04:39:43 17-уми Августи 2026 сол
Дар Вашингтон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардиданд 08.11.2025 13:48 750
Дар шаҳри Вашингтон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Дафтари кор бо Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур баргузор гардид.
Дар Москва нишасти сездаҳуми котибони Шурои амнияти кишварҳои ИДМ баргузор шуд 08.11.2025 13:46 764
5 ноябр дар шаҳри Москва нишасти сездаҳуми котибони Шурои амнияти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд.
Мулоқот бо Cафири фавқулода ва мухтори Ҷопон 02.11.2025 12:03 603
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурутаро ба ҳузур пазируфт.
Мулоқот бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 02.11.2025 12:01 584
Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон мулоқот анҷом дод.
Вохӯрӣ бо намояндаи доимии Барномаи рушди СММ 02.11.2025 12:00 527
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (UNDP) дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷиро ба ҳузур пазируфт.
Мулоқот бо Cафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 02.11.2025 11:58 531
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер мулоқот анҷом дод.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои илму маориф баррасӣ шуд 25.10.2025 14:40 735
23 октябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Вазири маориф ва таҳсилоти олии Қатар хонум Лулва бинти Рошид Ал-Хотир ва директори генералии Фонди рушди Қатар Фаҳад Ҳамад Ал-Сулайтӣ баргузор гардид.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид 25.10.2025 14:38 696
22-ми октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид.
Мулоқоти ҳамраисони комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон 25.10.2025 14:37 667
Дар ҳошияи ҷаласаи панҷуми Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об мулоқоти ҳамраисони Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ –вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ баргузор гардид.
Мулоқоти Вазир бо муовини Сарвазири Федератсияи Русия 19.10.2025 11:35 571
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия бо муовини Сарвазири Федератсияи Русия Александр Новак мулоқот анҷом дод.
Шоми Дӯстӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 11.10.2025 12:51 881
Шоми рӯзи 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори роҳбарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишҳои Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бӯстонсарои шаҳрии ҳукуматӣ зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Нишасти матбуотии сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия 11.10.2025 12:46 791
Пас аз маросими имзову табодули санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин нишасти матбуотӣ ороста, зимнан аз натиҷаҳои мулоқоти музокироти давлатии сатҳи олӣ изҳори қаноат намуданд.
Посол России: Визит Президента Эмомали Рахмона в Москву «продемонстрировал устойчивость отношений» 29.09.2025 22:41 1971
Предстоящий государственный визит Президента России Владимира Путина в Душанбе является знаком «высокой оценки роли Душанбе в обеспечении региональной безопасности». Такую оценку в эксклюзивном интервью информационному порталу «Рузгор.tj» ...
Тоҷикистон дар Фестивали умумиҷаҳонӣ ширкат варзид 26.09.2025 11:40 749
Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, ҷавонони тоҷик дар бахшҳои илм, фарҳанг, варзиш, рӯзноманигорӣ ва фанноварӣ дар «Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон - 2025» дар Нижний Новгороди Русия ширкат карданд.
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш 25.09.2025 15:56 616
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.