00:54:56 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 14

 

 

б) ТАРҲИ ҚОНУНҲОИ СУЛҲ

 

Қабл аз таҳияи тарҳи аввали консепсияи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Андешаҳо» аъзо ва гурӯҳҳои кории зеркомиссияҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қонунҳои асосии кишварҳои мухталифи ҷаҳонро мавриди омӯзиш қарор доданд. Се маротиба семинарҳои байналхалқӣ ва чанд маротиба мизҳои мудаввар бо ширкати мутахассисони хориҷӣ ва дохилӣ оид ба масъалаҳои Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқоисаи он бо қонунҳои асосии кишварҳои дигар гузаронида шуданд.

 

Тарҳи консепсияи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зери унвони «Андешаҳо» дар гуфтугӯи аъзои КОМ маъмул буд, аз тарафи зеркомиссияи ҳуқуқии КОМ моҳи декабри соли 1998 дар ҷаласаи муштараки зеркомиссияи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ки дар он аз ҳарду ҷониб 12 нафар аъзои КОМ иштирок доштанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Аъзои ҳарду зеркомиссия «Андешаҳо» - ро барои баррасӣ ба ҷаласаи КОМ пешниҳод карданд. Тарҳи «Андешаҳо» аз як муқаддимаи мухтасар ва фаслҳои «Сохтори давлатӣ», «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон», «Парламон», «Ҳокимияти иҷроия (Президент ва Ҳукумат)», «Низоми интихобот ва ҳуқуқи интихобот», «Ҳокимияти маҳаллӣ», «Суд», «Прокуратура», «Мақомо-ти тафтишотӣ», иборат буд. Тибқи тасмимоти зеркомиссияҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ «Андешаҳо» мебоист дар ҷаласаи умумии КОМ аввал мавриди муҳокима қарор мегирифт.

 

Ҷониби Ҳукумат таклиф пешниҳод кард, ки баҳс дар атрофи «Андешаҳо» аз боби «Низоми интихобот ва ҳуқуқи интихобот» шурӯъ бишавад ва аз баҳсу мунозираҳо дар атрофи дигар бобҳои «Андешаҳо» сарфи назар бояд кард, ки ба ин албатта ҷониби ИНОТ наметавонист розигӣ бидиҳад. Зеро ин ақида хилофи Созишномаи умумии Сулҳ, аз ҷумла «Протокол дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи Оштии Миллӣ» буд.

 

Дар ин ҳуҷҷат яке аз вазифа ва салоҳиятҳои Президент ва Комиссияи Оштии Миллӣ «ба раъйпурсии умумихалқӣ вогузоштани пешниҳодҳо дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷорӣ» дониста шудааст. Дар ҷараёни нӯҳ ҷаласае, ки аз кадом боб шурӯъ кардани баҳсу мунозираро дар атрофи «Андешаҳо» бояд муайян мекард, тарафҳо натавонистанд ба тавофуқ бирасанд. Ба ибораи дигар бигӯем, дар зарфи беш аз 5 моҳ тарафҳо натавонистанд ба баҳси бевоситаи матолиби «Андешаҳо» шурӯъ кунанд.

 

Масъалаи дигаре, ки барои ба таъхир уфтодани ҷараёни таҳия кардани лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия «мусоидат» кард ин баҳсу мунозираҳо дар атрофи вожаи дунявият буд. Ҷониби ИНОТ дар КОМ даъво дошт, ки фаҳмиши тоҷикии мафҳуми «дунявият» аз фаҳмиши байналмиллалии он фарқи ҷиддӣ дошта, бештар на ба маънои «ғайридинӣ» меояд, балки он маънои «зиддидинӣ» - ро дорад.

 

Аз ин сабаб роҳбарияти ИНОТ пешниҳод намуд, ки оиди аз Конститутсия хориҷ кардани калимаи «дунявӣ» раъйпурсӣ гузаронида шавад. Вале ҷониби Ҳукумат бо ишора ба моддаи 100 -  уми Конститутсия, ки дар он омадааст «…характери дунявии давлат тағйирнаёбанда аст», изҳор намуд, ки ин мавзӯъ аз доираи баҳс берун аст. Ҷониби ИНОТ хилофи моҳияти моддаи 100 – уми Конститутсия набуд. Танҳо мехост, ки аз ин модда калимаи «дунявӣ» бардошта шавад.

 

Баҳсу мунозираҳо атрофи ин масъала ҳатто берун аз доираи КОМ бо матбуоти даврӣ кашида шуд. Он хеле домандор буд. Кишварҳои гурӯҳи Тамос, созмонҳои байналмиллалӣ аз ба дарозо кашида шудани ҳалли ин масъала изҳори нигаронӣ мекарданд. Билохира ин масъала низ ҳамчун соири масъалаҳои дигар баъди аз ҷониби Раиси Ҷумҳур ва Раиси КОМ ба имзо расидани санади маъруф ба «Протоколи 17 – июн» ҳаллу фасли худро пайдо намуд.

 

Воқеан Протоколи 17 – июни соли 1999, ки аслан «Протоколи татбиқи хулосаи гурӯҳи кории Ҳукумат ва ИНОТ» ном дорад, яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим ва нодире ба шумор меравад, ки он аз тарафи Президенти ҶТ ва раҳбари ИНОТ дар даврони фаъолияти КОМ ба имзо расидааст. Яъне дар он давроне ба имзо расидааст, ки мебоист асноди Созишномаи умумии Сулҳ бо ҳаёт татбиқ шаванд ва эҳтиёҷ бо қабули дигар ҳуҷҷатҳои иловагӣ набошад.

 

Вале мутаассифона раванди истиқрори Сулҳ проблемаҳои нав ба навро пеш меовард, ки роҳҳои ҳалли онҳо дар асноди аз  ин пеш қабул шуда ё сабт нагардида буданд ё бурузи чунин мушкилот ғайриқобили пешбинӣ буд. Имзои ин протокол аз тарафи раҳбарони ду ҷониб 17 июни соли 1999 як бори дигар далели равшани он аст, ки раванди мусолиҳа бо имзои Созишномаи умумии Сулҳ амали анҷомёфта, набудааст, чи тавре, ки онро баъзе таҳлилгарону сиёсатмадорон исбот карданӣ мешаванд.

 

Мутаассифона, вақтҳои охир баъзе тадқиқотчиён ақидаеро таҳмил карданӣ мешаванд, ки тибқи он гӯё мусолиҳаи байни тоҷикон то имзои Созишномаи умумии Сулҳ амали дуҷониба будаасту халос. Баъдан гӯё раванди истиқрори Сулҳу оштии миллиро танҳо раҳбарияти ҷумҳурӣ назорат ва татбиқ кардааст. Чуноне, ки дидем ин ақидаи ботил аст. Хонандаи азиз, агар шумо ба мазмуни ин Протокол шиносоӣ пайдо кардан хоҳед, лутфан ба замимаи рисолаи дар даст будаатон руҷӯъ биёред. 

 

Рӯзи 28 – уми июни соли 1999 дар мулоқоти навбатии хеш ман лоиҳаи тағйроту иловаҳо ба Конститутсияро ба Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод кардам. ӯ дар навбати худ онро ба иҷлосияи 12 – уми Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ барои арзёбӣ фиристод. Дар ҷаласае, ки 30 – уми июн ба ин муносибат доир гашт Раиси Ҷумҳур шахсан ширкат карда аз вакилони мардумӣ хоҳиш намуд, ки лоиҳаро қабул кунанд ва санаи раъйпурсиро таъин намоянд. Тағйирот ва иловаҳои пешниҳодшуда, асосан аз инҳо иборат буданд:

 

-Таъсисипарлумонидупалатагӣ (моддаи 54)

-ИнтихобивакилониМаҷлисипоёнӣдарасосибаробар, батавримустақимваовоздиҳиипӯшида (моддаи 49)

-Интихоби 75 фоизивакилониМаҷлисиболоӣазҷонибимақомотимаҳаллӣазтариқиовоздиҳиибевоситаватаъини 25 фоизибоқимондаазҷонибиРаисиҶумҳур (моддаи 49)

-ТаъсисиШӯроиАдлия, кидартаъинваозоднамуданисудяҳодарҳамаисатҳҳоиштирокхоҳадкард:

ҷозат додан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсии характери диннӣ дошта (моддаи 28)

-Дароз намудани мӯҳлати салоҳияти Раиси Ҷумҳур аз 5 то 7 сол бе имконияти пай дар пай интихоб шудани он (моддаи 65)

 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2851----lr-14.html

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi