07:12:38 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Манас» дар таҳияи Шукурзода бо ҳуруфи форсӣ нашр мешавад

Мирзо Шукурзода, муҳаққиқ ва адиби маъруфи тоҷик мегӯяд, эпоси халқии мардуми қирғиз «Манас»-ро ба ҳуруфи форсӣ баргардон кардаву интизор меравад, ин ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ ба наздикӣ дар Қирғизистон мунташир гардад. Адиби тоҷик чанд муддат қабл бо ҳамин мақсад ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар дошт ва мегӯяд, ки масъулини дахлдори ин кишвар барои нашри шоҳасари адабиёти шифоҳиашон изҳори омодагӣ кардаанд.

2.manas-656565665Мирзо Шукурзода муаллифи бештар аз 20 китоби илмиву адабӣ буда, ҳамчунин дар бахши таҳқиқи иртиботи адабиёти форсиву туркӣ корҳои назаррасе анҷом додааст. Замоне, ки чанд муддат ба ҳайси муҳоҷир дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ ва фаъолият мекард адабиёти қирғизро дар ин кишвар тарғиб намуд ва дар ин росто маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматовро ҳам ба забони форсӣ тарҷума ва нашр кард.

Ӯ ҳанӯз соли 1994-ум дар интишороти «Алҳудо»-и Эрон қисми аслии эпоси «Манас»-ро бо ҳуруфи форсӣ нашр намуда, ки ин асар дар байни хонандагони эронӣ аз маҳбубияти хосса бархӯрдор шудааст. Интишороти «Алҳудо» хостори нашри пурраи ин шоҳасари ҷаҳонӣ ҳам буда, аммо бозгашти Шукурзода ба Тоҷикистон боиси он шудааст, ки нашри комили ин китоб сурат нагирад.

Мирзо Шукурзода мегӯяд, имрӯз ин китоб дар шакли комил ба форсӣ таҳия шудаву нашри он дар роҳи шинос кардани мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон ба ин китоби безавол хидмати арзанда хоҳад кард.

1.manas-656565665Эпоси «Манас»-ро ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ тарҷумони маъруфи тоҷик Аслам Адҳам ба тоҷикӣ тарҷума карда буд, аммо Мирзо Шукурзода мегӯяд, вақти баргардон ӯ дар баробари тарҷумаи Аслам Адҳам ҳамчунин бо усули муқоиса аз тарҷумаҳои русиву ӯзбекии асар кор бурдааст. Эпоси халқии қирғизҳо «Манас» миёни ёдгориҳои назми эпикии халкҳои ҷаҳон мақоми махсус дорад ва он чун роҳнамои ҳаёти маънавии халқи қирғиз давоми асрҳои зиёд маъруфияти худро нигоҳ доштаву имрӯз низ ҳар хонадони қирғиз метавонад ин ё он мазмун ё қисмати ин эпосро бозгӯ намояд.

Эпоси «Манас» аз ҷиҳати ҳаҷм низ муҳташам буда, дар бораи рӯзгору аҳволи се насли қахрамон – Манас, писараш Семитей ва набераи ӯ Сойтек маълумот медиҳад. Дар он ҳамаи пахлӯҳои ҳаёти таърихии халқи қирғиз инъикоси худро пайдо кардааст. Ҳодисаву воқеаҳои «Манас» асосан бархӯрдҳои байниҳамии қабилаҳои кирғиз ва набардҳои онҳо бо истилогарони бегона, ғорати тарафайни рамаву гала, мусобиқати сахти сарватмандони бо ҳам ҷангӣ, ғолибият ва мағлубият, барпо намудани маърака ва ҷашнҳои серодам буда, ғояи аслии асар кӯшиши муттаҳидсозии қабилаҳои қирғиз маънидод мешавад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 09 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi