00:40:45 17-уми Августи 2026 сол

«АЗ ПАЙРАВИИ ПАДАР ТО ПАЙРАВИИ ҲАҚИҚАТ»

(Мусоҳиба бо Шариф Ҳамдампур)

«Падарам маро ба донишгоҳ не, ба имтиҳони виҷдон мефиристод. Гӯё тақдири тамоми заҳматҳои он кас, покии дастархони мо ва қадри нони ҳалоли хонаводагӣ ба натиҷаи имтиҳони ман вобаста бошад...»

sharif hamdampur 545698845512Ин суханони Шариф Ҳамдампур рӯзноманигор, нависанда ва муаллифи китобҳои таърихию публитсистӣ беҳтарин муқаддима барои шинохти ин шахсият аст. Ӯ на фақат бо қалам, балки бо виҷдон, ҷуръат ва масъулияти таърихӣ сухан мегӯяд.

Номи ӯ барои онҳое, ки матбуоти тоҷикро пайгирӣ мекунанд, ношинос нест. Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва муаллифи силсилаи китобҳои «Ҳаёти одамони наҷиб», ӯ шахсиятҳои бузурги сиёсат, фарҳанг ва иқтисоди Тоҷикистонро ба хонандагон муаррифӣ кардааст. Таълифоти ӯ на танҳо ҳикоят, балки санадҳои зиндаи таърих мебошанд.

Китоби нави ӯ «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» дар саросари кишвар ҳаводорони васеъ пайдо кард. Ин китоб на танҳо як асари публитсистӣ, балки санади таърихӣ аст, ки яке аз муҳимтарин сафарҳои Президенти Тоҷикистон сафаре, ки роҳи ҷангро баст аз забони шоҳидон ва бо таҳлили амиқ нақл мекунад.

Суҳбати мо танҳо ба ин китоб маҳдуд нахоҳад буд. Мо дар бораи фаъолияти рӯзноманигории Устод Шариф Ҳамдампур, асрори муваффақият ва хотираҳои ӯ дар бораи шахсиятҳои бузурге, ки дар китобҳояш зинда шудаанд, низ сухан хоҳем кард.

Сомонаи «Рӯзгор» ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади зинда нигоҳ доштани анъанаҳои асосгузораш рӯзноманигори фарзона Султон Ҳамад, силсилаи мусоҳибаҳоро бо чеҳраҳои барҷастаи рӯзноманигорӣ, адабиёт ва фарҳанг оғоз намудааст. Ин суҳбат яке аз ҳамин силсилаи мусоҳибаҳост.

Биёед, хонандагони азиз, ба ин сафари сухан ҳамроҳ шавем ва аз забони худи муаллиф бишнавем, ки чӣ гуна як рӯзноманигор бо қалам ба муваффақият ноил гардид.

-Устод Шариф Ҳамдампур, дар шаҳрибостонии Панҷекат ба дунё омадаед,кӯдакӣ ва ҷавониатон дар он ҷо чӣ гуна гузашт? Кадом лаҳзаҳо ва шахсиятҳо ба ташаккули Шумо ҳамчун журналист таъсир расонданд?

-Дар водии Зарафшон кӯҳу дараҳо, деҳаҳо. харобаҳои бостонӣ аз ниёгон қисса мекунанд. Панҷакенти қадим, Саразм, мақбараи устод Рӯдакӣ ва муҳити фарҳангии ин сарзамин аз овони кӯдакӣ дар зеҳни ман эҳсоси пайванди инсонро бо таърих бедор мекарданд. Он вақт шояд ҳанӯз маънои пурраи ин меросро намефаҳмидам, вале эҳсос мекардам, ки дар сарзамини одӣ зиндагӣ намекунем, дар ҳар гӯшаи он нишоне аз хотираи миллат нуҳуфтааст.

Кӯдакии насли ман аз кӯдакии ҳоло фарқ мекард. Имкониятҳо маҳдуд буданд, зиндагӣ сода мегузашт ва бисёр чиз бо заҳмат ба даст меомад. Аммо муҳит зинда буд, суҳбати пирон, анъанаҳои мардумӣ, китоб, мактаб, дарси зиндагӣ буданд. Мо бештар мешунидем, мушоҳида мекардем ва аз зиндагии воқеӣ сабақ мегирифтем. Ба назари ман, нахустин мактаби журналистии ман маҳз ҳамин муҳит буд.

Ба ташаккули шахсияти ман, пеш аз ҳама, муҳити хонаводагӣ таъсири бузург гузоштааст. Аз падарам меҳнатдӯстӣ, сабр, эҳтироми калонсолон, қадри нон, масъулият ва болотар аз ҳама поквиҷдониро омӯхтам.

Падарам деҳқони одӣ буданд. Дастонашон бӯи хок мекард ва нони ҳалол барояшон муқаддастар аз ҳар неъмати дигар буд. Он солҳо бародарам дар корхонаи консервабарорӣ кор мекарданд. Ҳар боре ки падарам ба хонаи он кас мерафтанд, ба мураббои рӯйи дастархон даст намерасонданд. Метарсиданд, ки мабодо он аз корхона ройгон оварда шуда бошад. Ҳатто гумони ба моли ноҳалол олуда шудани як қошуқ мураббо барои виҷдони он кас гарон буд.

Ман он вақт шояд маънои ин рафторро пурра дарк намекардам. Баъдтар фаҳмидам, ки падарам бо ҳамин худдорӣ ба мо бузургтарин дарси ахлоқро меомӯхтанд. Инсонро сарват не, балки тавоноии даст кашидан аз моли бегона бузург мекунад. Барои он кас нони хушку ҳалол аз дастархони пурнозу неъмати бо арақи қабин ба даст ноомада, ширинтар буд.

Вақте мактаби миёнаро хатм карда, барои дохил шудан ба донишгоҳ ба Душанбе мерафтам, падарам маро гусел карда, сухане гуфтанд, ки то имрӯз дар гӯшам садо медиҳад:

— Медонӣ, писарам, агар ту ба донишгоҳ дохил нашавӣ, пас маълум мешавад, ки ман туро бо нони ҳалол тарбия накардаам.

Ин сухан амр набуд, маломат ҳам набуд. Аммо бар дӯши ман аз кӯҳ гаронтар афтод. Падарам маро ба донишгоҳ не, ба имтиҳони виҷдон мефиристоданд. Гӯё тақдири тамоми заҳматҳои он кас, покии дастархони мо ва қадри нони ҳалоли хонаводагӣ ба натиҷаи имтиҳони ман вобаста бошад.

Он рӯзҳо ман дар як варақ навиштам: «Агар ба донишгоҳ дохил нашавам, худро зери чархи мошин меандозам. Аз марги ман касеро гунаҳгор накунед». Варақро ба ҷайбам гузоштам.

Имрӯз, баъди гузашти солҳо, мефаҳмам, ки ин тасмими эҳсосии як ҷавон буд, ки бори сухани падарро аз ҳад зиёд сангин эҳсос мекард. Аммо он лаҳза бароям масъалаи зиндагӣ ва марг менамуд.

Шояд ҳамон ёддошти кӯтоҳи дар ҷайбам ниҳон нахустин «асари журналистӣ»-и ман буд. На аз он сабаб, ки арзиши адабӣ дошт, балки барои он ки аз дарди воқеӣ, аз масъулият ва аз таъсири сухан таваллуд шуда буд.

Оила ба ман таълим дод, ки инсонро на аз рӯйи мансабу дороӣ, балки аз рӯйи покдоманӣ, рафтор ва муносибаташ ба мардум бояд шинохт. Ин меъёр баъдтар дар фаъолияти журналистии ман низ аҳаммияти асосӣ пайдо кард.

Нақши омӯзгорон дар ташаккули шахсияту ҷаҳонбинии ман низ бисёр бузург буд. Нахустин устодам Абдуҳомид Сангинов маро ба олами дониш раҳнамун сохт ва дар қалбам эҳтиром ба мактабу омӯзгорро бедор кард. Муаллимони забон ва адабиёт Холмаҳмад Холиқов, Бобомурод Бӯтазода, ба ман омӯхт, ки асари бадеиро на танҳо хонам, балки рӯҳу маънои ниҳони онро эҳсос намоям. Муаллими математика Гулбой Қараев бошад, ба тафаккурам низом, дақиқӣ ва мантиқ бахшид. Баъдтар дар фаъолияти журналистӣ дарк кардам, ки эҳсоси сухан бе мантиқ ва ҷӯшу хурӯши андеша бе дақиқӣ комил намешавад.

Муаллимони маҳфили адабии мактаб Ҳоҷимурод Ҳасанов, Эсомиддимн Муродов дар шакл гирифтани завқу тафаккури адабии ман нақши хос доштанд. Онҳо навиштаҳои нахустинамро мехонданд, камбудиҳояшро бо меҳрубонӣ нишон медоданд ва маро ба ҷустуҷӯи сухани тоза ҳидоят мекарданд. Онҳо ба ман танҳо шеър ё иншо навиштанро наомӯзонданд, дар ниҳоди ман ҷуръати андешидан ва эҳтиром ба калимаро парвариш доданд.

Баъзан як сухани боварбахши омӯзгор метавонад роҳи тамоми умри шогирдро муайян кунад. Агар муҳити хонадон дар вуҷуди ман тухми меҳнату поквиҷдониро кошта бошад, ин устодон онро бо оби маърифат сабзонданд. Имрӯз ҳар бор қалам ба даст мегирам, эҳсос мекунам, ки дар паси ҳар ҷумлаам сояи меҳрубони ҳамон омӯзгорон ва садои дарсҳои фаромӯшнашавандаи онҳо ҳузур дорад.

Панҷакент ба ман ҳисси таърих дод, оила масъулиятро омӯхт, омӯзгорон роҳи дарки китобро нишон доданд ва мардум маро бо ҳақиқати зиндагӣ рӯ ба рӯ карданд. Баъдан таҳсил ва фаъолияти касбӣ ин заминаро такмил доданд, аммо решаи ҷаҳонбинӣ ва рӯзноманигории ман дар ҳамон муҳити кӯдакиву ҷавонӣ қарор дорад.

Агар имрӯз ба роҳи тайкардаам назар кунам, мебинам, ки интихоби журналистика тасодуфӣ набудааст. Ман аз овони кӯдакӣ миёни қиссаҳо, сарнавиштҳо ва хотираҳои мардум ба воя расидам. Танҳо баъдтар қалам ба даст гирифтам, то он чиро дидаму шунидам ва он ҳақиқатҳоеро, ки набояд фаромӯш шаванд, ба дигарон расонам.

-Шумо факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва баъдан факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москваро хатм кардаед. Ин таҳсилот дар ду пойтахти фарҳангӣ ба Шумо чӣ дод ва журналистикаи тоҷик ва рус чӣ фарқиятҳо доранд?

-Таҳсил дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ман дарки амиқи забон, таърихи адабиёт ва фарҳанги миллиро омӯхт. Дар фазое, ки устодони бузурге чун Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, Тоҷиев, Худоӣ Шарифов, Раҳим Мусулмонқулов, Абдунабӣ Сатторзода ва Амирқулов дарс мегуфтанд, ҳатто нафас кашидан худ дониш андӯхтан буд.

Онҳо танҳо аз илми забону адабиёт сабақ намедоданд. Ҳар кадом бо дониш, рафтор, фарҳанги муошират ва садоқат ба арзишҳои миллӣ худ як мактаби ахлоқ ва худшиносӣ буданд. Аз онҳо омӯхтам, ки забон хотираи миллат аст, адабиётсарнавишт ва виҷдони маънавии халқ мебошад.

Ман хушбахтам, ки дар чунин муҳити нодири илмиву адабӣ тарбия ёфтам. Он на танҳо ҷаҳонбинии маро шакл дод, балки эҳтиром ба калима, масъулият дар назди таърих ва муҳаббат ба фарҳанги миллиро дар вуҷудам пойдор сохт. Ростӣ, тасаввур кардан душвор аст, ки дар даҳсолаҳои наздик боз чунин анҷумани бузургони илму адаб дар як даргоҳ ҷамъ ояд ва чунин фазои пурбори маънавӣ дубора ба вуҷуд биёяд.

Дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов низ ман ба муҳити нодири илмиву эҷодӣ афтодам. Ба мо донишмандони маъруфе чун Ясен Николаевич Засурский, Евгений Прохоров, Спартак Беглов, Владимир Тулупов, Станислав Галкин, Владимир Мезенцев ва даҳҳо муҳаққиқу устодони номвари журналистика дарс мегуфтанд. Ҳар кадоми онҳо мактаби хоси худро доштанд: яке мантиқи таҳлилро меомӯзонд, дигаре дақиқии далелро ва савумӣ масъулияти журналистро дар назди ҷомеа.

Мо ҳамчунин аз мулоқоту суҳбатҳои рӯзноманигорон ва адибони маъруф — Александр Чаковский, Василий Песков, Юрий Черниченко, Валерий Аграновский, Генрих Боровик, Всеволод Овчинников ва дигар устодони матбуоти шӯравӣ баҳра мебурдем. Онҳо аз таҷрибаи кори худ, сафарҳо, таҳқиқот ва аз арзиши сухани журналист қисса мекарданд. Барои мо ин мулоқотҳо идомаи зиндаи дарсҳои донишгоҳӣ буданд. Мо медидем, ки журналистика танҳо дониш нест, мушоҳида, ҷасорат, ҷаҳонбинӣ ва қобилияти дидани инсон дар паси ҳар воқеа аст.

Факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ҷаҳонбиниамро васеъ кард, тафаккури таҳлилӣ, дақиқкорӣ ва маҳорати касбии кор бо иттилоотро ба ман омӯхт. Дар он ҷо дарк кардам, ки журналист бояд ба як манбаъ қонеъ нашавад, далелҳоро муқоиса кунад, сабабу пайомади рӯйдодро муайян кунад ва пеш аз навиштан ба моҳияти масъала бирасад.

Агар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ман реша, забон ва худшиносӣ дода бошад, Москва уфуқи назарамро васеъ кард. Душанбе ба ман омӯхт, ки ман кистам, Москва ба ман нишон дод, ки ба ҷаҳон чӣ гуна бояд нигарист.

-Шумо аз соли 1996 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳастед. Тақрибан 30 сол дар ин мақом будан, дар ин давра рӯзнома чӣ гуна тағйир ёфт ва Шумо барои рушди он чӣ корҳо кардед?

-Ман аз соли 1996 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳастам. Ин давра як марҳалаи бузурги таърихӣ — аз рӯзҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ то давраи сулҳу субот, давлатсозӣ ва таҳаввулоти босуръати фазои иттилоотӣ мебошад. Дар ин муддат ҳам ҷомеа дигар шуд, ҳам хонанда ва ҳам худи журналистика. Табиист, ки «Тоҷикистон» низ наметавонист бетағйир бимонад.

Вақте ман роҳбарии рӯзномаро ба уҳда гирифтам, кишвар ҳанӯз дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Дар он шароит журналист на танҳо бо қалам, балки баъзан бо ҷони худ масъулияти суханашро бар дӯш мегирифт. Ҳақиқатро гуфтан кори осон набуд, ҳар ҷумла метавонист норозигии яке аз ҷонибҳои даргирро ба вуҷуд орад. Нисбат ба ман ва кормандони рӯзнома аз ҷониби афроди силоҳбадаст борҳо таҳдид сурат гирифта буд. Бо вуҷуди ин, мо аз принсипи ҳақиқатнигорӣ даст накашидем ва кӯшиш мекардем, ки қурбонии таблиғоти ин ё он неру нагардем.

Баъзан шумораҳои ҳамонсолаи рӯзномаро варақ мезанам ва худ ба ҳайрат меоям: он ҳама ҷуръат ва матонати ҳамкорони мо аз куҷо сарчашма мегирифт? Ҳар матлаби интиқодӣ, воқеияти ошкоршуда ва ҳатто як ҷумлаи беғаразона метавонист бо фоҷиа анҷом ёбад. Аммо кормандони «Тоҷикистон» рисолати касбии худро болотар аз тарс гузоштанд. Шояд он солҳо мо ҳанӯз пурра дарк намекардем, ки баёни ҳақиқат чӣ қадар гарон меафтад. Баъдтар ин таҷриба ва фоҷиаҳои журналистикаи тоҷикро дар китоби худ «Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд» бозтоб додам. Ин ном танҳо як истиора нест: дар он давра тир на фақат ба инсон, балки ба сухани озод, виҷдони касбӣ ва худи ҳақиқат низ равона мешуд.

Бо барқарор шудани сулҳ вазифаи рӯзнома низ тағйир ёфт. Агар дар солҳои ҷанг ҳадафи асосии мо инъикоси воқеият, ҳифзи ҳақиқат ва даъват ба оромиву ҳамдигарфаҳмӣ бошад, дар давраи баъдӣ масъалаҳои давлатсозӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисод, маориф, фарҳанг, муҳоҷират, мушкилоти иҷтимоӣ ва зиндагии ҳаррӯзаи мардум ба меҳвари фаъолияти рӯзнома табдил ёфтанд. Мо мекӯшидем набзи ҷомеаро эҳсос кунем, на танҳо аз рӯйдод хабар диҳем, балки сабабу пайомади онро низ шарҳ диҳем.

Бо тағйир ёфтани фазои иттилоотӣ шакл ва услуби кори «Тоҷикистон» низ дигар шуд. Журналистика аз пешниҳоди хабари одӣ ба таҳлил, таҳқиқ, мусоҳибаи амиқ, татқиқоти рӯзноманигорӣ ва баррасии масъала аз чанд дидгоҳ гузашт. Мо ба саҳеҳии маълумот, санҷиши далелҳо, тавозуни назарҳо, ҷудо кардани хабар аз андеша, масъулияти сухан ва эҳтироми ҳуқуқу шаъни инсон аҳаммияти бештар додем. Кӯшиш кардем забони рӯзнома сода, равон ва ба хонанда наздик бошад, вале сатҳи касбӣ ва таҳлилии он коҳиш наёбад.

Бо пайдо шудани интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзнома дигар танҳо маҷмӯи саҳифаҳои чопӣ боқӣ намонд. Суръати паҳншавии иттилоот чандин баробар афзуд, аммо ҳамзамон хатари хабари носаҳеҳ, ҳангомаҷӯӣ ва таъсиргузории сунъӣ низ бештар гардид. Дар чунин шароит мо талош кардем миёни суръат ва саҳеҳият мувозинатро нигоҳ дорем. Зеро вазифаи журналист танҳо зудтар гуфтан нест, муҳим он аст, ки дуруст, бо далел ва бо дарки масъулият бигӯяд.

Аз нигоҳи иқтисодӣ низ роҳи мо осон набуд. Шояд «Тоҷикистон» аз камтарин нашрияҳое буд, ки на аз кумаки созмонҳои байналмилалӣ ва на аз маблағгузории давлат бархӯрдор буд. Манбаи асосии даромади мо фурӯши рӯзнома ва реклама ба ҳисоб мерафт. Он замон соҳибкорон аз таблиғи маҳсулоту хизматрасониҳои худ ҳарос надоштанд ва реклама яке аз пояҳои фаъолияти матбуоти мустақил ба шумор мерафт. Барои мо истиқлоли иқтисодӣ танҳо масъалаи тиҷорат набуд, он шарти муҳими истиқлоли эҷодӣ низ маҳсуб мешуд.

Дар бораи саҳми худ гуфтан бароям чандон осон нест, зеро «Тоҷикистон»-ро як нафар насохтааст. Ин рӯзнома маҳсули заҳмат, ҷасорат ва садоқати чанд насли рӯзноманигорон аст. Вазифаи ман бештар аз он иборат буд, ки ин неруҳоро муттаҳид созам, фазои эҷодӣ ба вуҷуд оварам, ҷавононро дастгирӣ кунам, анъанаи ҳақиқатнигориро ҳифз намоям ва рӯзномаро дар шароити бисёр душвори сиёсӣ, иқтисодӣ ва технологӣ зинда нигоҳ дорам.

Бузургтарин дастоварди мо, ба назари ман, ҳамин аст: «Тоҷикистон» дар тӯли ин солҳо симои худ, робитаашро бо хонанда ва эътимод ба сухани чопиро нигоҳ дошт. Нашрия тағйир ёфт, замонавӣ шуд, мавзӯъ ва қолабҳои навро пазируфт, аммо аз асли худ — гуфтани ҳақиқат, ҳимояи манфиати ҷомеа ва эҳтиром ба хонанда, дур нашуд. Барои ман сармуҳаррирӣ танҳо мансаб набуд. Ин масъулият дар назди таърих, ҳамкасбон ва ҳар хонандае буд, ки рӯзномаро мехарид ва ба сухани мо бовар мекард.

-Шумо дар тӯли фаъолиятатон дар нашриёти «Маориф», маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон», рӯзномаи «Омӯзгор» ва «Садои мардум» кор кардаед. Ин марҳилаҳо барои Шумо чӣ гуна таҷриба ва дарсҳо оварданд?

-Ҳар яке аз ин нашрияҳо барои ман як мактаби мустақили касбӣ буд. Дар онҳо ман на танҳо тарзи навиштани матлаб, балки масъулияти сухан, шинохтани ҷомеа ва ҳифзи ҳақиқатро омӯхтам. Таҷрибаи ҳамин солҳо баъдан дар китоби «Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд» низ инъикос ёфт.

Кор дар нашриёти «Маориф» маро бо фарҳанги китоб ва таҳрири ҷиддии матн ошно кард. Дар он ҷо фаҳмидам, ки матни хуб танҳо аз андешаи хуб иборат нест, ҳар калима бояд дар ҷойи худ бошад, далел санҷида шавад ва муаллиф дар назди хонанда масъулият эҳсос кунад. «Маориф» ба ман сабру дақиқкорӣ ва эҳтиром ба забонро омӯхт.

Маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» барои ман мактаби журналистикаи сиёсиву таҳлилӣ гардид. Кор дар он нашрия имкон дод, ки ба масъалаҳои ҷомеа васеътар назар кунам, робитаи сиёсат, иқтисод ва зиндагии мардумро дарк намоям. Албатта, матбуоти он давра дар доираи мафкураи ҳукмрон фаъолият мекард. Журналист бояд ҳақиқатро дар миёни қолабҳои расмӣ ҷустуҷӯ мекард. Ин таҷриба ба ман омӯхт, ки матни расмиро танҳо бозгӯ накунам, балки дар паси ҳар қарору шиор натиҷаи воқеии онро барои инсон бубинам.

Дар рӯзномаи «Омӯзгор», ки қаблан «Маориф ва маданият» ном дошт, ман аз мактаби касбии Бӯринисо Бердиева ва Бобо Насриддинов гузаштам. Онҳо барои ман устодоне буданд, ки фарҳанги таҳрир, эҳтиром ба сухан ва масъулияти рӯзноманигорро меомӯзонданд.

Он солҳо дар ин нашрия чеҳраҳои дурахшони адабиёту рӯзноманигории тоҷик фаъолият мекарданд. Муҳити идора танҳо ҷойи омода кардани шумораи навбатии рӯзнома набуд, он маҳфили андеша, баҳси адабӣ ва парвариши истеъдодҳо ба шумор мерафт. Ҳар матлаб бо ҷиддият баррасӣ мешуд, ҳар андеша аз мизони ҳақиқат мегузашт ва ҳар калима масъулияти худро дошт.

«Маориф ва маданият» ба як маркази гудохтану шакл додани тафаккури миллӣ, худшиносӣ ва ҳақиқатнигорӣ табдил ёфта буд. Дар саҳифаҳои он масъалаҳое матраҳ мешуданд, ки ба забон, фарҳанг, маориф ва сарнавишти маънавии миллат дахл доштанд. Нашрия на танҳо воқеаҳоро инъикос мекард, балки завқи ҷомеаро тарбия менамуд, андешаро бедор месохт ва барои гуфтори ҷасурона минбар фароҳам меовард.

Агар бигӯям, ки бисёре аз беҳтарин адибону рӯзноманигорони тоҷик аз зери ҷомаи ҳамин нашрия берун омадаанд, хато намекунам. Он рӯзнома барои чанд насл мактаби бузурги қалам, андеша ва виҷдони касбӣ буд.

«Садои мардум» бошад, ба давраи бисёр ҳассоси таърихи Тоҷикистон рост омад. Кишвар ба истиқлол расида буд, низоми пешина фурӯ мерехт, андешаҳо ба ҳам бармехӯрданд ва ҷомеа ба сӯи нооромӣ мерафт. Дар чунин шароит ҳар сухани чопшуда метавонад мардумро ба ҳамдигар наздик созад ё баръакс, оташи ихтилофро бештар кунад. Он солҳо ман бо тамоми ҳастӣ эҳсос кардам, ки журналистика масъулияти шаҳрвандӣ ва баъзан ҳатто аз ҷон гузаштан аст.

Ин марҳала ба ман фарқи миёни озодии сухан ва бемасъулиятии суханро нишон дод. Озодии баён маънои онро надорад, ки журналист ҳар хабару овозаро бидуни санҷиш нашр кунад. Хусусан дар рӯзҳои буҳрон як ҷумлаи носаҳеҳ, як сарлавҳаи таҳрикдиҳанда ё як иттиҳоми беасос метавонад оқибати фоҷиабор дошта бошад. Журналист бояд ҳам ҷасорати гуфтани ҳақиқатро дошта бошад ва ҳам оқибати сухани худро дарк намояд.

Маҳз таҷрибаи ҳамин солҳо маро ба дарки маънои амиқи номи «Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд» расонд. Вақте ҷомеа ба гурӯҳҳо ҷудо мешавад, аввалин қурбонӣ аксаран ҳақиқат мегардад. Ҳар тараф мехоҳад ҳақиқати худро ҳақиқати ягона нишон диҳад, овоза ҷойи далелро мегирад ва сухани беғаразона барои ҳамаи ҷонибҳо нохушоянд мешавад. Дар чунин вазъ журналисте, ки ба виҷдони касбӣ содиқ мемонад, худаш низ ба ҳадаф табдил меёбад.

Ман дар ин марҳалаҳо тадриҷан фаҳмидам, ки журналист набояд сухангӯи як гурӯҳ ё такроркунандаи баёнияҳои расмӣ бошад. Ӯ бояд ба ҷомеа хидмат кунад, чанд манбаъро бисанҷад, садои тарафҳои гуногунро бишнавад ва дар маркази ҳар масъала инсонро бинад. Ҳақиқат ҳамеша он чизе нест, ки баландтар гуфта мешавад; баъзан он дар сухани хомӯшонаи касест, ки касе шунидан намехоҳад.

Вақте баъдтар ба вазифаҳои масъултар ва роҳбарии рӯзнома расидам, аллакай медонистам, ки паси ҳар матлаб на танҳо номи муаллиф, балки эътибори нашрия ва баъзан оромии ҷомеа меистад. Аз ин рӯ, муҳимтарин дарсе, ки аз ин марҳалаҳо гирифтам, чунин аст:

журналист бояд ҳақиқатро ҷустуҷӯ кунад, онро бо далел бигӯяд ва барои сухани худ дар назди инсон, ҷомеа ва таърих ҷавобгар бошад.

(Идома дорад)

Мусоҳиб Ҷаҳонгири Султон

Назари Шумо

Security code
навсозӣ