03:24:27 18-уми Сентябри 2026 сол

ФАЙЛАСУФЕ БО ҚАЛБИ ШОИР ВА ШОИРЕ БО ДИДИ ФАЙЛАСУФ - II

(Идома)

Қисмати аввали мусоҳибаро инҷо метавон дарёфт!

- Шеъри Шумо «Дар оғӯши ту мемирам» бо овози Нигина Амонқулова хеле маҳбуб шуд. Таърихи эҷоди ин шеър чӣ гуна буд ва вақте аввалин бор онро бо оҳанг шунидед, чӣ ҳиссиёте доштед?

2 ustod badalipur 45451245- Шеъри "Дар оғӯши ту мемирам" қариб 20 сол пеш эҷод шуд. Аз он ки ҳунарманди маҳбуб Тобиши азиз онро ба оҳанг даровардан ва хонум Нигина Амонқулова бо як маҳорати олӣ ва садои марғубу дилнишине месарояд, банда хеле хушҳолам. Ин суруд аз тарафи овозхонони зиёд ва ҳатто одамони касбу кори гуногун дар гӯшаву канори дунё бозхонӣ ва матни он ба чанд забон тарҷума шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ миллионҳо нафар лайк мондаасту шарҳ навиштаанд. Аҷибаш ин аст ин суруд бо бозхонии овозхони эронӣ Оршавин дар 32 серияи филми ”Гузал”-и туркӣ дар охираш бо тасвири як манзараи фалсафии ишқу муҳаббати воқеии дилтасхиркунанда хонда мешавад. Банда хушнудам, ки санъаткорони маъруфи кишвар ба зиёда аз 30 шеъри ман оҳанг бастаанд.

Ба назари ман ҳама оҳангҳо хеле самимӣ ва дилнишин ҳастанд. Посухи ин суол аз назари ҷомеа равшан мешавад. Умри ин ҳунармандон дароз бод!

- Вақте ки сурудхонҳо ба шеърҳои Шумо оҳанг мебанданд, оё ҳамеша аз интихоби сабк ва тарзи иҷрои онҳо розиед? Кадом суруд дар асоси шеъри Шумо ба дили худатон наздиктар аст?

- Барои ман ҳама оҳангҳои басташуда ба шеърҳоям аз ҷониби санъатварон муҳтарам аст. Ман ба заҳмату эҷоди ҳар яке аз онҳо арҷ мегузорам. Вале аз миён шеъре, ки ҳунарманди наврас Алимуҳаммад Фақиров дар бораи модар мехонад, хеле бароям таъсирбахш аст. Лаҳни хушу форами ин навраси соҳибистеъдод ва синну солаш дунёи кӯдакию ҷавониамро ба хотир меоварад ва бо гӯш кардани ин суруд даҳҳо бор гиристам. Таърихи эҷоди ин шеър ҳам боиси зикр аст. Вақте падари ӯ аз ман хоҳиш кард, ки барои писараш дар доираи завқу ҷаҳонбинии ӯ шеъре дар ин мавзуъ пешкаш намоям, шигифтзада шудам, чун ҳама ашъорам дар васфи модар марсияҳое ҳастанд, ки баъди марги ӯ гуфта шудаанд. Ба ҳар ҳол ин таклифи эшон оромам нагузошт ва ин мисраъҳоро эҷод кардам:

Чи хуш ҳар лаҳза дидан рӯи Модар,

Рухи чун моҳи шаб хушрӯи Модар.

Бибӯӣ гар ҳама гулҳои олам,

Надорад бӯи хуш чун бӯи Модар.

Ман аз баъди Худо чун қиблаи дил,

Намозам мегузорам сӯи Модар.

Маро давлат, маро сарват ҳамин бас,

Нишинам соате паҳлӯи Модар.

Бигардад роҳати дунё насибам,

Даме монам сарам зонӯи Модар.

Зи рӯи ҳар касе серам, валекин

Нагардам ҳеҷ сер аз рӯи Модар,

Шавам дарё зи ҳар як қатраобе,

Ки менӯшам ман аз он ҷӯйи Модар.

ИРФОН, ТАСАВВУФ ВА КИТОБИ «ҶИЛОИ ОИНАҲО»

- Китоби Шумо «Ҷилои оинаҳо» ба орифони бузург бахшида шудааст. Чаро омӯзиши ҳаёти Шайх Абдураҳими Давлат, Эшони Абдарраҳмонҷон ва Шайх Қамариддини Дарвозӣ барои ҷомеаи имрӯзаи мо муҳим аст

Мавзуе, ки дар ин китоб мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додаем, ба тасаввуф ва ирфон иртибот дошта, ҳаёт ва фаъолияти орифони машҳур Шайх Абдурраҳими Давлат (1881-1947), Эшони Абдурраҳмонҷон ибни Эшони Порсохоҷа (1920-1991) ва муриди онҳо Шайх Қамариддини Дарвозӣ (1945-2009)-ро фаро мегирад.

Онҳо аз ҷумлаи намояндагони барҷастаи аҳли тасаввуфу ирфон ва пешвоёни тариқати нақшбандия мебошанд, ки дар замони муосир зиндагонӣ кардаанд. Таъкиди ин нукта бамаврид аст, ки дар бораи шахсияти ду рӯҳонии маъруф – Шайх Абдурраҳими Давлат ва Эшони Абдурраҳмонҷон ибни Эшони Порсохоҷа муаллиф бо пешниҳод ва дастуроти шодравон Шайх Қамариддини Дарвозӣ ва ҳаммуаллифии ӯ қаблан ду рисолаи илмӣ бо унвонҳои «Кашф-ул-асрор» дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Шайх Абдурраҳими Давлат, маъруф бо тахаллуси «Ҳазрати Бузургвор» (соли 2000) ва «Зиндагиномаи ҳазрати Эшони Абдурраҳмонҷон ибни Эшони Порсохоҷа» (соли 2003) ба нашр расонида будам. Тайи ин муддат дар кишвари азизи мо таҳаввулоти азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангию динӣ рух доданд ва бо таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар шароити Истиқлол қадами бузурге барои бунёди давлати миллии хеш гузоштем. Бо шарофати роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти миллати мо, аз ҷумла, ҳаёти диниамон дигаргуниҳои чашмрасе ба вуқӯъ пайвастанд. Пешвои миллат дар қатори корҳои шоиста ва таърихию сарнавиштсоз барои пешрафту шукуфоии миллату давлат, эҳтиром ва таваҷҷуҳи хосса нисбат ба арзишҳои диниию мазҳабии миллат ва бахусус, шахсиятҳои бузурги фарҳангии динӣ, орифон, донишмандон ва рӯҳониёни сунннатии гузаштаву имрӯз дорад. Банда ҳангоми таълифи китоби «Муқаддимаи қуръоншиносӣ» (соли 2013) дар сарсухани он чунин суханонро нигошта будам: «Ҷаҳду талошҳои Сардори давлат аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ шоёни таҳсин ва офарин буда, намунаи олии таҷассуми эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, адабиёт, дин ва арзишҳои миллиамон мебошад. Хусусуан, таваҷҷуҳи хосса ба муқаддасоти дини мубини Ислом, чопи чандинкаратаи Қуръони карим ба хатти сириллик, таъсиси Маркази исломшиносӣ, ободу зебо кардани оромгоҳҳои шахсиятҳои бузурги исломӣ, нутқу баромадҳои муфиду судманд дар конфронсу нишастҳо, ҷаласаҳо ва вохӯриҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз гомҳои асили ӯ дар ин ҷода дарак медиҳанд. Ҳанӯз дар Конфронси исломӣ дар шаҳри Макка, моҳи декабри соли 2005 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси арзиши тамаддун ва фарҳанги ислом чунин нуктаҳоро иброз намуда буданд: «Меъёри возеҳ ва воқеан арзишманди тамаддуни исломӣ рӯҳи эҷодкори шоҳкориҳои маънавӣ, фарҳангӣ, илмӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ буд. Маҳз дар партави ин рӯҳи муборак даҳҳо нобиға ва бузургон чун хуршеди дурахшон тулӯъ намуданд»

Дар партави ин суханонаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтирому арҷгузориро ба арзишу фарҳанги миллӣ раванди асосии худшиносии миллӣ дониста, дар ин хусус мегӯяд: «Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро сӯйи асолат ва ҳувияти миллӣ роҳнамоӣ карда, роҳи душвори давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро бароямон осонтар мегардонад. Ба ҳамин хотир, мо дар тӯли солҳои истиқлолият ба омӯзиши амиқ ва таҳқиқу таблиғи таърихи пурифтихори миллатамон рӯ овардем. Ин кор барои мо натанҳо ифтихор аст, балки мактаби фарогирии таҷрибаи таърихӣ ва дарки маърифати давлатдории ниёгон барои имрӯзу фардои миллатамон мебошад. Раванди пурвусъати худшиносӣ барои дарки арзишҳои фарҳанги миллӣ ва диниамон заминаи мусоид фароҳам оварда, ваҳдату сарҷамъии моро густариши бештар медиҳад».

Ҳақиқатро бояд гуфт ва эътироф кард, ки донишмандону пешвоёни дини мубораки ислом ба ҳайси афроди барӯманди миллат, ки аслан пешвоёну тарғибгарони арзишҳои волои дини мубини Ислом дар такя бо таълимоти инсонсози Қуръон ва суннати Расулаллоҳ (с) буданд, дар таърихи шебу фарози миллат кам нестанд. Рӯҳониёни бофазлу донишманд, соҳибхираду соҳибтақво дар ҳама давру замонҳо чун намоди ахлоқи ҳамидаву накӯ, худшиносию Худошиносӣ ва покию ростӣ барои ҷомеаи муслимин буданд ва ҳастанд. Хидмати эшон дар тарбияти маънавию покизагии ахлоқи афроди ҷомеа хеле барҷаста ва боиси арҷгузорию эҳтиром аст. Ин бузургони роҳи Ҳақ дину шариатро на василаи рӯзгузаронӣ, маишату роҳат ва авомфиребию чоплусӣ, балки чун василаи дониш, маърифат, таълиму тарбият, маориф, ҷаҳоншиносӣ ва умуман, боло бурдани хиради инсонӣ баҳри таъмини саодати дунё ва охират шинохтаанду истифода бурдаанд ва талқину ташвиқ намудаанд. Онҳо ҳамагон аз таълимот, ҳикмату фалсафаи Қуръон ва суннат, ҳақоиқ, назокату латофати шариати исломӣ баҳраманду бархурдор ва роҳнамои мардум буданд. Натиҷаи ҳамин донишу хирад, тақвову парҳезгорӣ, озодагию ворастагӣ буд, ки бузургони гузаштаи мо назарияи “инсони комил”-ро дар таърихи афкори башарӣ ба миён оварданд ва дар маҳди он садҳо нобиғаҳоро парваришу тарбият намуданд. Ин таълимоти инсонсоз дар ҳама шохаҳои афкори ҷамъияти асримиёнагии мардуми форсу тоҷик – фалсафа, адабиёт, фарҳанг, ахлоқ, дин ва ғайра чунон таъсир ва нуфузи барҷастаро молик шуд, ки асоси ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии мардум гардид. Аз ин ҷост, ки дар таърихи фарҳангу адаби мо афроде, ки ба дараҷаи олии худшиносӣ ва соҳибмаърифатию ворастагӣ расиданд, бо унвони “марди тамом”, “зиндадил”, “дарёдил”, “вораста”, “сарамард”, “фарзонамард”, “озодмард” ва ғайра ёдоварӣ шудаанд.

Ба замми ин китобу рисолаҳои дар мавзӯоти гуногуни динӣ интишорнамудаи онҳо, мавъизаву суханони пандомезу пурҳикмати бисёре аз рӯҳониёни бофазлу хирад ҳамеша дар тарбияи маънавӣ ва маърифати афроди ҷомеа дар роҳи худогоҳию худшиносӣ ва соҳиби ахлоқи ҳамида гаштан хадамоти назаррас анҷом додаанд. Мо рӯҳониёни зиёде дорем, ки аз суҳбату ҳамнишинӣ бо эшон ҳаловати маънавӣ ва рӯҳӣ ҳосил менамоӣ, рафтору амалашон намунаи ибрат аст, вале, мутаасифона, ақаллият ва ангуштшуморанд.

Шукри Худованд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо уфуқҳои наверо дар шинохт, асолату ҳифозати фарҳанги миллӣ боз намуд, ки беҳтарин роҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллист. Аз ин рӯ, масъулияти фарҳангиёну равшанфикрон ва олимону донишмандон ҳамчун парчамбардори ин роҳ дар шароити кунунӣ даҳчанд меафзояд, то ки ин ганҷи шойгон ва ин ганҷури маънавиро омӯзиши ҳаматарафа намоянд ва ба хидмати халқ гузоранд.

Устоди зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурӣ барҳақ гуфтаанд, ки агар бақои умри миллатро хоҳонем, зарур аст, ки таҳсилот аз оғоз то анҷом бо маънавият ва фарҳанги миллӣ фаро гирифта шуда бошад. Ба назар мерасад, ки дар охири синфҳои мактаби миёна ва дар донишгоҳҳо дарси таърихи фарҳанги маънавӣ ҷорӣ кардан лозим аст. Дар ин дарс бояд муҳимтарин омӯзаҳои гузаштагон, чунончи омӯзаҳои Ихвонуссафо, Форобӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Хайём, Носири Хусрав, Суҳравардӣ, Насируддини Тӯсӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Абдулқодири Ҷелонӣ, Хоҷа Аҳрор, Аҳмади Дониш, Ҷамолуддини Афғонӣ, Маҳмуди Тарзӣ, Беҳбудӣ, Иқбол ва монанди инҳо баррасӣ шавад. Дар ин омӯзаҳо ақлу заковати миллат гирд омадааст ва ба таҳаввули фарҳангии миллат таъсири зиёд дорад. Таърихи фарҳанги маънавӣ хирадномаи миллат аст ва онро бояд дастраси миллат намуд, ба хидмати миллат бояд гузошт. Хеҷ мумкин нест, ки наслҳои наврас илму фанни замонро аз худ бикунанд, вале аз хирадномаи миллат бехабар бимонанд.

Аз рӯйи инсоф ва адолат аст, қоил шавем ва бигӯем, ки на ҳама он назариёт ва нақлу ривоёти муболиғаомези дар тасаввуф ва ирфон арзашуда, ҳамзамон, тарғибу ташвиқ ва рафтору кирдори узлату гӯшанишинӣ, зиндагиии фақиронаю хоксорона ва аз воқеияту ҳақиқат дур имрӯз қобили қабул аст. Вале афкору андешаҳои зиёди ахлоқию гносеологии инсонсозу инсонгарона (гуманистон)-и намояндагони ин мактаб, аз қабили покӣ, ростӣ, ҷавонмардӣ, ҳиммат, сабр, маърифат, фаросат, худшиносӣ, худошиносӣ, инсоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, тақводорӣ, андешамандӣ, зикр, сидқ, ихлос, таваккул, муҳаббат, ишқ, дӯстӣ, ризо, шукр, шикастанафасӣ, луқмаи ҳалол ва ғайраву ҳоказо, ки тараннумгари ғояҳои инсони комил мебошанд ва дар баробари ин, мазаммату дурӣ аз тамоми сифатҳо ва ахлоқи разила, ба монанди дурӯғгӯӣ, баднафсӣ, дурӯягӣ, мунофиқӣ, кибр, ҳирс, тамаъ, шаҳват, ғофилӣ, танбалӣ, бахилӣ, риёкорӣ, золимӣ, мумсикӣ, шитобзадагӣ, хашму ғазаб, ҳавову ҳаваси нафсонӣ ва ғ., ки ба қавли Беҳрӯзи Забеҳулло, “дар батни ҳикмати беназир ва дилпазирашон воқеияти зиндагӣ ва андешаҳои ростини он бузургворон нуҳуфтааст”, бешак, дар роҳи тарбияти ахлоқию маънавии ҷомеа, бахусус, насли наврас ва ҷавонон арзиш ва аҳаммияти бузургро молик аст. Ҳама даъвати эшон ба пок зистану пок будан аст, ки ба гуфти Саъдии Шерозӣ:

Чу пок офаридат ба ҳуш бошу пок,

Ки нанг аст нопок рафтан ба хок.

- «Ҷилои оинаҳо» барои хонанда чиро равшан мекунад? Сирри асосии ин оинаҳо дар чист?

- Баррасии рӯзгору осори се шахсияти маъруфи исломӣ дар рисола хонандаро бо мавқеи рӯҳониёни суннатӣ, осору эҷод, арзишмандии мактаб ва рафтору амали онҳо дар такмилу ташаккули ахлоқ ва маънавиёти ҷомеа ошно месозад. Ба гунаи мисол, Шайх Абдурраҳими Давлат 12 китоб дар мавзуоти динию ирфонӣ ва тасаввуф, Эшони Абдурраҳмонҷон мероси пурғановати ахлоқию тарбиявӣ ва дастнависии девони ашъори бузургони гузашта ба хатти форсӣ, Шайх Қамариддини Дарвозӣ низ таълифоти арзишманд дар шакли панду гуфтори орифона ва хушнависӣ (хаттотии барҷаста)-и зиёде ба мерос гузоштаанд. Хусусияти фарҳанги зиндагии мо мардуми мусулмон аз он иборат аст, ки дар симои олимону донишмандон ва рӯҳониёни маъруфи исломӣ, пешвоёни дини шариати худ, шахсиятҳои соҳибтақвову соҳибмаърифат, худшиносу худошиносро мебинем. Ҳикмат ин аст, ки ба пешвоёни динӣ ва рӯҳониёни маъруф қариб тамоми қишрҳои ҷомеа эҳтироми хосса доранд, ба амалу рафтор ва сухани онҳо эътимод менамоянд, дар симои онҳо посдорандагони арзишҳои исломиро мебинанд.

Таҳлилу баррасии мавзуоти рисола имконият медиҳад, ки ба ҷанбаҳои гуногуни таълимоти тасаввуфу ирфон, бахусус ҷараёни нақшбандия, ошноии комил пайдо намоем ва арзишҳои фарҳанги динии ҳувиятсози миллатро ҳамчун василаи тарғибу ташвиқи ваҳдату ҳамбастагӣ ва иттиҳоду иттифоқи миллат истифода барем. Ҷанбаҳои гуногуни таълимоти ахлоқӣ, фалсафӣ, фарҳангию динии тасаввуф, ирфон ва тариқати нақшбандия, ки ба покизагии комили ахлоқӣ, тазкия ва тасфияи нафс, масоили ҳастишиносӣ, камолоти маънавию рӯҳӣ ва ҷисмонии инсон, тарбият ва парвариши муридону шогирдон, эҳтироми пир, муршид, устод, касби сифатҳои ҳамидаву накӯ, аз байн бурдани сифатҳои разила дар асоси риоят ва амалисозии рукнҳои таълимоти он, такомули маънавӣ ва маърифатии шахс ба василаи пайвастан ба ин тариқат ва биллохира, зикри ҳамешагии бардавому доимии забонию қалбӣ, ки боиси экологияи маънавии инсон мегардад, имрӯз ҳам барои низому тартиб ва солимияти ҷомеа аз аҳамият ва арзиш муайян бархурдоранд.

Омӯзишу баррасии мавзӯъ барои фаҳмиши дуруст ва воқеии вазифа ва нақши рӯҳониён дар ҷомеа хеле зарур ва рӯзмарра аст. Насли имрӯзаи ин қишри ҷомеа бояд ба таври зарурӣ эҳсос ва дарк намояд, ки пешвои динӣ, дар қатори имоми масҷид будан, амри маъруфу маъвиза намудан, саллаву ришу фаш доштан, ҳамзамон, ба ҳайси шахсияти соҳибмаърифати ҷомеа мафкураву андешаи солиму замонавӣ ва нерӯву тавони ҳувиятсози миллию инсонгароӣ (гуманистӣ) дорад. Дар қатори ин шахсияти рӯҳонӣ ҳамчун олим ва намояндаи илму дониши динӣ бояд ба таълифу эҷоди рисола ва китобҳои боарзишу пурқиммати фарогирандаи арзишҳои жарфмояи ҳикмату фалсафаи ислом, ки ба манфиати миллату башарият созгорӣ доранд, машғул гардад, то аз ин роҳ маърифати динии афроди ҷомеаро сайқал диҳад ва боло барад.

Дар таърихи миллати мо рӯҳониёни маъруф ва соҳибилм дар қатори пешвои динию мазҳабӣ будан, ба навиштани китобу рисолаҳо дар мавзӯоти мухталиф низ машғул гардидаанд, ки баъзе аз таълифоти эшон арзиши баланди фарҳангию иҷтимоӣ, динӣ ва ирфонию ахлоқӣ дорад. Агар аз нуқтаи назари омилҳои асосии рушду пешрафти фарҳанг натиҷагирӣ намоем, дар қатори омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, дохилифарҳангӣ омили мазҳабию динӣ низ ба сифати афкору андешаҳои бузургони мо нақши меҳварӣ дар ташаккулу пешрафти фарҳангу тамаддуни мо, яъне дар шакл ва мазмуни комили маънавӣ бахшидани ба он низ саҳим аст. Баррасии аҳвол ва осору эҷоди шахсиятҳои муътабари исломӣ нақши фарҳангофаринии дини мубини исломро барои мо равшану возеҳ мегардонад ва ҷавоби комиле дар ради андеша ва ақидаҳои муғризонаи душманони ислом ва миллатҳои мусулмон мебошад. Моҳият ва муҳтавои рисолаи мазкур фарогири мухтасари мавзӯоти тасаввуф ва яке аз тариқатҳои аз ҳама беш интишорёфтаи он – нақшбандия ҳамчун як мактаби ибодату аъмол ва покию тозагии маънавию ахлоқӣ натанҳо барои пайравонаш, балки барои ҳар як инсони соҳибтақвою соҳибназар, ба қавли мутафаккирони гузашта «ҳикмати маданӣ»-ро фаро гирифта низ аз аҳамияти амалию назаривӣ холӣ нест. Гузашта аз ин, ба мо равшан мегардад, ки таъсир ва нуфузи ин ҷараён, аз даврони пайдоиш то ба имрӯз, дар байни пайравону ихлосмандонаш, ки дар Тоҷикистони муосир низ шумораашон зиёд аст, хеле қавӣ ва барҷаста аст.

Усули асосии таълимоти Нақшбандия иборат аз тобеияти комил аз Қуръон ва суннати Паёмбар (с) дар амал ва эътиқод ба аҳли суннат ва ҷамоат аст. Аз ин сабаб аксарияти кулли пайравони он аз аҳли суннат ва ҷамоат, махсусан мазҳаби ҳанафӣ буданду ҳастанд. Хушбахтона дар кишвари мо навад дар сади мардум пайраву эътиқодманди ин мазҳабанд, ки аз он метавон ба ҳайси падидаи фарҳанги ваҳтадсозу мусолиҳаомез дар фазои динии кишвар истифода бурд. Албатта, ҳадафи муаллиф тавсифи нораво ва таърифи ноҷои шахсиятҳои шинохтаи ин ҷараёну тариқат ва ҳамзамон, ташвиқу тарғиби гаравидани маҷбурии касе ба ин тариқат ва ё пайравии иҷбории ҳеҷ фарде бо он нест, балки тавзеҳи ҳақиқати ҳол ва арҷгузорӣ ба мероси таҳкиқнашудаи боарзиши онҳо аст. Маърифати ҷомеа дар кадом шакле, ки бошад, бояд василаи аз таасубу ифрот дур нигоҳ доштани аъзоёни он, бахусус ҷавонон, чун маҳак, пойдевор ва ояндасози ҷомеа бошад. Дар ин ҷода нақш, мавқеъ ва обрӯю эътибори рӯҳониёни асилу миллатдӯст низ хеле бориз аст.

- Имрӯзҳо мафҳуми «ирфон» ва «тасаввуф»-ро дар ҷомеа ҳар хел маънидод мекунанд. Аз нигоҳи Шумо, ирфони ҳақиқӣ чист ва онро чӣ гуна бояд ба насли ҷавон муаррифӣ кард?

- Ба ҳар фарди равшанзамир ва огаҳ аз таърихи фарҳангу адаби мо маълум аст, ки ҷойгоҳи афкору андешаҳои ирфонӣ бо ҳикмату фалсафаи хос дар тамаддуни оламгири мо хеле баланд буда, кохи маънавии барафроштаи бузургонамонро шукӯҳу шаҳомати рангину тоза бахшидааст. Ин ҷо ду иқтибос меорам, яке аз доктори улуми фалсафӣ, пофеесор Зиёзода Идибек Ғозӣ ва дигаре аз Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона. Устод Идибек Зиёзода дар сарсухани китоби хеш “Тасаввуф” барҳақ нигоштаанд, ки “мавзуҳои тасаввуф ва ирфон, новобаста аз шумораҳои номаҳдуд ва беохирашон, ҷустуҷӯи ҳақиқат, камолоти инсонӣ, тавҳид, шинохти Ҳақ, роҳҳои вусул ба ҳақиқати мутлақ, худшиносӣ, худошиносӣ, сайру сулук, роҳҳои маърифат... ахиран онро ба як мактаби бузургу паҳновар ва муназзаме дароварданд, ки қариб тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ботинии инсонро фаро гирифтаааст, ки онро баъзан тасаввуф (аз сабаби нишон додани роҳ, расм ва тариқат) ва баъзан ирфон (ба хотири мактаби илмӣ ва фикрӣ буданаш) меноманд. Тасаввуф тариқат ва роҳ, таълим ва тарбияи роҳҳои шинохти мақомот ва аҳвол бошад, ирфон, тафаккур, худшиносӣ, худошиносӣ ва ба Ҳақ расиданро меомӯзад”.

Шоираи малеҳсухан Фарзона дар иртибот ба ин мавзӯъ чунин гуфтаи наҷиб дорад: “….ирфон чун оинномаи омода пешорӯи мост, барои сууди сулуки рӯҳонӣ, барои ҳадафу ниёзҳои бузург, барои аз куҳнагӣ то навӣ рафтан (на аз навӣ сӯйи куҳнагӣ) барои ҳунар офаридан ва дар маҷмӯъ, барои зистан”...

ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

- Устод, мо дар остона ва соли ҷашне қарор дорем, ки барои ҳар як тоҷикистонӣ муқаддас аст — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон. Ҳамчун файласуф, Шумо мафҳуми "Истиқлолият"-ро дар се даҳсолаи охир барои миллати тоҷик чӣ гуна таъриф ва арзёбӣ мекунед?

- Муҳимтарин ва асоситарин мавзуи бедорӣ ва худшиносии фардӣ ва ҷомеавӣ барои ҳар миллат истиқлоли ӯст. Истиқлолият бузургтарин неъмат барои озодӣ, мустақилият ва пешрафти миллат ба ҳисоб меравад. Ҳифзи истиқлолият муқаддастарин вазифаи афроди кишвар аст. Истиқлолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва посдори арзишҳои динӣ нишонаҳои истиқлолияти комили давлати миллӣ мебошад. Расидан ба истиқлоли фикрӣ нишонаи худшиносии афроди ҷомеа аст. Рукнҳои асоси истиқлолиятро пеш аз ҳама бунёди давлати миллӣ бо истиқлолияти комили сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки ба он махсусияти ғояи миллӣ, ваҳдати миллӣ, суруди миллӣ, парчами миллӣ, иқтисоди миллӣ, руҳи миллӣ, артиши миллӣ, маорифи миллӣ, ифтихори миллӣ, фарҳанги миллӣ, қаҳрамонҳои миллӣ ва ғайра алоқамандӣ дорад.

Истиқлолияти сиёсӣ падидаи нодири давлату миллатсоз буда, бо ваҳдату ҳамбастагии афроди ҷомеа сахт марбут аст ва пеш аз ҳама марҳилаи сифатан нав дар ташаккулли ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии он ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти сиёсӣ заминаи инкишоф ва рушди воқеии ҳар як миллату давлат буда, вобастагияшро аз тобеъияти давлатҳои муқтадир ё мустамликавӣ барҳам мезанад, яъне мустақилияти онро дар ҳаллу фасли масъалаҳои давлатдорию давлатсозӣ муҳаё месозад. Муҳиммияти истиқлоли сиёсӣ барои ҳар як давлату миллат аз он иборат аст, ки он истиқлолияти давлатӣ ва шаклҳои дигари онро комилан ба миён меорад, агар ба мазмуни дигар гӯем, истиқлолияти сиёсӣ заминаи асосии бунёд ва ташаккули давлати миллиро фароҳам месозад. Вале раванди бунёди давлати миллӣ ва ҷомеаи навин мушкилоту хусусиятҳои хоси хешро дар давраи гузариш молик аст, ки амалисозии онҳо замони муайян ва талошу заҳмати хастанопазирро тақозо менамояд. Таҳкиму суботи истиқлолият маҳз ба замина гузоштан ва барпосозию бунёди давлати миллӣ вобастагӣ дорад.

Истиқлолияти комили сиёсӣ сабаб мегардад, ки истиқлолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар таъмин гардад. Манзур ин аст, ки истиқлолияти сиёсӣ имкон медиҳад, манфиатҳои миллӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ҳимоят ва ҳифз шаванд, яъне мардум дар ҳаллу фасли масъалаҳои сарнавиштсоз ва тақдирсози худ соҳибихтиёр бошанд.

Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфияти фаҳмиши ин масъаларо чунин таъкид намуданд: “Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад. Дар тӯли беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард. Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистонр ноил гардем. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибиистиқлоли Тоҷикистон аст. Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон, мебошад”.

Мусаллам аст, пойдевори истиқлолияти моро Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон, ки дар ибтидои солҳои навадум таҳия ва қабул гардид, ташкил медиҳад. Барои худшиносӣ ва худогоҳии афроди ҷомеа ба таври амиқ донистан ва аз бар кардани зарурат ва моҳияти соҳибистиқлолии давлат аҳаммияти хосса дорад. Бо дарки зарурии масъала ҳисси худшиносӣ, рӯҳияи ватандорию ватанпаварӣ ва ифтихор аз марзу буми ҳар як фарди ҷомеа меафзояд. Соҳибистиқлолӣ нишонаи соҳиби давлат, соҳиби миллат ва соҳиби замину оби худ будан аст. Истиқлолият заминаи асосии бунёди давлати миллӣ ва бақои он аст.

- Шумо даврони шӯравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва сохтмони давлати навро дидаед. Аз нигоҳи Шумо, бузургтарин дастоварди маънавӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар ин 35 сол кадом аст?

- Бузургтарин дастоварди маънавӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, ин истиқлоли давлатии мост, ки дар заминаи он ин ҳама комёбиҳои моддиву маънавӣ тайи 35 сол насибамон гашт. Ин неъмати бебаҳоро, ки орзуву армони чанд ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, чун гавҳараки чашм бояд нигоҳ дошт ва ҳифозат намуд. Ин воқеаи таърихии сарнавиштсозу тақдирсози зуҳури давлати навини мустақилу озод ва соҳибихтиёри Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ва раванди бунёди давлати миллии мост, ки асоси шаклгирии “андешаи миллӣ”, фарҳанг, асолат ва ҳувияти милии моро ба миён меорад, ки пештар дар баҳси фалсафаи Истиқлол рӯшанӣ андохтем.

- Истиқлолият ва озодӣ ҳамеша мавзуи асосии шеъри шоирони асил будааст. Дар ашъори Шумо Тоҷикистон, Ватан ва озодии миллат чӣ гуна инъикос ёфтаанд ва оё шеъри наве бахшида ба ин ҷашн омода кардаед?

-Шеъре бо унвони “Рӯҳи бедорӣ”

Чист истиқлол? Бунёди Ватан,

Рӯҳи бас бедору озоди Ватан.

Саҳфаи ҳар рӯзи ободи Ватан,

Зистан бо ному бо ёди Ватан.

 

Чист истиқлол? Эҳёи Ватан,

Дида бикшодан ба дунёи Ватан.

Бо дили бозу ба чашми дил тавон,

Дидани имрӯзу фардои Ватан.

 

Эй, ки сӯзе аз Ватан дар дил турост,

Марзу буми ин Ватан манзил турост,

Бемуҳобо, бемуҳобо, эй азиз,

Ҳар муроду мақсаде ҳосил турост.

 

Чашмаи меҳру вафои мо, Ватан,

Маншаи нуру сафои мо, Ватан

Чун нишони оли Сомон то абад,

Ҷовидон бодо бақои мо, Ватан.

 

Зинда бодо рӯзи истиқлоли мо,

Ҷашни миллат, бахти мо, иқболи мо.

Бо ту хуш бошад ҳамеша, эй Ватан,

Ҳар замон, ҳар рӯз, ҳар як соли мо.

- Имрӯз Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушд қарор дорад ва ҷаҳонбинии ҷавонон низ тағйир ёфтааст. Ба назари Шумо, чӣ кор бояд кард, то ғояи миллии Истиқлолият ва ватандӯстӣ дар зеҳни насли ҷавони мо, ки дар даврони интернет ва ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) бузург мешаванд, устувортар гардад?

- Роҳи асосии ташаккули шахсияти солими насли ҷавон дар ин даврони интернет ва ҷаҳонишавӣ ҳамоно таълим ва тарбияи дурусту комили онҳо дар ҳама давраи балоғати синну солӣ мебошад. Албатта насли ҷавони имрӯзаро лозим аст, ки аз итиллоотии муфиду судманди маънавии интернет ва ҷанбаҳои мусбии раванди ҷаҳонгароӣ (глобализатсия) манфиат бардоранд ва дар қатори ин аз оқибатҳои зарарнок ва харобиовари онҳо низ воқиф бошанд. Барои ин масъулияти тарбияву парвариши насли ҷавон аз институтҳои ҷомеавӣ шуруъ аз оила, парваришгоҳҳо макотиби миёна, олӣ, техникум, колллеҷҳо, муҳит, маҳалла ва тамоми қишрҳои босаводу бомаърифати ҷомеа вобастагӣ дорад. Чи хеле мегӯянд бетарафӣ дар ин роҳ бешарафӣ аст. Ҳамагон бояд дар раванди тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ғояи миллии арзиш ва аҳаммияти Истиқлол ва ватандӯстӣ масъулияти инсонӣ ва виҷдонӣ дошта бошем. Ба қавли аллома Муҳаммад Иқбол:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

- Агар имрӯз имкон медоштед, ки барои 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бузургтарин орзу ё дуои худро дар як ҷумла баён кунед, ба ин миллату давлат чӣ таманно мекардед?

- Орзую дуо ва ормону ифтихори ҳамешагии ман нисбат ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бузургтарин неъмати рӯзгори давлату миллатамон дар ҳамин шеър ифода ёфтааст: “Ватан бо номи ту, сабзҷонам ман”:

Ватан ҳар лаҳза аз шавқи хуморат сабз мегардам,

Тамоми умр гар бошам канорат сабз мегардам.

Садои рӯду дарёят садои зиндагиям ҳаст,

Ба савти дилнавози обшорат сабз мегардам.

Зи хушрӯзии миллат бас аҷаб хушҳолу хушрӯзам,

Ба хандоханди тифли беқарорат сабз мегардам.

Маро неруи ҷону тан агар ҳуббулватан бошад,

Ба номи тоҷики овозадорат сабз мегардам.

Ба гӯшам гар суруди алла аз кошонае ояд,

Ба лаҳни модари шабзиндадорат сабз мегардам.

Зи баъди марг ҳам гар мадфанам дар хоки ту бошад,

Қатори сабзаҳои ҳар баҳорат сабз мегардам.

НИГОҲ БА ЗИНДАГӢ ВА ПАЁМИ ФАРДО

- Шумо унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон»-ро доред. Бузургтарин дастовард ё хушбахтии худро дар кадом кори анҷомдодаатон мебинед?

- Бузургтарин дастовард ва ҳамзамон хушбахтии ман дар давоми умрам ҳамин мақому манзалати устоди бонуфузтарин даргоҳи маърифат-Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будан аст. Дар ин муддат ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шуда, дар умум 12 китоб ва зиёда аз 200 мақолаи илмию оммавӣ навиштам, ки ҳамагӣ ҷанбаи худшиносӣ доранд. Ва аз ҳама беш саодату хушбахтии ин дунёи ман таълиму тарбияи фарзандони мардум аст. Ман чиҳил сол аст, ки ба ин касби пуршараф машғулам ва шуҳрату обрӯи ман низ аз пушти он аст. Ҳар бор, ки шогирдон манро устод мегӯянд ва ё ин калимаро дар нисбати ман ба забон мегиранд, сарам ба осмон мерасад. Худамро хушбахт меҳисобам, ки ҷиҳил сол аст, ки рӯ ба рӯи шогирдону толибилмон ҳастам ва ба онҳо дарси ҳикмату фалсафа, фарҳанг, одобу ахлоқ ва зебоишиносӣ меомӯзам. Бароям бо ҳама мушкилоту печидагиҳои рӯзгор саодати бештаре аз ин набуд, ки дар ташаккули маънавиёт, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва шахсияти ҳазорон нафар фарзандони мардум саҳим бошам. Онҳоро дар рӯҳияву ифтихори ватандорӣ, ватанпаварӣ, ватандустдорӣ, касби илму маърифат, хизмати софдилона, меҳнати ҳалолу покиза, бунёдкорию созандагӣ, омӯзиш ва эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху, фарҳанг ва забону арзишҳои миллӣ таълиму тарбият кардам.

- Оё ҳоло рӯи китоби нав ё маҷмӯаи шеърии наве кор карда истодаед, ки хонандагон интизораш бошанд?

- Ҳоло ба навишти ду рисолаи илмӣ, яке чуноне, ки дар фавқ ёдовар шудам, “Инъикоси фалсафаи таърих дар достони “Гаҳвораи Сино”-и устод Муъмин Қаноат ва дигаре дар мавзуи хеле мураккаби фалсафӣ “Танатаология илм дар бораи марг (ё фалсафаи марг ва маргандешӣ асоси ташаккули худогоҳию худшиносии инсон) ва ҳамзамон нашри маҷмуаи сеюми шеърҳоям машғулам.

- Ҳамчун як устод, файласуф ва шоир, бузургтарин панд ё паёми Шумо ба ҷавонони имрӯзи Тоҷикистон чист?

- Паёми ман ба ҷавонони азизи кишварамон- Тоҷикистони азиз ҳамин аст, ки ин Ватанро аз дилу ҷон ва самимона дӯст доранд, барои ободию пешрафт ва шукуфоии он ҳамеша камари ҳиммат бубанданд ва беш аз ҳама ба қадри Истиқлол, ин неъмати худодод бирасанд. Бояд дарку фаҳм кунанд, ки ояндаи миллату давлат дар дасти онҳост, меҳнату заҳмат ва тафаккури созандаву бунёдкорона, дасти пок, дилу нияти пок дар ҳама кору қавлу амал дошта бошанд, барои обрӯ ва эътибори Ватан кӯшишу ғайрати доимӣ ба харҷ диҳанд. Дар умум давлатсозу миллатсоз бошанд. Ҳумчуноне ки Соиби Табрезӣ мегуяд: “Равшан шавад чароғи дили мо зи якдигар, Чун риштаҳои шамъ ба ҳам зиндаем мо”.

Ин шеър низ бо унвони “Суруду дуруди Ватан” низ даъвати онҳо ба худогоҳию худшиносӣ ва ватандорию ватанпарварист:

Вораста миллатему зи ҳар дом растаем,

Бо азми хеш гардани душман шикастаем.

Бо шеър, бо таронаву бо ҳикмати баланд,

Дар саргаҳи тамаддуни олам нишастаем.

 

Пиндори нек панди ниёгони мо бувад,

Гуфтори нек маншаи имони мо бувад.

Эй ҳамватан саодату иқболи одамӣ,

Умре шиору мақсаду армони мо бувад.

 

Бо азму бо субот Ватанро бино кунем,

Дар кори хайр баҳри чӣ чуну чаро кунем.

Бар ҳар муроди худ баХудо мерасем, агар

Меҳри Ватан даруни дилу дида ҷо кунем.

 

Ман садқаам ба боду ҳавоят, Ватан, Ватан,

Бар мавҷрез шаршараҳоят, Ватан, Ватан,

Вирди забони ман буваду нуқли маҷлисам,

Тасбеҳи ному ҳарфу ҳиҷоят, Ватан, Ватан,

 ОХИРСУХАН

Суҳбати мо бо устод Мирзоҳусайни Бадалипур собит сохт, ки фалсафа ва шеър ду боли як парвозанд — яке барои шинохти ақл ва дигаре барои тасхири қалб. Дар нигоҳу каломи устод як оромии орифона ва дар айни замон сӯзи шоирона эҳсос мешавад, ки ин хислатро танҳо дар рӯзгори мардони асил метавон ёфт. Устод то ба имрӯз китобу рисолаҳои зиёди илмию таълимии мондагор, аз ҷумла "Муқаддимаи қуръоншиносӣ", "Фалсафаи худшиносии миллӣ", "Фарҳангшиносӣ", "Модарамро ёд кардам", "Ҷилои оинаҳо", "Таърихи диалектика", "Обшори сухан" ва ғайраро таълиф кардаанд.

Мо аз номи ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» ва хонандагони он ба устод Мирзоҳусайни Бадалипур барои ин суҳбати пурмазмуну хотирмон изҳори сипос намуда, барояшон дар ҷодаи илму маориф ва эҷодиёти баланд парвозҳои навро таманно дорем. Бигзор, «оинаи рӯзгор»-и устод ҳамеша ҷилодор ва илҳомашон чун чашмаҳои Дарвоз пуртуғён бошад.

Ҷаҳонгири Султон, “Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ