11:35:14 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲАЛЛУ ФАСЛИ МАСОИЛИ НИЗОМӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 44

Султони Ҳамад

ПРОТОКОЛ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ НИЗОМӢ

Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик (ки минбаъд «тарафайн» номида мешавад), бо мақсади дарёфти сулҳ, оштии милӣ ва таъсиси артиши миллии воҳид ва тибқи Протоколи 17 августи соли 1995 «Дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», Созишнома ва Протоколи 23 декабри соли 1996 дар Маскав баимзорасида ва Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ ба таърихи 21 феврали соли 1997 дар масъалаҳои зерини проблемаҳои муҳими низомӣ мувофиқа ҳосил намуданд:

I.Мулоҳизаи умумӣ

/images/stories/2013/01/21_turajonzoda-21012013.jpg1.Дар давраи гузариш реинтегратсия, халъи силоҳ ва барҳам додани дастаҳои мусаллаҳи  Иттиҳодияи нирӯҳои оппозисиони тоҷик (ИНОТ), ҳамчнин ислоҳи сохторҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) Президент ва Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) дар алоқамандии наздик бо Намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикистон (ННСММТ) ва тибқи ҷадвали дар бандҳои 5, 9, 11 ҳамин Протокол зикршуда амалӣ мегарданд.

2.Иҷрои амалии нуктаҳои Протоколи мазкурро зеркомиссияи низомии КОМ, ҳамчунин Комиссияи муштараки арказии аттестатсионӣ, ки дар асосҳои баробарӣ таъсис меёбад, таъмин менамоянд.

3.Ҳукумат ва ИНОТ дар мавриди реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ва ислоҳи сохторҳои қудратии ҳукумат ба ҳам ахбори зарурӣ табодул мекунанд.

4.Дастаҳои мусаллаҳе, ки дар ахбори додаи тарафайн зикр нашудаанд, вазифадоранд дар бораи худ ба зеркомиссияи низомии КОМ хабар диҳанд ва дар муддати ду моҳ баъд аз шурӯи кори КОМ иттилооти заруриро пешниҳод намоянд. Дастаҳои мусаллаҳе, ки дар иҷрои нукоти ин Протокол ҳамкорӣ намекунанд, ғайриқонунӣ ба ҳисоб мераванд ва ба таври иҷборӣ халъи силоҳ мегарданд.

II. Реинтегратсия, халъи силоҳ ва барҳам додани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ

5. Реинтегратсия, халъи силоҳ ва барҳам додани дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ марҳила ба марҳила сурат мегирад.

а) Дар марҳилаи аввал ИНОТ дастаҳои мусаллаҳи худро дар ҷойҳои ҷамъшавӣ, ки тарафайн мувофиқат кардаанд, ҷамъ меорад: дар ноҳияҳои Ванҷ, Ғарм, Ҷиргатол, Комсомолобод, Кофарниҳон, Рӯшон, Тавилдара, Тоҷикобод, шаҳри Хоруғ ва деҳаи Мағмуруди ноҳияи Ленин ва дар ин ҷойҳо ҳайати шахсии онҳо номнавис ва ба ҳисоб гирифта шуда, аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Дар ҷойҳои ҷамъшавӣ аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва муҳимот ба ҳисоб гирифта шуда, дар ҷойҳои алоҳидаи дилпур муҳофизат ва нигаҳдорӣ мешавад. Ин марҳила дар давоми ду моҳ аз рӯзи оғози фаъолияти КОМ амалӣ мегардад.

б) Дар ҷараёни ҳамин марҳила дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ, ки дар ҳудуди Давлати Исломии Афғонистон ҷой гирифтаанд, марҳила ба марҳила ба ҷойҳои ҷамъшавии қаблан муайяншуда, ки дар боло зикр гардиданд, тавассути гузаргоҳҳои Ишкошим ва Панҷи поён гузаронида шаванд. Бо ризоияти ҳукумати Афғонистон зеркомиссияи низомии КОМ ва ННСММТ ба Давлати исломии Афғонистон рафта, силоҳҳо ва муҳимоти супурдашударо ба реестр дохил мекунанд.

Дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ сарҳадро бесилоҳ ва муҳимот убур мекунанд. Қувваҳои ҳофизи сулҳи ИДМ таҳти назорати ННСММТ ҳайати шахсӣ, силоҳ ва муҳимотро то ҷойҳои ҷамъшавӣ ҳамроҳӣ мекунанд, дар он ҷо силоҳ ва муҳимотро тибқи реестр дар биноҳои махсуси ҳифзшаванда ҷамъ меоранд. Урдугоҳҳо ва марказҳои тайёрии дастаҳои усаллаҳи ИНОТ, ки берун аз хоки ҶТ ҷойгиранд, ҳамзамон бо интиқоли дастаҳои мусаллаҳи зикршуда ба ҷойҳои ҷамъшавӣ дар хоки ҶТ пароканда ва баста мешаванд.

в) Дар марҳилаи дуюм дар зарфи на дертар аз як моҳи баъди ба анҷом расидани ҷамъшавии дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ дар ҷойҳои ҷамъшавӣ аз ҳисоби онҳо ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи доимии ҶТ таъсис дода мешавад. Онҳо савганди ҳарбӣ ёд мекунанд, либоси низомӣ мепӯшанд ва ба қисмати дахлдори сохторҳои қудратии ҶТ дар шакли ҷузъу томҳои алоҳида сабт мешаванд ва ба таври амудӣ (вертикалӣ) ба қумандонҳои дахлдор тобеъ мешаванд. Санадҳои меъёрии дахлдор ва оинномаҳои низомии ҶТ ба онҳо татбиқ карда мешаванд.

Роҳбарияти ИНОТ ошкоро барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи худро эълон мекунад.

г) Дар марҳилаи сеюм Комиссияи муштараки аттестатсионӣ ҳайати шахсии қисмҳои реинтегратсияшудаи ИНОТ-ро аттестатсия мекунад, ба таври алоҳида масъалаҳои мувофиқати онҳоро барои идомаи минбаъдаи хизмати низомӣ ва чигунагии онро муайян мекунад ва ба вазифаҳои фармондеҳӣ тавсия менамояд. Шахсоне, ки аз ин ба баъд хизмат карданӣ нестанд, аз нигоҳи вазъи саломатӣ ба он шоиста дониста намешаванд, бесалоҳият дониста мешаванд ё то моҳи майи соли 1992 ҳукми судӣ доранд, аз хизмат ҷавоб дода шуда, ба кори мулкӣ бармегарданд.

д) Чорабиниҳои барои марҳилаҳои якум, дуюм ва сеюми реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ба сохторҳои қудратии Ҳукумати ҶТ пешбинишуда дар зарфи 6 моҳи аввали фаъолияти КОМ анҷом мегиранд.

ж) Дар марҳилаи чоруми реинтегратсия ҳамоиши пурраи ҷузъу томҳои собиқи ИНОТ бо сохторҳои қудратии ҳукуматӣ ба амал меояд. Ин раванд бояд то анҷоми давраи гузариш- 1 июли соли 1998 ба охир расонда шавад.

6. Ҷузъу томҳои реинтегратсияшудаи ИНОТ ба ҷойҳои доимии хизматашон фиристода мешаванд ва дар дар қароргоҳҳои (казармаҳои) алоҳида ҷой мегиранд. Қисми алоҳидае, ки миқдорашро Президенти ҶТ ва Роҳбари ИНОТ муайян мекунанд, дар шаҳри Душанбе як ҳафта қабл аз оғози кори КОМ ҷойгир карда мешаванд.

7. Кормандони собиқи сохторҳои қудратӣ, ки аз сабаби муқовимати шаҳрвандӣ маҷбуран ҷои кори худро тарк карда буданд ва хоҳиши идомаи хизматро доранд, бо тавсияи Комиссияи аттестатсионии муштарак дар ҷойҳои пештараи кори худ ё вазифаҳои бо он баробар барқарор карда мешаванд.

8. Ба шахсоне, ки шомили дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ буданд ва мехоҳанд, ки маълумоти ҳарбӣ гиранд, дар қатори шаҳрвандони дигари ҶТ имконияти баробари таҳсил дар муассисаҳои таълимии дахлдор фароҳам сохта мешавад.

III. Ислоҳи сохторҳои қудратии Ҳукумати ҶТ

9. Ислоҳи сохторҳои қудратии Ҳукумати ҶТ бо роҳи аттестатсияи ҳайати шахсӣ, ба шумули фармондеҳӣ амалӣ мегардад. Ин корро Комиссияи марказии муштараки аттестатсионӣ дар муддати шаш моҳ аз рӯзи оғози фаъолияти КОМ анҷом медиҳад.

10. Комиссияи марказии муштраки аттестатсионӣ дар асоси се меъёр: вазъи саломатӣ, доштани ҳукми судӣ то моҳи маи соли 1992, идомаи қобилияти касбӣ дар бораи ба кадри эҳтиётӣ фиристодан ва реинтегратсия ба сохторҳои мулкӣ қарор қабул мекунад.

11. Ҷузъу томҳое, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимият дар давраи муқовимати шаҳрвандӣ таъсис шудаанд (дар шакли қувваҳои худмуҳофиз, гурӯҳҳои муҳофиз, дастаҳои беназорат ва ғ.) дар зарфи шаш моҳи аввали фаъолияти КОМ барҳам дода мешаванд ва ташкили гурӯҳҳои нав пешгирӣ карда мешавад. Шахсоне, ки хизматро давом додан мехоҳанд, ба сохторҳои қудратии Ҳукумати ҶТ тибқи асосҳо ва тартиби дар банди 5 –и ҳамин Протокол муқарраршуда мепайванданд. Аъзои дастаҳои мазкур, ки хизматро даво додан намехоҳанд, то моҳи майи соли 1992 ҳукми судӣ доранд ё ба сабаби вазъи саломатӣ ба хизмат мувофиқ нестанд, халъи силоҳ гардида, ба сохторҳои мулкӣ мепайванданд.

IV. Чораҳои боварӣ

12. Ҳукумати ҶТ ва ИНОТ дар давраи амалӣ кардани чорабиниҳое, ки дар ин Протокол пешбинӣ шудаанд, нуктаҳои Созишномаи Теҳронро қатъиян риоя мекунанд ва ҳамагуна кӯшишҳои ноором сохтани вазъи ҶТ-ро пешгирӣ менамоянд. Дар ҳамин марҳилаи реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ ва ислоҳи сохторҳои қудратии ҳукуматӣ ба муқобили ҷинояткорӣ дар кишвар чорабиниҳои якҷоя гузаронида мешаванд. Бо нияти эҷоди боварӣ ба ҳамдигар дар марҳилаи якум, дуюм ва сеюми реинтегратсия дар сатҳи қумандонони қисмҳо робитаҳои доимӣ барқарор ва идома меёбад, алоқаи ҳайати шахсӣ ба роҳ монда мешавад, ҳамчунин барои таълими муштараки онҳо чораҳои алоҳида андешида мешаванд.

V. Нақши созмонҳои байналмилалӣ

13. Тарафайн бо мақсади таъмини иҷрои пурра ва босамари нуктаҳои Протокол аз СММ хоҳиш мекунанд, ки тавассути намояндагии нозиронаш дар Тоҷикистон раванди иҷрои мувофиқатномаҳои зикршударо назорат кунанд, кӯмакҳои экспертиву машваратӣ ва хизмати некашонро дар ҳамаи марҳилаҳое, ки дар ин Протокол пешбинӣ шдааст, расонанд.

Талбак Назаров, сардори ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Акбари Тӯраҷонзода, сардори ҳайати Иттиҳоди Нирӯҳои Оппозисиони тоҷик

Герд Дитрих Меррем, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ

8 марти соли 1997, шаҳри Маскав

Изҳороти муштараки ҳайати Ҳукумати ҶТ ва ҳайати ИНОТ роҷеъ ба ҷамъбасти даври музокироти байни тоҷикон дар Маскав, ки аз 26 феврал то 8 марти соли 1997 баргузор шуд

Аз 26 феврал то 8 марти соли 1997 даври навбатии Музокироти байни тоҷикон таҳти сарпарастии СММ баргзор гардид. Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров, ҳайати Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷикро ҷонишини аввали Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик тоҷик Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода сарварӣ карданд.

Вазифаи миёнҷигариро дар ҷараёни музокирот Намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ Герд Дитрих Меррем иҷро кард. Дар музокирот нозирон аз Давлати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва САҲА иштирок доштанд.

Проблемаҳои низомии марбут ба реинтегратсия, халъи силоҳ ва барҳам додани дастаҳои мусаллаҳи Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик, ҳамчунин ислоҳоти сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Арзёбии ин гурӯҳи масъалаҳои печида, ки барои пешрафти раванди оштии миллӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, дар тақвияти боварии тарафайн иқдоми муҳиме гардид. Имзо шудани Протокол оид ба проблемаҳои низомӣ дар роҳи хатми бомуваффақияти музокироти сиёсии байни тоҷикон қадами нави муҳим мебошад.

Тарафайн аҳд карданд, ки даври навбатии музокиротро аз 9 апрели соли ҷорӣ мувофиқи даъвати самимонаи ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон оғоз намоянд.

Тарафайн ба ҳукумати Федератсияи Русия барои меҳмоннавозӣ ва кӯмакашон дар ташкил ва гузаронидани музокирот дар Маскав миннатдории зиёд изҳор менамоянд. Онҳо ҳамчунин ба намояндагони кишварҳои нозир ва созмонҳои байналмилалӣ барои мусоидат ва дастгириашон дар ҷараёни музокирот миннатдорӣ баён мекунанд.

Ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик ба Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ва кормандони намояндагии он барои кӯшишашон дар ҳосил шудани пешравӣ дар музокирот эҳтироми самимӣ изҳор менамоянд.

Талбак Назаров, сардори ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Акбари Тӯраҷонзода, сардори ҳайати Иттиҳоди Нирӯҳои Оппозисиони тоҷик

Герд Дитрих Меррем, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ

8 марти соли 1997, шаҳри Маскав

Сулҳ ҳадяи Худо буд - қисмати 43

ПРОТОКОЛЕ, КИ МУСАЛЛАҲОНИ ТАРАФАЙНРО БА ҲАМ ОВАРД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi