Тоҷикистон ва Британия ҳамкориро дар бахши ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Масъалаҳои омӯзиш ва такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон, омода намудани омӯзгорони миллӣ, баргузории машқҳои муштарак, таҷҳизонидани гурӯҳҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ зимни вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ бо Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон баррасӣ шуд.
Тавре ба мо аз ин кумита хабар доданд, дар вохӯрӣ инчунин ҷонибҳо масъалаи таҳия ва ба имзо расонидани санади нави ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро муҳокима намуданд.
Ба рушди ҳамкории дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва таҳкими иқтидори воҳидҳои наҷотдиҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла низомҳои иттилоотии ҷуғрофӣ, харитасозии хавфҳо, воситаҳои ҳавопаймоии бесарнишин, мониторинги фосилавӣ ва рушди низомҳои огоҳсозии бармаҳал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар»
















