00:45:46 13-уми Сентябри 2026 сол

Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо Вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Арабии Миср Ҷавҳар Набил мулоқот намуд.

tojikistaon misr 124587Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории судманд дар соҳаи варзиш ва ҷавонон, бахусус сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти оммавигардонии варзишу тарзи ҳаёти солим ва дастгирии ҷавононро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба қабули Қатъномаи байналмилалӣ дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ташрифи ҳайатҳои ҷавонону дастаҳои варзишӣ ба чорабиниҳои варзишии ҳамдигар ва таҳкими дипломатияи варзишӣ, инчунин баргузории Форуми ҷавонони Тоҷикистону Миср ба хотири муттаҳидшавии наврасону ҷавонони ду мамлакат гуфтугӯ карданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ