22:57:01 24-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НОЗИРОНИ НИЗОМИИ СММ-РО БОЗ БА ГАРАВ ГИРИФТАНД

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 34

Султони Ҳамад

Дар тӯли ду ҳафтае, ки Маҳмадалии Ҳаит ва банда дар Ҷумҳурии Исломии Ирон будем, ба ғайр аз устод Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода боз қариб бо ҳамаи собиқ раҳбарони ИНОТ, ки дар ҳамин шабу рӯз дар он ҷо дар гуфтушунидҳои сулҳ ширкат мекарданд ва ё барои баргузории даври навбатӣ омодагӣ медиданд, аз ҷумла устоди шодравон Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, устоди марҳум Отахон Латифӣ, худораҳматиҳо Ҷумъабой Ниёзов ва Ҳабиб Сангин, устод Абдунабӣ Сатторзода, Худойбердӣ Холиқназаров, Зубайдуллоҳи Розиқ, Комилшоҳи Аҳмадзода, Мирбобо Мирраҳимов ва дигарон сӯҳбату мулоқотҳои барои ҷонибайн ва дар умум барои раванди сулҳи тоҷикон муфид доштем. Бо мусоидати мизбонон мо ба зиёрати оромгоҳҳои бузургтарин намояндагони ирфон ва адабиётамон Ҳофизи Шерозӣ ва шайх Саъдии бузург шарафёб гардидем. Аз ёдгориҳои таърихии шаҳрчаи шоҳони сосонӣ Тахти Ҷамшед дидан кардем.

Вохӯрии Давлат Усмон бо Эмомалӣ Раҳмон

/images/stories/2012/07/16_1-sulh-160712.jpgРӯзи 31-уми январ ба Ватан баргаштем. Ҳавопаймои мо тақрибан соати 16 дар фурӯдгоҳи пойтахт ба замин нишаст. Ҳамагӣ чанд дақиқа баъди тайёраи мо ба ҳамин майдони ҳавоӣ чархболе, ки аз Ғарм меомад, фурӯд омад. Бо ин чархбол аз минтақаи Қаротегин ба Душанбе Давлати Усмон, Мирзохӯҷаи Низом, Неъматуллоҳи Билол, яке аз қумандонҳои ноҳияи Тавилдара Сарабек ва раиси тозатаъйиншудаи ин ноҳия Миралӣ Олимов омаданд.

Дар фурӯдгоҳ онҳо ва моро корманди Шӯрои Амнияти ҶТ Абдуҳаким Шарифов ва сардори раёсати ВАҶТ Саидаҳтам Саидшарифов истиқбол карданд ва ба ҷои зисти муваққатиямон бӯстонсарои ҳукуматӣ бурданд.

Дар он ҷо Давлат Усмон ба аъзои ҳайат гуфт, ки бояд чанд рӯзе дар пойтахт бошем. Зеро намояндаи вижаи Дабири кулли СММ Герд Меррем, бархе аз сафирони кишварҳои нозир дар музокироти сулҳи байни тоҷикон ва роҳбарони як қисм созмонҳои байналмилалӣ мехоҳанд бо аъзои ҳайат сӯҳбату мулоқотҳо доир кунанд ва аз раванди татбиқи созишномаҳои сулҳ мутталеъ бошанд.

Ҳамин тариқ рӯзи дуввуми феврал Давлат Усмон бо Намояндаи вижаи Дабири Кулли СММ дар Тоҷикистон Герд Меррем вохӯрд. Субҳи рӯзи дигар ӯ дар дафтари намояндагии СММ дар Тоҷикистон нишасти матбуотиеро бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ доир намуд. Ва ҳамаи онҳоро аз вазъи ба амаломада дар музокироти сулҳи байни тоҷикон огоҳ кард.

Худи ҳамон рӯз баъди нисфирӯзӣ Давлати Усмон бо ҳамроҳии Амирқул Азимов, котиби Шӯрои амнияти ҶТ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда масъалаи хеле муҳим- қабл аз даври ҳафтуми музокироти сулҳи байни тоҷикон, ки қарор буд рӯзи 26-уми феврали соли 1997 дар Маскав ба кори худ шурӯъ кунад, баргузор намудани вохӯрии Президенти Тоҷикистон ва роҳбари ИНОТ-ро ҳаллу фасл намуданд.

Баргузории чунин мулоқоти пешакии лидерони ду тараф хеле зарур буд, зеро ҳайатҳои гуфтушунид дар даври гузаштаи гуфтушунидҳои сулҳ дар ҳалли баъзе масъалаҳо ба бунбаст расида буданд. Ин мулоқот метавонист ҷонибҳои сулҳкунандаро аз ин бунбаст раҳоӣ бубахшад. Маслиҳат шуд, ки мулоқоти ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ то 26-ми феврал дар дар яке аз шаҳрҳои Ҷумҳурии Ислоии Ирон баргузор гардад.

Дар ин байн дар минтақаи Оби Гарм ҳодисае рух дод, ки таваҷҷӯҳи на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеъаи байналмилалиро ба худ ҷалб кард.

Гурӯҳи Баҳром боз даст ба гаравгонгирӣ мезанад

/images/stories/2012/07/16_2-rizvon-160712.jpgРӯзи 4-уми феврали соли 1997 дар километри 86-уми шоҳроҳи Душанбе- Ғарм гурӯҳи мусаллаҳи Баҳром, бародари Ризвон, собиқ фармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин, ки чанде пештар ба тарафи ҳукумат гузашта буд, соати сеи баъд аз зӯҳр чаҳор нафар нозири низомии ҳайати намояндагии низомии СММ Готфрид аз Австрия, Валентин аз Украина, ду нафар аз Швейтсария, инчунин тарҷумони онҳо шаҳрванди Тоҷикистонро гаравгон гирифт.

Баҳром талаб пеш гузошт, ки барои Ризвон ва ҳамяроқонаш аз марзи Тоҷикистону Афғонистон долонеро боз кунанд то онҳо битавонанд бо гурӯҳи Баҳром бемалол бипайванданд. Хотиррасон мекунем, ки 20-уми декабри соли 1996 вақте ин гурӯҳ беш аз 20 нафар бо шумули 7 нафар нозири низомии СММ ва ду нафар узви Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбас аз ҷониби мухолифинро дар ҳамон ҷо гаравгон гирифта буд, дар талаби озод кардани онҳо ҳамин гуна шартро қаблан ҳам гузошта буд. Он вақт ҳукумат чархболеро барои овардани Ризвон ва ҳамяроқонаш ба Афғонистон фиристод. Ризвон худ аз омадан ба Тоҷикистон худдорӣ кард. Вале як гурӯҳи худро бо сардории мулло Абдуғаффор бо чархбол ба Тоҷикистон фиристод. Акнун Баҳром боз ҳамон талабро пеш гузоштааст.

Бегоҳии ҳамон рӯз ҳайати моро сафири ИМА дар Тоҷикистон Гранд Смит ба ҳузур пазируфт. Мавзӯи сӯҳбат вазъ дар минтақаи Қаротегин ва гаравгонгирии ахири гурӯҳи Баҳром Садиров буд. Агарчи ӯ бо забони тоҷикӣ хуб ҳарф мезад, вале маънии баъзе суханҳоро аз тарҷумонаш Муҳибуллои Қурбон мепурсид.

Субҳи рӯзи дигар, яъне 5-уми феврал, мулоқоти ҳайати низомиву сиёсии мухолифин бо сафири ҶИИ дар Тоҷикистон Саидрасули Мӯсавӣ баргузор гардид.

Андерсен: Баҳром гапи Ризвонро нагирифт

Баъди сӯҳбат бо сафири Ҷумҳурии Исломии Ирон мо ба дафтари намояндагии СММ дар Тоҷикистон рафта бо Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Герд Меррем мулоқот кардем. Ҳам дар сӯҳбати сафири Ирон ва ҳам дар сӯҳбат бо фиристодаи Дабири кулли СММ мавзӯи асосии мулоқот гаравгонгирии ахири гурӯҳи Баҳром буд. Ҳамагӣ дар ташвиш буданд, ки оё ҳодиса метавонад ба раванди сулҳи байни тоҷикон латмаи ҷиддӣ ворид кунад ё хайр?

/images/stories/2012/07/16_23-ghaffor-160712.jpgМехостанд бифаҳманд, ки кадом нирӯ ва кишвар аз онҳо пуштибонӣ мекунад ва ғайраву ҳоказо. Чун мо ин ҳодисаро ҷиддан маҳкум мекардем ва мегуфтем он наметавонад ду тарафи сулҳкунандаро аз роҳи пешгирифта мунҳариф бисозад, бисёр хушҳол мешуданд. Дар сӯҳбати мо бо Герд Меррем инчунин иҷрокунандаи вазифаи сарвари ҳайати нозирони низомии СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Андерсен, ки ба тозагӣ дар ин симмат генерали урдунӣ Ҳасан Аббазаро муваққатан иваз карда буд, иштирок дошт.

Ӯ хабар дод, ки шаб Ризвон аз телефони шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд аз дараи Панҷшери Афғонистон бо Оби Гарм, бо бародараш Баҳром, ки телефони маҳвораии нозирони низомии СММ дар дасташ мебошад, гуфтугӯ кард ва ба ӯ амр намуд, ки гаравгонҳоро озод кунанд. Вале Баҳром ба ин амри бародараш мухолифат намуд ва гаравгонҳоро озод накард. Герд Меррем ба Давлат Усмон пешниҳод кард, агар мехоҳад дар робита бо ин гаравгонгирӣ бо Аҳмадшоҳи Масъуд сӯҳбате дошта бошад ӯ метавонад аз телефони моҳвораии СММ истифода барад.

Давлат Усмон гуфт, ки мехоҳад нахуст бо устод Нурӣ дар тамос шавад. Баъди мулоқот бо Герд Меррем Давлати Усмон аз дафтари СММ бо устод Нурӣ телефонӣ сӯҳбат намуд ва ба ӯ дар бораи мӯҳтавои сӯҳбати чандсоатқаблиаш бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва вазъият дар минтақаву ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Хабарнигорони русро низ ба гарав гирифтанд

Худи ҳамон рӯз ҳайати низомиву сиёсии мухолифин таҳти роҳбарии Давлат Усмон бо сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷовид Ҳафиз ва сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҷаноби Евгений Белов мулоқот дошт. Дар мулоқот бо сафири Русия, ки наздикиҳои намози шом баргузор гардид, ҳамраиси Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбас аз ҷониби мухолифин Ҷалолиддин Маҳмудов ва узви ҳамин Комиссия Амирбеки Атобек ширкат карданд. Мавзӯи сӯҳбат дар ҳарду мулоқот боз ҳамон гаравгонгирӣ, вокуниши мухолифин ба ин амал, раванди сулҳ, вазъ дар минтақа, диди мухолифин дар ҳалли масоили низомӣ, ба хусус масоили интегратсияи нирӯҳои мусаллаҳаш ба сохторҳои қудратии ҳукумат буд.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳи Баҳром бо он чор нафар гаравгоне, ки рӯзи 4-уми феврал онҳоро гирифта буд, иктифо накарда, рӯзи 5-уми феврал боз 6 нафар: ду корманди Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС), яъне муовини раҳбари ин идора хонум Элизабет Твинч, тарҷумони ӯ Алишер Отаев ва чор нафар хабарнигори расонаҳои хабарии Русия ИТАР-ТАСС, Интерфакс ва шабакаи телевизионии НТВ Галина Гриднева, Сурайё Собирова, Одилҷон Ашӯров ва Бахти Тугановро, ки барои инъикоси ин ҳодиса ба минтақа рафта буданд, ба гарав гирифт.

КБСС рӯзи 5-уми феврал бо як изҳорот амали ба гарав гирифта шудани нозирони низомии СММ ва кормандони КБСС-ро маҳкум кард. Рӯзи 6-уми феврал бошад гурӯҳи Баҳром аз назди Қасри раёсати ҷумҳур ду мошини Комиссариати Олии СММ оиди паноҳандагонро бо чор нафар корманд, яъне се ходими ин идора аз мардуми таҳҷоӣ ва як корманди хориҷии онро ба гарав бурд. Худи ҳамин рӯз раҳбарияти бунгоҳҳои хабарии ИТАР-ТАСС, Интерфакс ва НТВ бо нашри баёнияи муштараке аз мақомоти Душанбе ва Иттиҳодияи Мухолифини тоҷик талаб карданд, ки дар озод кардани хабарнигорони гаравгон кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Сулҳ ҳадяи Худо буд – қисмати 33 ПРОТОКОЛ ОИД БА МАСЪАЛАИ ГУРЕЗАҲО



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi