РУСИЯ МАҲСУЛОТИ РУСТАНИИ ТОҶИКИСТОНРО "ЧАП ГИРИФТ"
14.04.2012 15:22
1390
Русия аз нимаи дувуми моҳи апрел воридоти маҳсулоти рустанӣ аз Тоҷикистон ба ин кишварро манъ хоҳад кард. Бино ба хабарҳо, сар аз 16-уми апрели соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти рустанӣ аз Тоҷикистону Озарбойҷон ва Узбакистон дар бордону ҷомадонҳои ...
ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ: ДОД АЗ ДУДИ ТАНӮР
14.04.2012 15:19
1313
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки то замони таҷлил аз 90-умин солгарди таъсиси шаҳр дар соли 2014 куллияи биноҳои "худсохта" дар ин шаҳрро тахриб кунад. Дар чорчӯби ин тарҳ, аз ҷумла танӯрҳое ҳам, ки дар тӯли ду даҳаи ахир дар маҳаллоти мухталифи шаҳр ...
КОРШИНОС: "ИСЛОҲИ ПУЛИС БО ТАҒЙИРИ НОМУ ЛИБОС НЕСТ"
13.04.2012 20:56
1315
Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ислоҳоти пулис дар Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳалаи эҷоди заминаҳои қонунӣ қарор дорад. Ҳайдар Муҳаммадиев, масъули ин ислоҳот аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар САҲА мегӯяд, дар наздиктарин ...
ХОҶА ОБИГАРМ БА МОЛИКИЯТИ ДАФТАРИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРӢ ДАРОМАД
13.04.2012 16:33
1253
Хоҷа Обигарм, маъруфтарин осоишгоҳи Тоҷикистон, ки дар гузашта моли Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ (профсоюз) буд, ҳамакнун ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ вобаста шудааст. Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кул ҳамаи осоишгоҳҳои мутаъаллиқ ба Федеросиюни иттиҳодияҳои синфиро дар ихтиёри давлат қарор додааст.
БОНУИ ТОҶИК ДАР УЗБАКИСТОН БЕНИШОН ШУД
12.04.2012 20:00
1252
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба таври муваққатӣ дар Узбакистон мезист, пас аз бозпурсии пулис нопадид гаштааст. Шаҳрванди 48-солаи Тоҷикистон, Кимиё Худоёрова, ки бо шиносномаи муваққатӣ дар Ӯзбакистон мезист, як моҳ ба ин сӯ ғайб задааст.
ДАРХОСТИ КӮМАК БАРОИ ПӮШОНИДАНИ "ГӮРҲОИ РАДИОАКТИВ"
12.04.2012 10:40
1161
Тоҷикистон барои безараргардонии партовгоҳи радиоактив дар Табошар аз ҳамсояҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак мехоҳад. Кумиссиюни экологии порлумони Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пӯшонидани қабати болоии партовгоҳҳои Табошар, ки 50 миллион тонна партови хатарноки радиоактив дар он маҳфуз аст, кӯмак хост.
ҲАВОПАЙМОҲОИ "РОЛКАН" ДАРДИ САР ШУДАНД
12.04.2012 08:57
1277
Ҳавопаймоҳои мусодирашудаи ширкати «Ролкан» ояндаи наздик ба вазорати мудофиа ё кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон таслим карда хоҳанд шуд. Масъулони фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа ба унвонии ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа ...
ҚОТИЛОНИ КОРМАНДИ ПОЛИСИ РОҲ МАҲКУМ ШУДАНД
12.04.2012 08:54
1244
Ду айбдоршавандаи латукӯби марговари корманди БДА ба 9 ва 10 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ду сокини шаҳри Душанберо, ки дар марги як корманди БДА – и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муттаҳам мешуданд ...
СЕЛ БА КОРХОНАИ НАФТУ ГОЗИ БАЛҶУВОН ОСЕБ ВОРИД КАРД
11.04.2012 18:13
1198
Бар асари бориши шадиди борон ва сел ба корхонаи нафту гози ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон осеб ворид шуда ва чанде аз манозили маскунии ноҳия садама дидааст. Ин ҳодиса шаби сешанбеи 10 апрел рух додаааст. Дар ин бора Рустам Неъматов, сардори Бахши умури изтирории минтақаи Кӯлоб, ба Би-би-сӣ хабар дод.
БОЗДОШТИ ЗАНЕ БА ЗАННИ ҚОЧОҚИ "ЯК РАҚСАНДА БА АФҒОНИСТОН"
11.04.2012 14:13
1218
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як зан ба гумони даст доштан дар қочоқи инсон хабар додааст. Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии ин вазорат, ин зани 38-сола ба қочоки як духтари ҷавон ба Афғонистон бо ҳадафи суиистифодаи ҷинсӣ муттаҳам шудааст.
ТАҚОЗОИ ҶАЗОИ САХТТАР БАРОИ МУТТАҲАМОНИ МАРГИ ШАРИФОВ
10.04.2012 12:47
1097
Наздикони Равшан Шарифов, корманди ба ҳалокатрасидаи ГАИ (БДА) аз додгоҳ тақозо кардаанд, ки парвандаи мазкурро барои тафтиши дубора боз гардонад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои ин парванда хабар дод ва гуфт, наздикони Шарифов ...
ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ: "ШИКОЯТ АЗ РОҲИ ПУЛАКӢ КАМТАР ШУДААСТ"
09.04.2012 21:24
1644
- Дар чанд соли ахир бо сармояи кишварҳои хориҷӣ Тоҷикистон садҳо километр роҳҳои мошингарди хуб сохт. Аммо тармаву селҳо ин роҳҳоро ба қадри кофӣ вайрон мекунад ва умуман, бидуни назорати воқеӣ ин роҳҳо дар давоми ду-се сол валангор хоҳанд шуд.
"БАРҚИ ТОҶИК" ҚАРЗДОРИЯШ АЗ "САНГТӮДА-1"-РО ЭЪТИРОФ КАРД
09.04.2012 21:00
1255
Масъулони "Барқи тоҷик" қарздории худ аз "Сангтӯда-1"-ро эътироф карда ва гуфтанд, ки онро хоҳанд пардохт. Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, шароити ҳалномаи Додгоҳи олии иқтисодии кишвар дар масъалаи пардохти ҳаққи даъвогии "Сангтӯда-1"-ро иҷро мекунад ...
ТАЛКО ГАЗ "ИСТИХРОҶ" КАРД, АММО БАСАНДА НЕСТ
09.04.2012 13:18
1187
Ширкати алюминийи Тоҷикистон корхонаи хурди истихроҷи газ аз ангиштро озмоиш кардааст. Як манбаъи наздик ба ин ширкат гуфт, ки корхонаи хурди истихроҷи газ, ки ба тозагӣ аз таъмири куллӣ берун оварда шуд, мавриди озмоиш қарор гирифтааст.
ҶАВОНОНИ СИЛОҲБАДАСТ ВА “ДАЛЕР”-И ТОҶИК ДАР ИНТЕРНЕТ
09.04.2012 13:14
1157
Туфанг дар даст, ё автомат дар китф бо қиёфаи мағруре истодаанд ва тавре ба сӯи Шумо нигоҳ мекунанд, ки метарсед. Ё ин ки бадхашмона касеро нишон гирифтаанд ва ё ба сари касе таппончаро гузоштаанду таҳдиди куштан мекунанд.
















