиқӣ алоқаманд ва дил бастани худатон чанд сухан бигӯед. Ин муҳити оила буд ё ҳидояти кадом устоди ҳунари мусиқ ва ё омили дигар, ки шуморо ба ин водии афсонавӣ раҳнамун сохт?

-Қиблагоҳам Фатҳуллоҳ Саидов (равонашон шод бод) хонандаи сурудҳои мардумӣ буданд ва ҳар гоҳе, ки илҳоми овозхониашон боло мегирифт, дар муҳити хонаводагӣ таронаҳои руҳнавоз месароиданд ва ман бо шавқ ба авҷу фарориши нағмапардозиашон гӯш андохта, зери лаб бо падарам ҳамнаво мешудам. Ин садои осмонӣ маро кашон-кашон ба дунёи ҳунар овард ва нахуст сирри таронаҳои мақомсароиро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (бахши сарояндагони анъанавӣ) аз устодон Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов ва баъдҳо барои ба камол расидани ҳунари овозхониам устодам Субҳон Саидов саҳм гирифтанд, ки аз эшон сипосгузорам.

-Фурқат Саидро солҳои ҳаштодуму навадуми асри гузашта ситораи эстрадаи тоҷик мегуфтанд ва бархе аз мусиқишиносон ояндаи дурахшони ӯро дар эстрадаи тоҷик медиданд. Беҳтарин ва маъруфтарин овозхони насли ҷавони мусиқии тоҷик Садриддини Наҷмиддин имрӯз ҳам ошкоро мегӯяд, ки сеҳри садои Аҳмад Зоҳир ва таронаҳои Фурқати Саид ӯро ба ҷодаи мусиқӣ оварданд. Вале баръакси ин пешгӯиҳо мо имрӯз Фурқатро пойбанди мусиқии "Шашмақом" мебинем. Қулфи ин муамморо бароямон мекушоед?

-Воқеан банда солҳои зиёд барои мусиқии муосири тоҷик заҳматҳо кашидам ва таронаҳое офаридам, ки мақбули мардум гардиданд. Сабаби ба таронаҳои анъанавӣ, хоса "Шашмақом", рӯ овардани ман танҳо ва танҳо баҳси ду нафар буд, ки ҳар яке исбот кадан мехост, ки ин шоҳасар мансуби миллати ӯст.

Ин баҳс маро водор намуд, ки паи дарёфти асли мvсиқии суннатии тоҷик бошам ва дар ин самт, ба фикрам, баъзе гиреҳҳои ноаёнро кушодам, ки имрӯз дар хиёбонҳои пойтахт мардум бо дидани симои ман "Шашмақом" пеши назарашон ҷилва мекунад. Бояд қайд кунам, ки Садриддини Наҷмиддинро ҳам ба шӯъбаи анъанавии мусиқии тоҷик бурда будам, ки аз олами фарҳанги ниёгон баҳра бурда бошад, аммо бо сухани ноҷои яке аз омӯзгорон ин даргоҳро тарк кард. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, муҳим он аст, ки мо, ҳунармандон, кореро ба сомон бирасонем, ки барои ин миллату сарзаминамон мондагор бошад.  

-"Шашмақом". Дунёи ҳанӯз ба таври бояду шояд кашфнашудаи мусиқии ноб аст. Беш аз шаш сол аст, ки Фурқати Саид раҳбари бадеии ансамбли давлатии "Шашмақом"-и ба номи Ф.Шаҳобов аст. Дар ин муддат Фурқати Саид чӣ корҳоеро анҷом дод? Чӣ хидматеро барои рушди мусиқии "Шашмақом" ба сомон расонд?

2 furqat-saidov 545545-Нахуст қисматҳои созии мақомҳои "Бузург" ва "Рост"-ро бори аввал комилан дар хазина сабт намудем. Пораҳои дигари парокандаи қисматҳои овозии мақомҳоро ҳам аз нав эҳё карда истодаем. Таронаҳои тоза дар пардаҳои ин мvcиқии асил эҷод намудем. Ҳунарманди имрӯзи ансамбли "Шашмақом" аз ӯҳдаи сароидани аксар жанрҳои мусиқӣ ба осонӣ мебарояд, зеро фазои солими эҷодӣ фароҳам овардем.

Чанд барномаи консертӣ аз эҷодиёти устодони ҳунарӣ тоҷик, "Борбади сонӣ" (А.Ҷӯраев), "Устоди Шашмақом" (Ф.Шаҳобов), "Лаззати дидор" (Б.Ниёзов), "Хуршеди беғуруб" (З.Нозимов)-ро пешкаши мардум сохтем. Бояд зикр кунам, ки корҳои зиёди нотамоме пешорӯи мо истодаанд, ки бояд ба анҷом бирасонем. Орзуи ягонаи ман мактаби хониши тоҷиконае, ки дар ансамбл эҳё кардам, орӣ аз ҳама бегонасароиҳо нигаҳ бидорам, зеро ин суруду таронаҳои офарида аз ҷониби саромадони ҳунари тоҷик рӯи тораоҳанг омадаанд, бояд тоҷикона садо бидиҳанд.  

-Дирӯз  пири файласуфони Тоҷикистон, академик устод Мӯсо Диноршоев дар ҷамъе аз дӯстонашон гуфтанд, ки чанд рӯз пеш аз Тавилдара озими Душанбе шудам. Саломатиам хуб набуд. Фишор ғам медод. Тифоқо ронандаи мошине, ки маро бояд ба Душанбе меовард, сабти тозаи таронаҳои Шашмақомро доштааст. Бо шунидани ин мусиқӣ дар чанд соати роҳ саломатиам хуб шуд, фишори хун муътадил гардид… Бале, насли калонсол нафъу қадри Шашмақомро медонад. Насли ҷавон чӣ?

-Устод Мӯсо Диноршоев дар аксар барномарезиҳои ансамбли мо ширкат меварзанд ва дӯстдори ҳунарӣ ниёгонанд. Бояд гуфт, ки агар дари мvсиқии суннатиро ба рӯи мардум бубанданд, садҳо ва шояд ҳазорҳо сомеъони ин ҳунар ба маризӣ гирифтор шаванд, зеро табибон ҳатто гӯш кардани сурудҳои классикиро ба беморон ҳидоят медиҳанд.

Имсол хушбахтона, дар барномаи консертии мо, ки дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ мегузашт, Сарвари давлат ҳузур доштанд ва баъд аз тамошои консерт ба аҳли ҳунари ансамбл сано хонданду гуфтанд: "Аксар зиёиёни тоҷик пас аз рафтани ҳунармандони яҳудӣ садо баланд карданд, ки Шашмақом аз байн меравад, аммо барномаи имрӯза шаҳодат аз он медиҳад, ки модари тоҷик ҳоло намурдааст, фарзандони ба ору номусаш бори ин мусиқиро ба дӯш гирифтаанд" ва рӯи саҳна омада, дасти маро фишурданду (раҳбарии консертро бар ӯҳда доштам) гуфтанд: "Мо бо шумо ифтихор мекунем, шумоба гап нест, шогирдонро тарбия кунед. Аксар ҷавононро ҳам имрӯз мебинам, ки гӯш ба ин мусиқӣ мениҳанд, зеро онҳо меросбаранд, бояд ки моли гузаштагонашонро пос бидоранд".

ӣ кор кунем, ки Шашмақом мақоми аслии худро дар ҷомеъа касб кунад, мақбули дилҳо ва маҳбуби ҳар хонадон шавад?

-Аслан "Шашмақом" ба завқи шунаванда иртибот дорад ва мо наметавонем нафаре, ки аз шеъру оҳанги ноби ниёгон ноогоҳро сарзаниш кунем, ки ин мусиқиро гӯш кунад. Ман фикр мекунам, "Шашмақом" дар ҷомеъа мақоми арзанда дорад, ин танҳо гӯшҳои баъзеи мост, ки ба мvсиқии бегона одат кардааст. Рисолати хонандаи сурудҳои классикӣ ҳам он аст, ки тоҷикона сароида тавонад. Агар садо дарду сӯз дошта бошад, ҳатман мақбули тамошогар мегардад. Мо зи болоему боло меравем, мо наметавонем ин шоҳномаи орифонаро ба завқи мардуми кучӣ фарорем.

-Оё як сабаби суст рушд кардани мусиқии Шашмақом, бештар оммавӣ нагаштани Шашмақом дар он нест, ки дар ин мусиқӣ мо эҷодкориро камтар мебинем. Бештар таронаҳои мавҷударо иҷро мекунед, таронаҳоеро, ки даҳсолаҳо пеш эҷод шудаанд. Матни ин таронаҳо низ аксаран моли адабиёти классикианд. Оё намешавад, ки имрӯз ҳам дар чаҳорчӯба (ё пардаҳо)-и мақомҳои Шашмақом мусиқии тоза эҷод шавад ва дар ин таронаҳо матнҳои ба талаботи ҷомеъаи имрӯза мувофиқ истифода шаванд? Ин таронаҳо бо созҳои ҳозиразамон низ садо бидиҳанд?

-Ман ба андешаи Шумо розӣ буда наметавонам, зеро "Шашмақом" бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Точикистон ва Фармони Президенти Тоҷикистон оиди инкишофу тарғиби "Шашмақом" бо тозакориҳо рушд меёбад. Аксар мусиқиҳои шифоҳии мардумони Шарқ меросианд ва мо идомадиҳандаи ин ганҷи шойгон ҳастем. Мо имрӯз нусхаи шеърҳои асили суруду таронаҳоро болои оҳанг овардем, вазни арӯзро дар хониш риоя мекунем, пардаҳои мақомҳоро дар бастапардаи танбӯр муайян сохтем, тағаннисозиамон тоҷикона аст, магар ин тозакорӣ нест.

Имрӯзшеърҳоишоиронимуосир, М.Турсунзода, Лоиқ, М.Бахтӣ, Ворис, З.Атоӣзериоҳангҳоиклассикӣсадомедиҳанд. Дар пардаҳову усулҳои мақом сурудҳо эҷод шудаанд, ба монанди сикли "Ҳусайнӣ" аз панҷ суруд, "Талқин", "Қашқарча", "Соқинома" ва "Уфар"-и Насруллоӣ, "Ироқи Ҳисор", "Сувораи Ҳисор", "Ушшоқи Ҳисор", "Талқини Ироқ", "Насри Ироқ" ва ғайра. Имрӯз баъзе аз суруду таронаҳои классикиро бо созҳои барқӣ иҷро мекунем ва ҳамқадами замонем. Мо умед дорем, бо ҳифзу нигаҳдори аз ин мусиқӣ ба ормонҳои диламон мерасем.

-Мо низ дуо мекунем, ки ба ормонҳои дилатон бирасед. Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 16 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi