САИДВАЛӢ ӮЗБЕКОВ БОЗДОШТ ШУД
01.02.2013 23:39
1263
Собиқ намояндаи мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шудааст. Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ намояндаи мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси вилояти Хатлон, ки аз соли 2001 ба ин сӯ дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад, аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шудааст.
НИГАРОНИИ ДЕВОНАЕВ АЗ АФЗОИШИ МУҲОҶИРОНИ НОБОЛИҒ
31.01.2013 21:23
1509
Раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, феълан 74 ҳазор ноболиғи тоҷик дар Русия ба корҳои сиёҳ машғуланд.
"ДУШАНБЕВУ БИШКЕК ҲАССОСИЯТИ МАРЗҲОИ ДАЪВОИРО ДАРК МЕКУНАНД"
31.01.2013 21:21
1521
Музокироти комиссияи муштараки марзбандии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар Бишкек баргузор шуд ва мебоист сарнавишти 40 километр хатти сарҳадро мушаххас кунад, бидуни ҳеҷ созиш поён ёфт. Вале ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки баррасии ин масъула акнун ...
ДОДГОҲ УЗРХОҲИИ МУҲИДДИН КАБИРИРО ТАЛАБ КАРД
30.01.2013 20:34
1756
Бузургмеҳр Ёров, вакил мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ ба мо гуфт, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи сешанбе қарори худ дар мавриди баҳси шаҳрдории Душанбе ...
ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ: МУШКИЛОТ БО УЗБАКИСТОН ҲАЛ ШУДАНД
29.01.2013 19:54
1105
Душанбе мегӯяд, монеаҳо зимни вуруди мошинҳои боркаш аз Эрону Туркия тавассути қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон, бартараф шудаанд. Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки мушкилоти ...
ҶАНҶОЛИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ДАР БОДКАНД
29.01.2013 19:50
1205
Дар ҷануби Қирғизистон миёни ҷавонони тоҷик ва қирғиз ҷанҷол ба вуқӯъ пайвастааст. Шаби душанбе дар назди фурӯшгоҳи деҳаи Кӯктоши вилояти Бодканди Қирғизистон задухӯрде миёни ҷавонони маҳаллӣ бо як гурӯҳ ҷавонон аз деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ба амал омадааст.
БОЗДОШТИ 4 НАФАР ДАР РОБИТА БА ҲОДИСАҲОИ МАСТЧОҲ
28.01.2013 16:21
1185
Мақомоти интизомии Тоҷикистон чаҳор танро ба иттиҳоми хабар надодан аз ҷои пинҳон шудани аъзои гуруҳҳои тундрав, боздошт кардаанд.Маҳмудулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ ба мо гуфт, ки кормандони ...
ЭҲТИМОЛИ ПУЛАКӢ ШУДАНИ РОҲҲОИ НАВБУНЁД ДАР ТОҶИКИСТОН
28.01.2013 16:08
1115
Вазири нақлиёти Тоҷикистон пулакӣ шудани роҳҳоеро, ки бо сармояи хориҷӣ сохта мешаванд, аз эҳтимол дур намедонад. Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 28 –уми январ, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе, эҳтимоли пулакӣ шудани роҳҳои навбунёдро таъйид кард.
ҲАЛОКАТИ 245 НАФАР ДАР МАҲФИЛИ ДОНИШҶӮЁН ДАР БРАЗИЛИЯ
28.01.2013 15:23
1107
Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар як клуби шабонаи шаҳри Санта-Мария, воқеъ дар ҷануби Бразилия, ба 245 нафар расид. Даҳҳо нафари дигар дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шудаанд.
АЗ ҚАТОРИ ДУШАНБЕ-МАСКАВ 27 КИЛО ҲЕРОИН МУСОДИРА КАРДАНД
28.01.2013 15:20
1055
Дар вилояти Астрахан ё Аштархони Русия марзбонони ин кишвар аз махфигоҳе дар қатори Душанбе-Маскав 27 кило ҳероин мусодира кардаанд. Дар ин бора Ирина Ғафурова-намояндаи раёсати марзбонии минтақа ба матбуоти Русия хабар додааст.
ТЕҲРОН АЗ МАВҚУФ ГУЗОШТАНИ МУЗОКИРОТ ИНТИҚОД КАРД
27.01.2013 12:53
1174
Мақомоти эронӣ кишварҳои абарқудратро дар он айбдор намуданд, ки санаи баргузории музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишварро то моҳи феврал мавқуф гузоштанд.
МИЛОШ ЗЕМАН РАИСИҶУМҲУРИ ЧЕХИЯ ИНТИХОБ ШУДААСТ
27.01.2013 12:51
1143
Бар пояи иттилоии пешакӣ, нахуствазири пешини Ҷумҳурии Чех раисиҷумҳури ин кишвар интихоб гардидааст.
ҲАЛОКАТИ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР СӮХТОРИ МАСКАВ
27.01.2013 10:25
1110
Дар пайи сӯхтори бинои навбунёде дар қисмати ҷанубуғарби пойтахти Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон низ ҷон бохтаанд.Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар пайи сӯхтори рӯзи шанбе (26-уми январ) дар кӯчаи Херсонскии ...
ВИЛОЯТӢ: ҲАМЛА БА СУРИЯ, ҲАМЛА БА ЭРОН АСТ
26.01.2013 16:39
1107
Мушовири умури байналмилалии раҳбари Эрон кишварҳои ғарбиро ҳушдор додааст, ки «ҳамла ба Сурия, ҳамла ба Эрон» ба шумор меравад.Али Акбар Вилоятӣ, мушовири умури байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо ...
"КОМ-ЭЙР" БАРОИ ҚОЧОҚИ МУХАДДИРОТ БА ТОҶИКИСТОН "СИЁҲ" ШУД
25.01.2013 19:03
1210
Низомиҳои Амрико “Ком Эйр”- бузургтарин ширкати хусусии ҳавопаймоии Афғонистонро ба рӯйхати сиёҳ даровардаанд. Ба қавли низомиёни ИМА ин ширкат миқдори зиёди маводи мухаддирро тавассути парвозҳои мулкӣ ба Тоҷикистон, ки ба қавли ...
















