06:25:10 20-уми Ноябри 2026 сол

Аз тиҷорат то технологияҳои рақамӣ: Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо мақоми ВКХ Умон дар Масқат

Дар шаҳри Масқат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо сардори Раёсати савдои байналмилалӣ, иқтисод ва технологияҳои рақамии Вазорати корҳои хориҷии Умон хонум Туфул бинти Абдуллоҳ Аз-Заҳаб баргузор гардид.

1_khabar_4545784154545Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Умон, дар ин нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоягузорӣ ва технологияҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни гуфтугӯҳо ба нуктаҳои калидии зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд:

- Баррасии имкониятҳои мавҷуда барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар.

- Табодули афкор оид ба роҳандозӣ ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобили судманд дар самти технологияҳои рақамӣ.

- Муайян намудани самтҳои нави шарокати дуҷониба, ки ба манфиати рушди иқтисодии ҳар ду давлат нигаронида шудаанд.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ