09:48:17 27-уми Сентябри 2026 сол
Боздошти сарбози пойгоҳи Русия "барои латту кӯби таксист" 19.02.2015 19:55 1247
Як сарбози пойгоҳи 201 барои латту кӯби Дилшод Хушов, сокини Душанбе боздошт шудааст. Вале масъулони пойгоҳ мегӯянд, ҳанӯз таҳқиқот ба анҷом нарасида, маълум нест, моҷароро кӣ сар кардааст.
Мансабдори тоҷик дар парвандаи никоҳи духтари ноболиғ 18.02.2015 23:04 1548
Алайҳи як мақоми давлатӣ дар Истаравшан бо иттиҳоми ба духтари ноболиғ хонадор кардани писараш парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Як масъули Идораи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҷамоати Ҷавқандаки шаҳри Истаравшан барои оиладор кардани писараш ...
Ба мардум бояд 13 соат барқ бидиҳанд. Шурӯъ аз 16 феврал 17.02.2015 07:41 1144
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 феврал дастур дод, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз аҳолии кишварро бо дастикам 13 соат нирӯи барқ дар шабонарӯз таъмин кунанд.
Узбакистон роҳи оҳанашро аз Тоҷикистон ҷудо мекунад 17.02.2015 07:32 1208
Бонки ҷаҳонӣ бар Узбакистон барои сохтани роҳи оҳани барқие, ки вилоятҳои водии Фарғонаро бидуни убур аз вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилоятҳои дигари он кишвар мепайвандад, 195 миллион доллар ҷудо кардааст.
17, 20, 24... Дар 3 рӯз боз 3 худкушӣ 16.02.2015 12:38 1230
Тайи ҳамагӣ 3 рӯзи ин ҳафта дар вилояти Суғд боз 3 мавриди худкушии занону духтарон, аз ҷумла як зани ҳомила, сабт шудааст. Ин се ҷавонмарг ҳамагӣ 17,20 ва 24 сол доштаанд.
Абу Муҳамад Ат-Тоҷикӣ кӣ буд? 14.02.2015 22:24 1359
Абу Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ нафаре бо номи Алан Чекранов - донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва се карат қаҳрамони кишвар оид ба муҳорибаҳои бидуни қоида будааст.Алан Чекранов, се карат қаҳрамони Тоҷикистон оид ба муҳорибаҳои бидуни қоида...
Дар як сол 5 000 сокини Тоҷикистон ба Русия кӯч бастаанд 14.02.2015 22:18 1132
Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, дар соли гузашта 5 000 шаҳрванди Тоҷикистон барои зиндагии доимӣ ба ин кишвар рафтаанд. Русия ба рӯи ин афрод дари 55 минтақаашро боз кардааст.
Тағйири кадрӣ дар Кумитаи дин, Донишкадаи Исломӣ ва ТАЛКО 13.02.2015 20:18 1231
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов, ки то ҳоло раёсати Донишкадаи Исломиро бар дӯш дошт, раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон таъин шуд. Вай дар ин мақом Абдураҳим Холиқзодаро иваз кард.
Ҷамолиддин Маҳмудов 2 моҳ дар СИЗО мемонад 13.02.2015 20:14 1231
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣқарори то ду моҳ дар боздошт мондани Ҷамолиддин Маҳмудовро содир кард. Вакилонаш мегӯянд, Маҳмудов то анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ дар боздошт мемонад.
Оҷонсии нафақа: "Нафақаи Ҳукуматулло 8400 сомонист, на 18 000" 11.02.2015 20:47 1284
Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи Тоҷикистон рӯзи 11 феврал дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон эътироф кард, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 13 нафар нафақаи баланди маюъбӣ мегиранд.
Кашфи 64 "фурӯшгоҳ"-и бангу афюн ва ҳероин дар Кӯлоб 11.02.2015 20:41 1235
Тайи 2 моҳи охир дар шаҳри Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши маводи мухаддир ошкор ва соҳибонашон дастгир шудаанд.
Тарошидани мӯйсари як ҷавони гумонбар ба ҳамҷинсгароӣ 11.02.2015 20:36 1276
Дар Интернет видеои наве пайдо шудааст, ки дар он чанд ҷавони ғолибан тоҷик як ҷавони дигарро ба ҳамҷинсгароӣ айбдор карда, мӯи сарашро, ба қавли худи онҳо, "бузтарош" мекунанд.
Салафиҳои Хуҷанд. Кистанду аз куҷо омадаанд? 10.02.2015 07:43 1248
Додситонии вилояти Суғд дар шарҳи боздошти гуруҳи 11-нафарии пайравони ҷараёни мамнӯи “Салафия” гуфт, танҳо алайҳи ҳафт тани онҳо парванда боз шуда, чор нафарашон ба ҳайси шоҳид баромад хоҳанд кард.
Назари мардум ба қазияи "Шайх Темур" 10.02.2015 07:41 1618
Моҷарои Саидмаҳдихон Сатторов, ё “Шайх Темур”, рӯҳоние аз водии Ҳисор, ки бино ба иддаои муаллифони филми мустанади “Ривояти “Шайх Темур”, худро “Имом Маҳдии замон”, “авлиё” ва ҳатто “Пайғомбари охируззамон” эълон кардааст ...
Боздошти 11 салафӣ дар Хуҷанд 09.02.2015 12:25 1258
Дар чанд рӯзи охир дар вилояти Суғди Тоҷикистон 11 нафар бо гумони пайравӣ ба ҳаракати мамнӯъи мазҳабии Салафия дастгир шудаанд.Манобеи мо дар мақомоти умури дохилаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 8 феврал хабар доданд, ки дар рӯзҳои охир 11 сокини шаҳрҳои Хуҷанду ...