10:28:10 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 15

 

 

Рӯзи 30 – уми июни соли 1999 Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳодҳои Президенти ҶТ доир ба тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) ҶТ» қабул шуд. Дар худи ҳамин иҷлосия Маҷлиси Олӣ дар бораи рӯзи 26 – уми сентябри соли 1999 гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун) – и ҶТ қарор қабул кард. Тибқи қарори Маҷлиси Олӣ лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун) дар тамоми рӯзномаҳои ҳукуматӣ ба нашр расид.

 

Дар ин мӯҳлате, ки то рӯзи раъйпурсӣ боқӣ монда буд, аз тариқи матбуот, радио ва телевизион доир ба моҳияти ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия барномаву намоишҳои зиёде таҳия ва мунташир мегардиданд. Ин буд, ки мардум бо рӯҳияи баланд ба раъйпурсӣ рафта аксаран ба тарафдории тағйироту иловаҳои воридшуда, овоз доданд. Натиҷаи раъйдиҳӣ роҳро барои ҳарчӣ тезтар ва пурра татбиқ намудани Созишномаи умумии Сулҳ ҳамвор намуд ва имконияту шароитро мусоид сохт. Чунончӣ акнун аъзои КОМ метавонистанд ба таҳияи лоиҳаи қонуни интихоботи парлумонӣ ва қонуни интихоботи намояндагони маҳаллӣ бипардозанд. Зеро мардум ба тарафдории он навъ парламенте, ки лозим медонист, овоз дод.

 

Баъди дар раъйпурсӣ пазируфта шудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ мо дар Комиссияи Оштии Миллӣ иборат аз аъзои зеркомиссияҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ гурӯҳеро созмон додем, ки вазифаи асосии он дар як муддати кӯтоҳ бо назардошти таҷрибаи дигар кишварҳои дунё таҳия намудани лоиҳаи қонун «Дар бораи интихобот» буд. Ин гурӯҳ якҷоя бо коршиносони ҳуқуқии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва ҳайати нозирони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон фаъолият намуда, дар рафти кори худ аз таҷрибаи пешқадами дар ин соҳа ғункардаи институтҳои пешрафтаи дифоъ аз демократияи кишварҳои мутараққӣ истифода намуданд.

 

Мутаассифона, масъалаи таҳияи лоиҳаи Қонун «Дар бораи Маҷлиси Олӣ» низ бо сабабҳои гуногун хеле тӯл кашид. Билохира, дар мулоқоте, ки бо Раиси Ҷумҳур рӯзи 5 – уми ноябри соли 1999, яъне як рӯз қабл аз интихоботи президентӣ доштам, ба хотири баромадан аз бӯҳрони навбатии сиёсие, ки раванди Сулҳро маротибаи чандум буд дунболагирӣ мекард, ҳарду ба санаде маъруф ба номи «Протокол оид ба кафолати сиёсӣ дар давраи омодагӣ ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олӣ» имзо гузоштем. Дар ин ҷо мехостам дар бораи мушкилоти ба вуҷуд омадани Протокол чанд сухан бигӯям.

 

Баъд аз он ки дар мулоқоти рӯзи 02.07.1999 барпогардидаи ману Президент масъалаи таъини фармондеҳи ИНОТ Мирзо Зиёев ба мансаби вазири ҳолатҳои фавқулодда ҳалли ниҳоии худро пайдо кард ва ба дунболи он раҳбарияти ИНОТ аз инҳилоли дастаҳои мусаллаҳи худ ба сохторҳои низомии кишвар эъломияе пахш кард, як муддати нисбатан дарозтаре дар иҷроиши дигар нуктаҳои Созишномаи умумии Сулҳ халал ва монеаҳои сунъӣ пеш омаданд.

 

Масалан, раванди татбиқи қарори Маҷлиси Олӣ Оиди авфи размандагони ИНОТ аз 14.05.1999 бо сабабҳои номаълуме мавқуф гузошта шуд. Аз системаи компютерии ВКД ному насаби авфшудагон берун оварда нашуданд. Озодсозии маҳбусон – ҷонибдорони ИНОТ тибқи рӯйхати 93 нафара, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро бо фармони худ авф карда буд, низ ба дарозо кашид. Таъминоти ҳамаҷонибаи собиқ размандагони ИНОТ, ки ба сохторҳои қудратӣ шомил шуда буданд, хеле бад буд ва ғ.ҳ.

 

Ғайр аз он дар масъалаи одилона ва ба таври демократӣ гузаронидани интихоботи қарибулвуқӯъи Парлумони нави касбӣ низ саволҳо матраҳ буданд. Чунончи ворид кардани намояндагони нави ИНОТ дар ҳайати Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсӣ, ворид сохтани 20 фоиз намояндагони ҳизбу созмонҳои ИНОТ ба ҳайати комиссияҳои ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ, гузоштани имзоҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу созмонҳои сиёсӣ дар бюллтенҳои овоздиҳӣ ва ғ.ҳ.

 

Мутаассифона, аъзои КОМ аз ҷониби ҳукумат ҳалли чунин масъалаҳоро дар салоҳияти Раиси Ҷумҳур медонистанд. Вале ба мулоқоти Раиси Ҷумҳур расидани Раиси КОМ худ ба як проблемаи дигари душвор табдил ёфта буд. Аз ин рӯ намояндагони ИНОТ дар КОМ боз маротибаи чорум буд, ки аз силоҳи санҷидашудаи худ – коршиканӣ истифода карданд. Бояд гуфт, ки аксарияти пешравиҳое, ки дар татбиқи Созишномаи умумии Сулҳ, дар масъалаи иҷроиши Протоколҳои сиёсӣ ва низомӣ ба вуқӯъ пайвастанд, баъди чунин фишорҳои сиёсӣ рух додаанд.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi