22:54:36 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РАИСИ ҶУМҲУР ВОРИДИ АМАЛ МЕШАВАД ВА…

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 37

Султони Ҳамад

Бегоҳии ҳамон рӯз хабарнигори ИТАР-ТАСС Галина Гриднева, ки худ низ ба ҳайси гаравгон дар пеши Баҳром қарор дошт, дар як гузоришаш хабар дод, ки аз сабаби он ки шартҳои Баҳром иҷро нашуданд, ӯ ба куштани гаравгонҳо шурӯъ кард. Нахуст як нозири низомии СММ, шаҳрванди Швейтсарияро куштааст. Ва агар ҳукумат шартҳои ӯро оҷилан иҷро накунад, гаравгонҳои боқимондаро низ ба қатл хоҳад расонд.

Озод кардани гаравгонҳо бо зӯр ғайриимкон аст

/images/stories/2012/10/01_1-sulh-011012.jpgБаҳром ба сифати қароргоҳи гурӯҳ ва ҷои нигоҳ доштани гаравгонҳо дар Гули сурх ном минтақаи Оби Гарм чунон мавқееро интихоб карда буд, ки аз он ҷо гирду атрофро хеле хуб назора ва мушоҳида кардан мумкин буд. Амалан ба муқобили гурӯҳи ӯ пиёда кардани амалиёти низомии ғофилгирона дар ин ҷо номумкин буд. Зеро чор тарафро ӯ дар таҳти назорат дошт.

Бинобар ин танҳо ду роҳи мусолиматомези ҳалли қазия боқӣ монда буд. Якум мутақоид сохтани Баҳром, ки гаравгонҳоро довталабона озод кунад. Дуввум гузашт кардан ба талабҳои гаравгонгирҳо.

14-уми феврал соати дуи шаб Виктор Черномирдин ба Эмомалӣ Раҳмон занг зада аз ӯ хабари ҳақиқат доштани қатли як корманди СММ-ро аз сӯи гаравгонгирҳо пурсон шуд. Тибқи хабарҳои расонаҳо Эмомалӣ Раҳмон посух медиҳад, ки чунин иттилоеро ӯ дар даст надорад. Вале ба сохторҳои интизомӣ ва амниятӣ амр додааст, ки рӯзи 14-ум ҳатман табодули размандагони Ризвон бо гаравгонҳо сурат бигирад ва онҳо билохира озод шаванд.

Муовини сарвазири Русия Баҳромро мутақоид месозад

14-уми феврал чархболҳо боз ба Толуқон парвоз карда аз он ҷо 35 нафар размандаи Ризвонро аввал ба Кӯлоб интиқол медиҳанд. Чи тавре, ки баъдан аз сӯҳбат бо вазири амнияти Тоҷикистон мӯҳтарам Сайдамир Зуҳуров бароям маълум шуд, дар Кӯлоб кормандони амниятӣ талош меварзанд, ки аъзои ин гурӯҳ довталабона аз пайвастан ба гурӯҳи Баҳром худдорӣ кунанд ва ба ҳамин мазмун номаеро ба Ризвон ва бародараш ирсол намоянд ва аз тариқи матбуот баёнияро пахш кунанд. Вале онҳо розӣ намешаванд.

Баъдан масъалаи чӣ гуна табодул кардани размандагон бо гаравгонҳо ба миён омад. Баҳром талаб мекард, ки «ҳама ба ҳама» яку якбора иваз карда шаванд ва ин кор дар мақари ӯ бояд сурат бигирад. Сайдамир Зуҳуров, ки худ гаравгон буд, дар як тамоси телефонӣ худро боз як бори дигар бо марг рӯ ба рӯ карда дар шоҳидии Баҳром ва нафаронаш аз масъулини ҳукумат хост, ки ба ин навъи табодул розӣ нашаванд ва табодулро аз рӯи принсипи «як ба як» дар як ҷои берун аз мақари Баҳром амалӣ кунанд.

Баҳром бошад ин пешниҳоди Сайдамир Зуҳуров ё худ ҳукуматро қабул надошт. Ба ин баҳс муовини Сарвазири Русия, директори аҷонсии ИТАР-ТАСС В. Игнатенко тавассути телефон ворид шуд. Нахуст ӯ аз худи Баҳром мефаҳмад, ки хабари ба қатл расидани як нозири низомии СММ дурӯғ будааст. Ба гуфтаи ӯ Баҳром талаб кардааст, ки ба ивази раҳоии гаравгонҳо ба ӯ боз 20 адад пулемёти Калашников, 20 адад грантомёт, ва 20 адад камони нишонзан (снайпер) диҳанд. Ӯ дар сӯҳбати худ Баҳромро мутақоид месозад, ки ин силоҳҳо дигар ба ӯ лозим нахоҳанд шуд, беҳтараш ӯ дар фикри мусолиматомез ҳал шудани ин қазия бошад.

Табодули нахуст дар шакли се ба ҳафт сурат гирифт

Виталий Игнатенко ба Баҳром пешниҳод мекунад, ки дар навбати аввал се нафар гаравгонро бо ҳафт нафар разманда иваз намояд. Билохира ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам Баҳром ба ин пешниҳоди В. Игнатенко розӣ шуданд. Рӯзи 14-уми феврал соати 23-ву 15- дақиқаи шаб аввалин се гаравгонро бо ҳафт ҷангии Ризвон дар мақари Баҳром табодул карданд. Дар навбати аввал Галина Гриднева, Сурайё Собирова ва ронандаи шабакаи телевизионии НТВ Бобоҷон Туганов озод шуданд.

/images/stories/2012/10/01_2-sulh-011012.jpgВ. Игнатенко ҳамон шаб ба тамоми дунё эълон кард, ки гаравгонҳои боқимонда фардо, 15-уми феврал, то соати 14 ҳама озод хоҳанд шуд. Аммо рӯзи 15-уми феврал мухобираи қароргоҳи Баҳром дигар ба дархостҳои баромадан ба алоқа посух намедод. Бо вуҷуди ин 28 нафар мусаллаҳи боқимондаи Ризвон таҳти миёнҷигарии Геннадий Сизов, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон ба минтақаи таҳти нуфузи Баҳром фиристонда мешаванд.

Чун дафъаи аввал Геннадий Сизов размандагони боқимондаро то якунимкилометрии қароргоҳи Баҳром ба назди дидбонгоҳ (вишка)-е ки дар он ҷо табодули қаблӣ сурат гирифта буд, мебарад. Вале аз он тараф касе гаравгонҳоро барои табодул намеорад. Г. Сизов 28 размандаи Ризвонро супурда худ аз ҳамон ҷо бармегардад. Баъди баргаштан Г. Сизов дар як сӯҳбаташ ба хабарнигорон мегӯяд, ки ӯ бовар надорад, ки Баҳром гаравгонҳои боқимондаро озод кунад.

Чунин гардиш дар қазияи гаравгонгирӣ боиси он гардид, ки баъзе аз таҳлилгарон фарзияи дар пушти Ризвон будани қувваи сеюмро дар матбуот матраҳ бисозанд. Масалан Аркадий Дубнов, ки он вақт хабарнигори бахши русии радиои «Озодӣ» буд, роҳи ҳаллӣ ин қазияро дар ба назар гирифтани манофеи қувваи сеюм дар музокироти сулҳи байни тоҷикон медид.

Шояд ӯ бо дарназардошти мақолаи таҳлилие, ки рӯзи 13-ми феврал дар ҳафтаномаи «Бизнес и политика»-и чопи Душанбе ба нашр расида буд, нн андешаи худро изҳор доштааст. Дар мақола омадааст, ки «Ризвон Садиров мехоҳад дар минтақаи Оби Гарм пойгоҳи низомии худро бисозад. Ӯ фармоиши сиёсии нирӯи сеюмро иҷро карда истодааст, нирӯе, ки қаблан мехост вориди музокироти миёни тоҷикон ҳамчун қувваи сеюм шавад».

Профессор Иброҳим Усмонов дар «Сулҳнома» - и худ, ки соли 2001 ба нашр расидааст, он рӯзҳоро ба ёд оварда чунин менависад: «Аз воқеаҳои ба Обигарм дахлдошта, ки ин субҳ (18-уми феврали 1997 С.Ҳ.) аз Президент шунидем, ду нуктааш ин аст, ки ризвониҳо гуфтаанд, ки «мо ба ғайр аз гаравгонгирии кормандони СММ илоҷи дигари ба Ватан бозгаштан надоштем» ва боз гуфтанд, ки ба назди мо «се нафар намояндагони А.Абдуллоҷонов омаданд, бо пешниҳоде, ки агар ҳамроҳи мо шавед, бароятон доллару силоҳ ва дар Масчоҳу Исфара ҷой медиҳем». (И.Усмонов, «Сулҳнома», саҳ. 351).

Парвози ҳавопаймоҳои ҷанги аз болои мақари Баҳром

Субҳи рӯзи 16-уми феврал тамоси телефонӣ бо қароргоҳи Баҳром барқарор мешавад. Бино ба хабари радиои «Молодёжный канал»-и Русия масъулини ҳукумати Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ аз Баҳром талаб кардаанд, ки гаравгонҳои боқимондаро бечунучаро дар наздиктарин фурсат озод кунад, вагарна ба муқобили ӯ ва гурӯҳаш бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ амалиёти низомӣ пиёда хоҳад шуд.

Ба хотири нишон додани он ки азми ҳукумати Тоҷикистон қатъӣ ҳаст, баъди тамоси телефонӣ чанд ҳавопаймои низомӣ аз болои қароргоҳи Баҳром паст парвоз мекунанд. Виталий Игнатенко баъди гуфтугӯи телефониаш бо Баҳром ба хабарнигорон гуфт, ки «Баҳром ба ӯ ваъда додааст, ки дар якчанд соати наздик 5 гаравгонро озод мекунад.

Бино ба гуфтаи ӯ Баҳром гӯё бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон сӯҳбати телефонӣ доштааст. Баҳром ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки пагоҳ, яъне рӯзи 17-уми феврал, соати 8-и субҳ дар Оби Гарм бо ҳам мулоқот намоянд ва баъди ин мулоқот ӯ гаравгонҳоро озод хоҳад кард. Президенти Тоҷикистон ба хотири ҳалли мусолиматомези қазия ба ин пешниҳод розӣ шудааст».

Баъди нисфирӯзии 16-уми феврал Баҳром боз 5 нафар гаравгон: 2 нафар журналисти рус аз НТВ, тарҷумони нозирони низомӣ, 1 нафар духтури нозирони низомии СММ ва 1 нафар корманди Комиссариати олии СММ оиди паноҳандагонро озод кард. Баҳром дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки ӯ розӣ ҳаст 6 нафар гаравгони боқимондаро бо шумули Сайдамир Зуҳуров, вазири амнияти Тоҷикистон ва 5 нафар корманди СММ фардо баъди сӯҳбати мустақим ва рӯ ба рӯ бо Президенти Тоҷикистон озод намояд. Ин мулоқот пагоҳ соати 8 дар минтақаи Оби Гарм баргузор хоҳад шуд.

Фарҷоми неки гаравгонгирӣ дар Оби Гарм

/images/stories/2012/10/01_3-sulh-011012.jpg17-уми феврали соли 1997, рӯзи душанбе, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон тавассути чархбол ба Оби Гарм омад. Ӯ соати 9-и субҳ аллакай дар ҷои мулоқот ҳозир буд. Баҳром тавассути телефони маҳвораи хабар дод, ки худаш дар мулоқот ширкат карда наметавонад. Нафари ӯ бинобар дур будани роҳ ду соат дертар аз вақти ваъдагӣ ба мулоқот хоҳад омад.

Дар ҳақиқат, тақрибан соатҳои 12 Саидмурод Қиёмиддинов, сардори ситоди гурӯҳи Баҳром Садиров, Саидамир Зуҳуров, вазири амнияти ҷумҳурӣ ва боз як нафари дигар аз гурӯҳи Баҳром ба мулоқоти раиси ҷумҳур омаданд. Музокира паси дарҳои баста сурат гирифт. Ҳини ҷараён доштани музокирот якчанд мошин барои овардани гаравгонҳо аз Оби Гарм ба минтақаи таҳти нуфузи Баҳром рафтанд.

Баъди музокирот бо Эмомалӣ Раҳмон Саидмуроди Қиёмиддин бо хоҳиши Аркадий Дубнов, хабарнигори бахши русии радиои «Озодӣ», ки дар минтақаи Оби Гарм ҳузур дошт, бо хабарнигори бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» Салими Аюбзод тавассути телефони моҳвораии Арадий Дубнов мусоҳиба кард. Сардори ситоди Баҳром дар сӯҳбат гуфт, ки гаравгонгирии онҳо ба хотири аз Афғонистон овардани Ризвон ва 40 нафар размандаи ӯ буд.

«Имрӯз бо раиси ҷумҳур ба натиҷа расидем, ки мо ҳамаи гаравгонҳоро озод мекунем. Ҳамаи тарафдорони мо, ки дар ин ҷо ҳастанд, афв мешаванд. Мо тарафдори гуфтушунидҳое, ки дар Маскав ҷараён доранд, мебошем. Мақсади мо сулҳ, оромӣ, тинҷӣ дар Ватани мо аст. Ҳамаи он бародароне, ки инҷо ҳастанд, на мансабхоҳ ҳастанд, на курсихоҳ. Касе ягон мақсади дигар надорад. Аксари бародароне, ки бо мо ҳастанд, аз ҳамин минтақаи Оби Гарм ҳастанд. Дар ҳамин ҷо таваллуд шудаанд, ба воя расидаанд. Дар ҳамин ҷо зиндагонӣ мекунанд. Ҳаддиақал табааи Тоҷикистон ҳастанд. Ҳақ доранд, ки дар ҳамин ҷо зиндагонӣ кунанд. Агар афв карданд, бояд ҳамаро афв кунанд, на танҳо шахсони алоҳидаро. Мо бо Раиси ҷумҳур асосан дар ҳамин бора сӯҳбат кардем».

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 36

НОЗИРОНИ НИЗОМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛ ТАРКИ ҒАРМУ ХОРУҒ КАРДАНД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi