11:03:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

90 соли Аминҷон Шукӯҳӣ

Шоир ва нависандаи шинохта, ходими намоёни давлатӣ Аминҷон Шукуҳӣ навадсола мешавад. Барои гиромидошти хотираи ӯ ҳукумати вилояти Суғд баргузории силсилачорабиниҳоеро роҳандозӣ намудаву ҳайатеро барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабиниҳои ҷашнӣ муваззаф кардааст. Ахиран эълон гардид, ки бо қарори ҳукумати вилоят китобхонаи бачагонаи шаҳри Хуҷанд номи Аминҷон Шукуҳиро гирифт.

a.shukuhi 545444Аминҷон Шукуҳӣ солҳои 60 ва 70 асри гузашта кору эҷод кардаст. Вай соли 1923 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Аввал курси омӯзгориро дар шаҳри Хуҷанд ва сипас, соли 1955 факултаи журналистикаи мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Маскавро хатм кардааст. Муддате  муовини сардабири рӯзномаҳои "Ҳақиқати Ленинобод" (ҳозира "Ҳақиқати Суғд"), "Тоҷикистон советӣ" ("Ҷумҳурият"-и кунунӣ), котиб, муовини раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Аз соли 1967 то 1976 раиси кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба ӯҳда доштааст.

Дар замони дар қайди ҳаёт будан адиб асарҳояшро бо номҳои "Кӯчабоғи ошиқон", "Суруди чашма", "Ватани сулҳ", "Об аз куҷо меояд?", "Нафаси гарм", "Чормағз", "Асад ва Самад" чоп кардааст. Аз ӯ ҳамчунин повесте ба ёдгор мондааст, ки бо номи "Шаҳло ва Шифо" бо ҳаммуаллифии Ҳилолиён Аскар эҷод кардааст.

Муҳаққиқони осораш мегӯянд шеъру достон ва асарҳои насрии ӯ бо забони русӣ ҳам тарҷумаву нашр шудаанд. Ба кӯшиши писари хурдии адиб Каримҷон Ҳоҷибоев ва ҳамсараш Муҳаббат Ҳоҷибоева, ки ҳоло муқими Амрико мебошанд, достони "Об аз куҷо меояд?" бо забони инглисӣ тарҷума ва дар ИМА чоп шудааст.  

Мегӯянд адиби шинохта марги бармаҳали духтараш Наҷминиссоро, ки дар синни 27-солагӣ тарки олам карда буд, таҳаммул накард ва хеле ҷавон, айёме, ки аз бӯстони 56-уми умр гул мечид, бар асари хунравӣ аз мағзи сар, дар шаҳри Душанбе, ки басо дӯст медошту вассофу таронасарои хиёбону гулгаштҳои ошиқонаш буд, дида аз дунё барбаст ва ба раҳмати Ҳақ пайваст.

Аммо то ба имрӯз танҳо асарҳое, ки замони дар ҳаёт будан худи адиб омода ва чоп кардааст, дигар чизи тозае аз ӯ интишор нашудааст. Бино ба гуфтаи пайвандонаш дастхату китобҳои интишорнашуда ва умумман бойгонии мавриди омӯзишу пажуҳиш қарорнагирифтаи ӯ ба пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳо супурда шуда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба кадом сабабе он оташ гирифт ва аз байн рафт.

Ҳукумати вилояти Суғд соли 2003 ба шарафи 80-умин солгарди адиб китоби ӯро бо номи "Баргҳои тиллоӣ" интишор дод ва соли 2011 бошад "Чормағз" ном китоби дубайтиҳои шоир низ аз чоп баромад. Дар Душанбе адибон хотироти худро дар бораи ин абармарди нотакрори адабиёту фарҳанг  бо номи "Ёди Шукуҳӣ" ба нашр расонданд.  

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi