14:01:09 21-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД - ҚИСМАТИ 18

Султони Ҳамад

Маслиҳати ду раҳбар

Мутаассифона, намояндагони ҷониби ҳукумат ба сабаби камбуди вақт ва таррадуди сафари бозгашт ба Ватан ҳозир ба сӯҳбат бо Бобоҷони Шафеъ, хабарнигори «Садои Тоҷикистони озод» нашуданд. Соат ҳам тақрибан сеи баъд аз зӯҳр шуда буд. Ҳавои охири тирамоҳ (11 декабри соли 1996) ҳар лаҳза метавонист дар ин маҳдудаи кӯҳистон тағйир ёфта барои парвози чархболҳо мушкил эҷод кунад.

Сулх хадяи Худо кисмати 18Вале чун табъи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон болида буд, тамоми аъзои ҳайати ҳукуматӣ низ зоҳиран аз натоиҷи гуфтушунид хурсанд ба назар мерасиданд. Як чизи хеле муҳими дигар дар ин мулоқот ин буд, ки байни Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ маслиҳате шуд дар масъалаи эъзоми як ҳайати баландпояи низомиву сиёсии мухолифин ба дохили Тоҷикистон, ба манотиқи таҳти назорати мухолифини мусаллаҳ.

Бале, ин ҳамон ҳайате буд, ки дер боз ҷонибҳо мехостанд онро ташкил бидиҳанду ҳарчӣ тезтар ба манотиқи даргириҳо бифиристанд. Тибқи маслиҳати роҳбарони ду ҷониб вазифаи ин ҳайат асосан аз татбиқи Протоколи Хустдеҳ ва роҳ надодан ба даргириҳои дубора байни сарбозони ҳукумат ва размандагони мухолифин иборат буд. Тибқи маслиҳати байни Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҷониби ҳукумат бояд баъди чор ё панҷ рӯзи мулоқоти Хустдеҳ чархболеро бо яке аз мушовирони Президент барои бурдани ин ҳайат ба Толуқон мефиристод ва ин ҳайат бо роҳбарии Давлати Усмон, муовини раҳбари ИНОТ, сардори СМ АНИТ ба Душанбе мерафтанд.

Аз натоиҷи Хустдеҳ на ҳама розӣ буданд

Дар ҳамин ҳол на ҳама роҳбарони ИНОТ, ба хусус онҳое, ки дар ин мулоқоти Хустдеҳ ҳузур надоштанд, аз натоиҷи ин музокирот қаноатманд буданд. Барои мисол муовини аввали раҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ мекард, баъди он ки тавассути мухобира аз натоиҷи гуфтушунидҳои Хустдеҳ огоҳ шуд, бегоҳии рӯзи 12-уми декабр аз тариқи бахшҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русии радиои «Озодӣ», бахши форсии Би Би Си дар посух ба суолҳои хабарнигорон изҳор дошт, ки «аз натоиҷи мулоқоти Хустдеҳ қаноатманд нест.

Дар он манофеи мухолифин ба инобат гирифта нашудааст, балки ба муҷоҳиддин хиёнат шудааст». Ба ақидаи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода натоиҷи мулоқоти ду лидери ҷиноҳои сулҳкунанда дар шимоли Афғонистон ба манфиати як тараф, ҷониби ҳукумат, анҷом гирифтааст. Ба фикри ӯ дар ин гуфтушунид марҳум Бурҳониддини Раббонӣ, раиси ҷумҳури Давлати Исломии Афғонистон ва шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъи ин кишвар болои зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва дигар роҳбарони ИНОТ фишор оварданд ва онҳо илоҷе ҷуз ба санадҳо имзо гузоштан надоштанд.

Ва аммо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ин гуфтаҳои муовини аввали худ дар он рӯзҳо чӣ вокунише нишон дод?

Вокуниши устод Нурӣ ба эътирози Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода

Нахуст бояд гуфт, ки қабл аз зӯҳри рӯзи 12-уми декабр, яъне замоне, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ҳанӯз дар мавриди гуфтушунидҳои Хустдеҳ аз тариқи радиоҳо сухан нагуфта буд, дар масҷиди қароргоҳи марказии Ҳаракати НИТ дар Толуқон ҷамъомаде баргузор гардид, ки дар он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Отахон Латифӣ, Ҷумъабой Ниёзов (Худо ҳарсеашонро раҳмат кунад) ва Худойбердӣ Холиқназаров суханронӣ намуда натоиҷи ба дастомадаро дар мулоқоти Хустдеҳ мусбат арзёбӣ карданд.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба хотири пешгирӣ кардан аз нофармониҳо ва саркашиҳои баъзе аз қумандонҳо дар суханронии худ бештар сари масъалаи фарҳанги итоат кардан ба роҳбар ва улиламр таваҷҷӯҳ кард. Ва дар ҳамин ҷо бори аввал дар байни мардум ошкоро аз рафтору кирдори собиқ фармондеҳи кулли нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин Ризвон Содиров ва собиқ қозии маҳкамаи ҲНИТ мулло Абдуғаффор маъруф бо тахаллуси «Южный» бо мушахассан бурдани номи онҳо интиқоди шадид намуд.

Сулх хадяи ХудоИбрози ноқаноатмандӣ кард, ки «чунин хоинон имрӯз ба хотири дар паноҳи яке аз фармондеҳони маъруфи Афғонистон будан аз посух гуфтан барои аъмоли бади хеш эмин ҳастанд». Роҳбари мухолифин агарчи аз фарди мушаххасе ном нагирифт, вале аксарият ҳадс заданд, ки ӯ шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро дар назар дошт.

Рӯзи дигар, 13-уми декабр, рӯзи ҷумъа, устод Нурӣ ва меҳмонон ба назди муҳоҷирини урдугоҳи «Боғи Ширкат» воқеъ дар вилояти Қундуз омаданд. Мардуми муҳоҷир, ки дер боз омадани меҳмононро интизор буданд, ҳама ба тарафи масҷиди ҷомеъи Боғи Ширкат шитофтанд. Ба гуфтаи бархе аз муҳоҷирин «меҳмонон агарчи дер омада бошанд ҳам, вале ҳамчу шер омадаанд». Бо дасти холӣ наомаданд.

Бо армуғоне ба назди онҳо омадаанд. Муждаи насими сулҳро бо худ оварданд. Муҳоҷирин имрӯз ду хурсандӣ доштанд. Яке дидорбинӣ бо меҳмонони арҷманд, ҳамватанони азизи худ ва дуввум хабари ба тавофуқ расидани ду роҳбари тарафҳои музокироти сулҳи байни тоҷикон. Бархе меҳмононро сахт ба оғӯш гирифта «раҳмат» мегуфтанд, иддае аз хурсандӣ ашк мерехтанд. Роҳбари ИНОТ ва саршиностарин намояндагони ин танзим, ки якҷо бо ӯ ба аёдати ҳамватанони ғарибашон омада буданд, қабл аз намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъ суханронӣ намуданд.

Устод Нурӣ созишномаеро, ки дар Хустдеҳ байни ӯ ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, ба Сулҳи Ҳудайбия ташбеҳ дод. «Баъзе аз бародарони ҳамсангари мо, ки берун аз Афғонистон зиндагӣ мекунанду бо ҷузъиёти натоиҷи мулоқоти Шимоли Афғонистон ҳанӯз шинос нестанд, моҳияти ин мувофиқатномаҳои моро, мутаассифона, дарк накардаанд»-, гуфт устод Нурӣ. «Вале боке нест. Ба наздикӣ мо, Худо хоҳад, бо ин бародарон дар Маскав вомехӯрем ва тамоми он нофаҳмиҳоеро, ки дар ин масъала ба вуҷуд омадаанд, бартараф хоҳем кард».

Дар ин ҷо ҳам агар роҳбари мухолифини ҳукумат аз касе мушахассан ном нагирифта бошад ҳам, вале аксаран дарк карданд, ки ин суханҳо ба унвони муовини аввали ӯ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, ки дишаб аз тариқи расонаҳо аз натоиҷи ин мулоқот ибрози нохушнудӣ кард буд, равона шудаанд.

Нурӣ: «Сулҳи мо мушобеҳи Сулҳи Ҳудайбия хоҳад буд»

«Ҳамон тавре, ки «Сулҳи Ҳудайбия» дар замони Расули Акрам (с) ба манфиати мусалмонон анҷом гирифт, мутмаинам, ки ин қарордоди мо низ ба манфиати тамоми мусалмонони ҷумҳурӣ хоҳад буд»,- таъкид намуд устод Нурӣ. Сипас Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар бораи вазъи Афғонистону Тоҷикистон ва минтақа диди хешро иброз намуда хулоса кард, ки дар чунин вазъ ба ҳар роҳ расидан ба сулҳу оштӣ кори дурандешона ва ба манфати мардуми азияткашидаи Тоҷикистон ҳаст.

Ҷумъабой Ниёзов, Худойберди Холиқназаров, Отахон Латифӣ, аъзои ҳайати музокирот дар суханрониҳои худ дар назди муҳоҷирин натоиҷи ба дастомадаи мулоқоти Хустдеҳро як пешравии чашмгире дар роҳи дарёфти сулҳу субот дар кишвар арзёбӣ карданд. Аз ҷумлаи муҳоҷирин низ чанд нафар сухан гуфта ҳамагӣ аз натоиҷи мулоқоти Хустдеҳ дар сатҳи олӣ ибрози хурсандӣ намуданд.

Баъди адои намози ҷумъа меҳмонон бо фаъолияти сохторҳои иҷроияи Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз қабили Кумитаҳои фарҳанг, иршоду маориф, шифохонаи Боғи Ширкат аз наздик шинос шуданд.Сипас як сари қадам ба зиёрати гӯристони муҳоҷирин рафта бо хондани оёте чанд аз Қуръони азимушшаън хотири арвоҳи гузаштагонро шод карданд.

Ҳайати низомиву сиёсӣ омодаи сафар ба Тоҷикистон шуд

Дар ҳамин ҳол ба Давлат Усмон аз хадамоти мухобироти ҲНИТ хабар расид, ки ҷониби ҳукумат ибрози омодагӣ кардааст, ки рӯзи 16-уми декабр яке аз чархболҳои хешро бо як намояндааш ва ҳамраиси Комиссияи назорат бар оташбаси Теҳрон аз ҷониби мухолифин Ҷалолиддини Маҳмуд барои ба Душанбе овардани ҳайати баландпояи низомиву сиёсии ИНОТ ба Толуқон мефиристад. Барои ҳамин ҳам лозим аст-, гуфт Давлати Усмон, аъзои ҳайати баландпояи сиёсиву низомие, ки ба Тоҷикистон эъзом мешаванд, рӯзи 15-уми декабр дар Толуқон ҷамъ шаванд. Рӯзи 15-уми декабр ҳама аъзои ин ҳайат дар Толуқон ҷамъ шуданд.

Дар ҷамъомаде, ки дар рӯзи таъйиншуда дар Толуқон баргузор гардид, Давлати Усмон аъзои ҳайатро ба ҳамдигар ошно намуд. Ӯ, ки муовинии раҳбари ИНОТ ва раисии СМ АНИТ-ро ба ӯҳда дошт, аз ҷониби раҳбари ИНОТ раиси ҳайати баландпояи сиёсиву низомӣ тасдиқ шуд. Султони Ҳамад, дар ин ҳайат муовини ӯ таъйин гардид. Ӯ дар Ҳаракати НИТ ба ҳайси мушовири раҳбар ифои вазифа менамуд.

Ба ҳайат инчунин Мирзомуҳаммадии Навид, раиси Кумитаи фарҳанги Ҳаракати НИТ, Неъматуллоҳи Билол, муовини раиси Кумитаи иршоди Ҳаракати НИТ, Маҳмадалии Ҳаит, сардори бахши СМ АНИТ ва Абдураҳим Юнусов ном сокини ноҳияи Кофарниҳон, ки он замон дар ноҳияи Кофарниҳон зиндагӣ мекард ва баъди ба Тоҷикистон рафтани ин ҳайат ба он бояд мепайваст, аъзо интихоб гардиданд. Барои ин ҳайат иборат аз се нафар бо сардории Назруллоҳи Акобир, яке аз ҳозирбошҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, гурӯҳи муҳофизин таъсис дода шуд.

Ин гурӯҳ бо силоҳу муҳимоти худ мебоист якҷо бо ин ҳайат ба Тоҷикистон мерафт ва дар таъмини амнияти аъзои ин ҳайат дар он ҷо саҳм мегирифт. Номзадии Сафарбеки Бек ва Ҳамдуддини Саъдуддин, ки аз қабл ба ин ҳайат пешбарӣ шуда буданд, ба сабаби ба кори дигари ҲНИТ гузаштанашон, лағв гардид.

(Идома дорад)

СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД- ҚИСМАТИ 17



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi