«Савганди сулҳофаринӣ»- китоби нав дар бораи раванди сулҳсозӣ
Дирӯз, 2-юми июни 2017, дар Душанбе дар чаҳорчӯбаи маҳфили профессор, устод Иброҳим Усмонов муаррифии китоби тозанашри мавсуф «Савганди сулҳофаринӣ» баргузор гардид. Китоб таҳти назари академик Назаров Т. Н. дар чопхонаи ҶДММ «Бебок» ба нашр расидааст. Муҳаррири масъули он доктори илмҳои филологӣ, профессор А. Сатторзода мебошад.
Чи тавре, ки дар худи китоб навишта шудааст, «ин рисола барои муаллимон, мубаллиғон, олимон, сиёсатмадорон ва ҳамаи онҳое пешбинӣ шудааст, ки таърихи халқ ва миллати худро донистан мехоҳанд. Дар рисола шарҳ ва сиёсат нест. Муаллиф воқеа ва ному рақамҳоро чуноне, ки ҳастанд, зикр кардааст. Ҳар кас мувофиқи диди худ ва шинохту майли сиёсии худ онҳоро маънидод карда метавонад. Худо инсофаш диҳад, ғалат намекунад». Дар идома омадааст, ки «ин аввалин китоб ба ёди иштироккунандагони раванди сулҳсозӣ буда, ба 20-солагии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Китоб бо акс ва ин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад:
«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Дар баҳсу мунозираҳо атрофи ин китоб ва раванди истиқрори сулҳу оштии миллӣ дар кишвар ширкаткунандагони ин маҳфил Сайфуллоҳ Сафаров-муовини директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлат Усмон, собиқ муовини раҳбари ИНОТ, Аҳмадфаҳими Куҳдоманӣ, пажуҳишгари масоили сиёсии Афғонистон, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон, Файзи Олӣ, ҳуқуқшинос, Латиф Ҳадязода, Нуралӣ Давлатов, Саидҷалоли Саид, Акрами Санг, рӯзноманигорони муҳаққиқ, Мӯсо Асозода, ҷомеъашинос ва дигарон ширкат карданд.
«Рӯзгор»