17:28:08 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧАНД МУШКИЛАИ МУҲИТИ ФИКРИИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО БА МАВҚЕИ МИЛЛӢ НАМЕРАСЕМ? - 6

Абдуллоҳ Ҳаким Раҳнамо - номзади илмҳои сиёсӣ, коршиноси масъалаҳои муносибати дин ва давлат

16.Ахбори бегона - мавқегирии бегона

Ҷанбаи хеле навтар, вале фарогиртари ин паҳлӯи тафаккури истеъморзада дар Тоҷикистони муосир, ки монеъи ташаккули дидгоҳи худӣ ва мавқеи миллӣ гаштааст, ташаккули зеҳнияти хабарию иттилоотии ҷомеа дар заминаи ахбори бегона мебошад.

/images/stories/2012/05/15_hakim-rahnamo-15512.jpgИмрӯз тамоми маълумоту тасаввури мо дар бораи равандҳои ҷаҳонӣ, ҳодисаҳои ҷаҳон, шахсияту гурӯҳу ҳизбу ҳаракатҳои хориҷӣ ва умуман, авзои ҷаҳонӣ дар заминаи ахбори шабакаҳои иттилоотии ғайрихудӣ ташаккул меёбад. Дар заминаи ин ахбор мо дар зеҳни худ бо «Толибон» меҷангем, «Ҳамос»-ро маҳкум мекунем, бо «барномаи ҳастаӣ»-и Ирон мухолифат меварзем, аз суқути Қаззофӣ хурсандӣ мекунем…, зеро расонаҳои хабарии «ҷаҳонӣ» чунин талаққӣ мекунанд.

Зимни шунидани ахбори ҷаҳон мо қариб фикр намекунем, ки манбаи ин хабар кадом расона будааст ва ҳадафу сиёсати хабаргузории он чист? Мо ҳаргиз фикр намекунем, ки масалан, БиБиСи аз кист ва СиЭнЭн аз кист ва Евронюс аз куҷост ва ҳар яки онҳо чӣ мехоҳанд. Вақте мо дар дарозмуддат ҳамарӯза ахбори онҳоро мешунавем, тасаввури онҳо ба тасаввури мо, ҳақиқати онҳо ба ҳақиқати мо табдил меёбад.

Вале ин расонаҳо ҳеҷ хабарро бе ҳадаф пахш намекунанд ва ҳеҷ истилоҳро беҳуда истифода намебаранд. Кӣ террорист аст ва кӣ нест, кӣ экстремист аст ва кӣ нест, кӣ диктатор аст ва кӣ нест, кадом кишвар нақзкунандаи ҳуқуқи башар аст ва кадомаш нест, инро на шабакаву хабаргузориҳо, балки соҳибони воқеии онҳо муайян мекунанд. Ва нақши шабакаҳои бузурги хабарӣ дар зеҳни ҷомеа ҷой намудани мавқеи соҳибони онҳост. Албатта, бо тафовут аз расонаҳои расмии мо, онҳо ин вазифаи худро то ҷое касбӣ анҷом медиҳанд, ки мо онро ҳамчун ҳақиқати мутлақ мепазирем.

Маҳдудиятҳои фикрӣ, сатҳи поёни касбӣ, надонистани забонҳо ва фақри молӣ имкон намедиҳад, ки расонаҳои мо худ ба манбаи хабар табдил шаванд ва диди худро низ дар бораи равандҳои ҷаҳонӣ ироа намоянд. Масалан, дар ҳоле, ки мо бо Афғонистон беш аз ҳазор километр марзи муштарак дошта, ҳамсояи наздиктарин ва кишвари ҳамзабон ҳастем, ҳатто дар ин кишвар як хабарнигор надошта, ахбори Афғонистонро аз расонаҳои бегона мегирем ва онро фақат такрор мекунем.

Вале чун соҳибони аксари ин расонаҳо дар Афғонистон ҳузури низомӣ дошта, хоки ин кишварро ишғол кардаанд, нисбати гурӯҳҳои гуногуни афғонӣ мавқеъ ва назари худро доранд. Пас, расонаҳои мо низ нохудогоҳ мавқеъ ва таърифу тафсиру истилоҳоти онҳоро такрор намуда, муносибату мухолифату зеҳнияти онҳоро нисбати бахшҳои гуногуни ҷомеаи Афғонистон ба ҷомеаи мо интиқол медиҳанд. Ва ин раванд на танҳо рӯи тафаккури сиёсии мардуми оддӣ, балки рӯи андеша ва ҳатто мавқеъгирии нухбагони фарҳангӣ ва сиёсии мо низ таъсири амиқ мегузорад.

Ва мо зери таъсири ин таблиғу ахбор гоҳе ба мубориза бо «экстремизм» мепайвандем ва гоҳо ба эътилофҳои «зиддитеррористӣ» ҳамроҳ мешавем, дар ҳоле, ки тарроҳони ин муборизаву эътилофҳо гоҳо зери ин мафҳумҳо худи мо, дини мо ва арзишҳои моро дар назар мегиранд. Ҳамин тавр, як паҳлӯи тафаккури истеъморзада ҳамин аст, ки мо зери таъсири таблиғу тафсири расонаҳои хабарии истеъморӣ гоҳо дар муқобили худ мавқеъ мегирем ва гоҳо бо худ меҷангем…

Бо афзоиши равандҳои глобализатсионӣ, вобастагии зеҳни мо ба иттилооти бегона дар солҳои ахир боз ҳам рӯшантар шудааст. Акнун баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ ин воқеиятро ба хубӣ истифода намуда, гоҳ-гоҳе бо пахши хабарҳои «такондиҳанда» ҷомеаи моро ба такон меоранд…

Хулоса, маҳдудиятҳои муҳитӣ ва имконии матбуот ва шабакаҳои хабарии дохилӣ ва заифу камтаъсир боқӣ мондани онҳо ташаккули муҳити хабарии кишвар ва тафаккури ҷомеаро дар ихтиёри ахбори бегона қарор медиҳад. Бешакк, ин вобастагии зеҳнии ҷомеа ва нухбагони мо ба фазои хабарӣ ва иттилооти бегона яке аз нуктаҳои заъфи амнияти миллии мо ва яке аз монеаҳои ҷиддии ташаккул ёфтани мавқеи миллӣ дар ҷомеаи мо мебошад.

17.Мушкилаи «тоҷик будан»

Ва дигар ин, ки мо бисёр одат кардаем, ки кору афкори ҳамватанони худ ва хусусан, ҳамватанони зиндаи худро чандон ҷиддӣ нагирем ва онро эътироф накунем. Зеро, шояд аз давраи истеъморӣ дар зеҳни мо нишастааст, ки ҳамватани мо наметавонад идея ва ё назарияи ҷиддӣ ва тозае биофарад. Аз ин рӯ, агар рӯи ҷилди китобе номи хориҷие чун «Ҷ.Ҷексон» ё «А.Алексеев» навишта шуда бошад, ба он китоб бисёр ҷиддитар нигоҳ карда, онро чун «адабиёти илмӣ» зикр карда, аз он бо камоли майл иқтибосҳо меоварем. Вале агар рӯи ҷилди он номи яке аз ҳамватанони зиндаи мо бошад…

Масалан, ҳангоми пешниҳоди мақолаҳо ба нашрияҳои илмии дохилӣ ё семинару конференсияҳо ва ё ҳангоми муҳокимаи корҳои илмӣ, гоҳо шоҳиди он мешавем, ки масъулони илмӣ аз феҳристи иқтибосҳо ва рӯйхати китобҳо номи муаллифони зиндаи ватаниро хат зада, ё бо будани номи онҳо мухолифат карда, изҳор мекунанд, ки «ӯ худаш кист?», «вай олим нест», «китоби ӯ илмӣ нест» ва ғайра. Вале чӣ ҷои пӯшидан, ки дар бисёр мавридҳо эроди аслӣ ҳамин тоҷик будан ва ҳамватани худи мо будани муаллиф аст… Мо дар солҳои охир ҷашну ёдбуду бузургдошти бисёре аз ҳамватанону ҳамтаборони бузурги худро ҷашн мегирем, вале зоҳиран, чунин менамояд, ки барои ба ин феҳрист дохил шудан як шарти бисёр асосӣ низ гузоштаем: зинда набудани соҳибҷашн…

Ин нигоҳи нописандона нисбати ҳамватанони зиндаи худ яке аз осори ҷиддии тафаккури истеъморзада мебошад. Зеро ҳанӯз дар давраи шӯравӣ маъмӯл шуда буд, ки агар касе аз байни мо соҳиби андеша ё дорои нишондиҳандаҳои баланди илмию ҷамъиятӣ гардад, овоза мешуд, ки ӯ ҳатман ё яҳудӣ аст ё аз қавме дигар. Ва дар бораи аксари касоне аз миллати мо, ки дар соҳаи худ ба ҷое расидаанд, мо ин гуна тамғаҳоро шунидем. Борҳо шунидаем, ки фалонӣ он қадар доност, ки ба назарам шояд яҳудист…

Яъне, зери таъсири ин тафаккур, мо баъзан эҳтимол намедодем, ки тоҷик ҳам метавонад доно бошад, соҳибназар бошад... Гарчӣ тамоми олам ҳанӯз ҳам аз ақлу хиради фавқулинсонии Абуҳанифа(р), Ибни Сино, Ғаззолӣ ва Румӣ дар ҳайрат аст, вале истеъморзадагӣ ворисони онҳоро ба ҳадде залил кардааст, ки ҳар каси боақлу пурталошу муваффақро ҳатман ғайритоҷик ё яҳудӣ мепиндоранд...

Ин вазъият ва паҳлӯҳои дигари он нишон медиҳад, ки «ҷомеаи мо, аз ҷумла, бахше аз нухбагони илмию фарҳангию фикриву сиёсии он ҳамоно дар асорати тафаккури истеъморзада боқӣ монда, бо навъе механизми дарунии худбохтагӣ ва худкушӣ гирифтор мебошад. Ҳоло барои истеъморгарон чандон ҳоҷате нест, ки бо роҳе ё барномаи махсусе моро ба низоъ бикашад ё аз роҳи рушду пешрафт бизанад.

Мо худ иҷозат нахоҳем дод, ки касе аз миёни мо рушд ёбад, озода бошад, мустақил шавад, соҳибназар гардад. Мо ҳатман чунин фардро шиносоӣ намуда ба ӯ тамғаи «амниятӣ» ё «муздур» ё «омили бегона» ё «идеологи фалон доира» ва дигару дигар зада, ӯро аз назари фикриву равонӣ мекушем… ва баъд аз он аз назари физикӣ будану набудани ӯ муҳимм нест» (Ниг.: Тафаккури истеъморзада // Миллат, 2008).

Шояд ин мушкили аз сӯи ҳамватанон эътироф нашудан ва ё мушкили «тоҷик будан»-ро бисёре аз истеъдодҳо, муаллифон ва соҳибназарони зиндаи тоҷик дар худ эҳсос карда бошад. Ва барои расидан ба як «мавқеи миллӣ» ин мушкила низ бояд ҳарчӣ зудтар гузарад.

18. «Абдуллоҳи Раҳнамо идеологи кист?»

Ва ниҳоят бояд ба ин савол низ ҷавоб диҳем, ки Абдуллоҳи Раҳнамо, яъне нависандаи ин сатрҳо, идеологи кист? Яъне, ӯ дар навиштаҳояш назари киро, манфиати киро ва мавқеи киро ифода мекунад ва инкишоф медиҳад? Ин як саволи сохта набуда, масъалаест, ки муаллиф ҳамвора бо он дар ҳамин шакл рӯ ба рӯ мегардад.

Баъзан, навиштаҳои ӯро хонда, дӯстон хулоса мегиранд, ки ӯ «идеологи Ҳизби наҳзати исломӣ» аст, баъзан, ба хулоса мерасанд, ки ӯ «идеологи ҳукумат» аст, баъзан нақши ӯро «стратеги домулло Ҳ.А.Тураҷонзода» ва гоҳи дигар, баракс, «идеологи дастгоҳи амниятии давлат» мешуморанд, гоҳи дигар андешаву мавқеи ӯро ба ин ё он доира ё ҳатто кишвари хориҷӣ нисбат доданӣ мешаванд. Ҳамин тавр, бахше аз таҳлилгарону муаллифони мо ҳатто эҳтимол намедиҳанд, ки чизе васеътар аз ин ва сатҳе болотар аз ин низ вуҷуд дорад: сатҳи миллӣ ва сатҳи давлатдорӣ, мавқеи миллӣ ва мавқеи давлатмеҳварӣ.

Аз ин рӯ, дар посух ба ин савол, ки «Абдуллоҳи Раҳнамо идеологи кист?», яъне ифодагари манфиати кӣ ва назариясозу назарияпардози кист, метавон посух дод, ки ӯ на идеологи як шахсу гурӯҳу ҳизб, балки идеологӣ ваҳдати миллӣ, идеологи давлату давлатдории миллӣ, идеологи суботу амнияти кишвар, идеологи арзишҳои миллӣ, идеологи манфиатҳои миллӣ ва идеологи рушди миллӣ мебошад.

Исботи инро метавон дар навиштаҳои ӯ ҷустуҷӯ намуд. Агар ба маҷмӯи китобу навиштаҳои ӯ бо дидаи инсоф нигариста шавад, паёми аслӣ ва мағзи асосии онҳоро маҳз мавқеи миллӣ ташкил медиҳад. Дар тамоми ин навиштаҳо талош шудааст, ки дар заминаи воқеиятҳои мавҷуда ба сӯи ваҳдати миллӣ, ба сӯи амнияти миллӣ ва ба сӯи идеяи ягонаи миллӣ роҳ бурда шавад.

Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи уламои исломии Тоҷикистон менависад, зеро уламои исломӣ як бахши асили ҷомеа ва як омили муҳимми таъйинкунандаи фазои маънавии ҷомеа мебошанд. Ӯ дар бораи Ҳизби наҳзати исломӣ менависад, зеро ин ҳизб низ бахши ҷудоинопазири фазои сиёсии Тоҷикистон ва фаъолияти он низ бахше аз таҷрибаи арзишманди миллии тоҷикист.

Ӯ дар боби амнияти миллӣ менависад, зеро амнияти миллӣ як зарурати ҳаётии ҳар фард ва як шарти аслии бақо ва рушди миллату давлат аст. Ӯ дар боби мазҳаби ҳанафӣ менависад, зеро мазҳаби ҳанафӣ яке аз пояҳои аслии ваҳдату амнияти миллист. Ӯ дар бораи раҳоӣ аз тафаккури истеъморзада менависад, зеро то замони  пушти сар нашудани ин тафаккур мо наметавонем ба андешаи мустақил бирасем. Ӯ дар бораи давлати миллӣ менависад, зеро дар асри ҳозир маҳз дар ҳамин чорчӯби сиёсӣ таъмини бақои миллӣ имконпазир аст.

Пас, ҳеҷ яке аз ин осори нашршуда ба маънои назарияпардозӣ барои ин ё он ҳизбу гурӯҳ ё инъикоси манфиати ин ё он ниҳод нест, балки вақте ба ин ҳизбу гурӯҳу ниҳодҳо аз сатҳи миллӣ нигариста шавад, ҳамаи онҳо бахшҳое аз як фазои васеи ин ҷомеа ва бахшҳое аз як раванди бузурги миллӣ мебошанд.

Албатта, агар аз мавқеи шахсӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ ё ниҳодӣ нигарем, ҳамаи онҳо дар рақобату мубориза қарор доранд, вале, дар як нигоҳи миллӣ метавон дид, ки манфиатҳои миллӣ ҷойи пайванди зиёиён ва рӯҳониён, нуктаи умумӣ барои диниён ва дунявиён, мавзӯи муштарак байни ҳизби исломию ниҳодҳои амниятӣ, манфиати умумии ҳукумат ва ҳизбҳои сиёсӣ, хулоса, меҳвари умумиест, ки ҳамаи ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ҳамаи нирӯҳои сиёсию ҷамъиятӣ бояд дар атрофи он давр зананд.

Албатта, таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи мо шарҳи чунин назар ва хусусан, доштани чунин мавқеъ бисёр душвор аст ва бисёр вақт он аз тарафи дӯстон фаҳмида намешавад ё гоҳи дигар аз сӯи нирӯҳои сиёсию ҷамъиятӣ пазируфта намешавад. Чунин муаллифон гоҳо аз ҳар тараф «зарба» хӯрда, гоҳо танҳо мемонанд (Замони зери чоп будани ин навишта ҳодисаи аҷибе пеш омад, ки зикри он барои исботи чунин ҳолати чунин муаллифон бисёр ҷолиб аст:

Рӯзи 14.12.2011 банда дар конфронси Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ дар мавзӯи «Таҷрибаи миллии Тоҷикистон дар танзими фаъолияти ҳизби сиёсии дорои характери динӣ дар шароити давлати дунявӣ» суханронӣ доштам, ки паёми аслии он гузаштан аз «мавқеи ҳизбӣ» ба «мавқеи миллӣ» ва ба ин восита усувор кардани ваҳдати миллӣ буд. Рӯзи 21.12.2011 нашрияи «Озодагон» дар атрофи ин суханронӣ матлаберо нашр намуда, номи матлабро «Тафриқаандозӣ миёни аҳзоби сиёсӣ ба нафъи кист?» ниҳода буд ва муаллифи мақола моҳияти он суханрониро ба таври дигар шарҳ медод….

Вале нуктаи ҷолибтар ин буд, ки ду рӯз пас аз нашри ин матлаб яке аз дӯстони баландпоя ба банда чунин паём дод: «Мо навиштаатонро таҳлил кардем ва ба хулоса расидем, ки Шумо 30% аз мо ва ҳанӯз ҳам 70 % аз онҳо, яъне аз наҳзат будаед». Банда рӯи ин ибораи ҷиддии дӯсти бисёр ҷиддии худ ба фикр фурӯ рафта, ба чорроҳаи назди ТВ «Сафина» расидам, ки бо яке аз масъулони ҲНИТ рӯ ба рӯ шудам. Эшон, ки низ дар нашрияи худ аз суханони банда дар он конфронс сахт танқид карда буд, чунин гуфт:

«Мо ба хулоса расидем, ки Шумо ҳамагӣ 1% аз мо ва 99% аз онҳо, яъне аз ҳукумат ҳастед»… Ба назарам, ин ҳодиса тамоми мушкили доштани як мавқеи мустақил дар ҷомеаи тақсимшудаи моро ба хубӣ инъикос карда, ба шарҳи бештаре ниёз надорад.). Вале бо вуҷуди душвориҳо расидану гузаштан ба чунин мавқеъ бисёр зарур аст. Бисёр зарур аст, ки хусусан, рӯшанфикрону таҳлилгарони мо ба тадриҷ ба мавқеи миллӣ гузаранд.

19.Арзишҳои усулии муаллиф

Таҷрибаи кори тӯлонӣ дар фазои илмию фикрию сиёсӣ, ширкат дар даҳҳо ҷамъомаду конфронсу семинарҳои илмию амалӣ, чопи даҳҳо мақолаю мусоҳиба ва чандин китоби таҳлилӣ нишон дод, ки дар ҷомеаҳои тақсимшудаи пасазистеъморӣ матраҳ намудани фикри тоза, ба миён гузоштани масъалҳои нав ва таҳлили воқеъбинонаи вазъият ва истодан дар мавқеи миллӣ ва ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ коре басе душвор ва бисёр пуразият мебошад. Ҳар порае аз ҷомеаи порагашта асосан манфиати худро асл ва биниши худро ҳақиқат дониста, падидаҳоро аз манфиати гурӯҳӣ ва аз мавқеи ҳизбии худ баҳо медиҳад.

Дигар ин, ки гоҳо шумо дар амал эҳсос хоҳед кард, балки хоҳед дид, ки доштани мавқеи миллӣ на ба ҳама писанд мебошад. Зеро гоҳо аз шумо хоҳанд хост, ки мавқеи сатҳи миллиатро канор гузор ва маҳз дар хидмати гурӯҳи ман, ҳизби ман ё маҳалли ман бош.

Пас, дар чунин муҳит чӣ бояд кард?

Дар натиҷаи бархӯрду соишҳои тӯлонӣ ин ҳақиқат ба таври таҷрибӣ маълум шуд, ки ҳаргиз ҳеҷ андешае ва ҳеҷ навиштае наметавонад назари ҳамагонро қонеъ кунад ва ҳамагон аз он розӣ бошанд. Аз ин рӯ, ҳар муаллифе бояд барои худ арзишҳо ва меъёрҳои устувореро дошта бошад, то ҳангоми кор онҳоро пешорӯи худ оварда, пеши виҷдони худ дар хиҷолат набошад.

Агар ин арзишҳои устувор мушаххас набошанд, талошу зарурати писанд омадан ба ин ё он масъул, ҳизб, гурӯҳ ё ниҳод муаллифро ба шахси бешахсият ва бемавқеъ ва беусул табдил медиҳад. Ва табиист, ки нависандаи беусул (бе принсип) осори беусулро ба миён меорад, муаллифи беарзиш осори беарзишро ба вуҷуд меоварад. Дар забони динӣ чунин муаллифони беарзишу беусулро мунофиқ меноманд.

Дар пайи ин таҷрибаи амалӣ ва ба дунболи андешаю тааммули тӯлонӣ, барои раҳоӣ аз ин бӯҳрон банда чор асли зеринро барои корҳои таҳлилии худ ҳамчун меъёр ва арзиши аслӣ қарор додаам:

1.Ин навиштаҳо бояд ба дину ақидаам мухолиф набошанд. Яъне, ҳамчун фарди мӯъмин ва мусулмон, талош хоҳам намуд, ки навиштаҳоям ба усулҳои исломӣ, ба ақида ва имони банда, ба таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, ки мардуми кишвари мо асосан пайравӣ он ҳастанд, мухолифати усулӣ ва огоҳона надошта бошанд. Албатта, банда олими динӣ ва муҷтаҳиди шаръӣ нестам ва матнҳои динӣ, фиқҳӣ ва ақидатӣ наменависам, ки мустақиман мавзӯи баҳси динӣ қарор гиранд. Балки, манзур ин аст, ки то ҷое, ки ташхис дода тавонам, талош мекунам, ки навиштаҳоям бар зидди ин арзишҳо ва бар зидди манфиатҳои мардуми мусулмони кишварам набошад.

2.Ин навиштаҳо бояд ба манфиатҳои миллӣ ва давлатии кишварам мухолиф набошанд. Яъне, ҳамчун шаҳрванд ва фарзанди Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талошро ба харҷ медиҳам, ки навиштаҳоям ба асли давлатдорӣ, ба истиқлолияи давлатӣ, ба манфиатҳои миллӣ, ба суботу амнияти миллӣ, ба рушду саодати ҷомеаи мо мухолиф набошад, балки ба ҳимояту тақвияти ин аслҳо мусоидат намоянд.

3.Ин навиштаҳо бояд бо илму мантиқ мухолиф набошанд. Яъне, ҳангоми навиштан то ҳадди тавон меъёрҳои илмӣ, равишҳои таҳлилӣ, мавқеи одилонаю объективӣ, воқеъбинию амалгароии илмӣ ва ғайра риоят шаванд, то ҳар кори ироашуда пояи муносиби таҳлилӣ ва мантиқӣ дошта бошад. Сониян, дар ин навиштаҳо бояд ғаразу кинаву бадбинӣ, манфиати гурӯҳию шахсӣ ва хусусан, такзиби огоҳонаи воқеиятҳо ва таҳрифи огоҳонаи ҳақиқатҳо ҷой надошта бошанд.

4.Ин навиштаҳо бояд ба суботу ваҳдати миллӣ ҳидоят ва мусоидат намоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки суботу ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои усулиест, ки бе он амалӣ намудани ҳеҷ тарҳи сиёсию ақидатӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва динию фарҳангӣ имконпазир нест. Аз ин рӯ, гарчӣ суботу амният худ ҳадафи ниҳоии як ҷомеа нест, вале он як шарти ҳаётиест, ки бидуни он ҳеҷ ҷомеа ба ҳадафҳои ниҳоии худ намерасад.

Дарки ботиниию таҷрибии ин масъала ва низ, таҷрибаи фоҷеабори низои шаҳрвандӣ ба банда иҷозат намедиҳанд, ки дар навиштаҳои худ аз меъёри суботу амният ва ваҳдати миллӣ сарфи назар намоям. Албатта, эҳсос мешавад, ки риояти ин меъёр навиштаҳои бандаро гоҳо муҳофизакорона менамоёнад, ки гоҳо боиси эътирози дӯстони хунгарму ҷавон низ мешавад, вале хулосаи таҷрибии банда ҳамин аст, ки мо бояд ба сӯи фардои худ оромона, вале устувор ҳаракат намоем. Ҳаракате бе шикастани зарф...

Ин аст арзишҳои усулии муаллиф, ки дар ҳадди фаҳмиш ва тавони худ, худро ва навиштаҳои худро гаштаву баргашта бо он месанҷад. Агар ин навиштаҳо ба ин арзишҳои усулӣ мухолиф набошанд, пеши виҷдони инсонӣ, динӣ, миллӣ ва илмии худ ором мемонам. Вале, агар ба ин арзишҳо мутобиқ набошанд, пеш аз ҳама, худам дар муқобили он навиштаҳо қарор хоҳам гирифт ва ба ислоҳи онҳо хоҳам пардохт.

Аммо, агар навиштаҳои банда ба арзишҳои усулии зикршуда мутобиқ бошанд, аз ин ки чун ҳамеша ва ба таври табиӣ, барои шахсе, мудире, масъуле, ҳизбе ё ниҳоде писанд наоянд, дигар чандон малӯл ва ҷигархун намешавам. Ин аст меъёри имрӯзи муаллиф ва навиштаҳои ӯ. Ва агар ҷое ин арзишҳо дуруст риоят нашуда бошанд, ҳатман аз камдиққатӣ ва ноогоҳии худи муаллиф будааст, ки ба маҳзи аз тарафи дӯстон дӯстона собит шуданаш ҳатман тасҳеҳу ислоҳ хоҳад шуд.

Ва агар савол шавад, ки кадоме аз ин арзишҳои зикршуда муҳимтар аст, посух чунин аст, ки барои банда ҳамаашон муҳимманд. Агар онҳоро дар як ибора ё як формула ҷамъ оварем, чунин аст: як фарди мусулмони тоҷик(1) ба хотири таъмини манфиатҳои миллии Тоҷикистон(2) бо риояти меъёрҳои илмию мантиқӣ(3) дар мавзӯи суботу амнияту ваҳдати миллӣ(4) менависад.

Ва агар боз ҳам савол шавад, ки оё ин арзишҳо бо ҳам дар тазодд нестанд ва оё онҳо бо ҳам ҷамъ мешаванд? Посух чунин аст, ки шояд дар таърифҳои хоссае, ки дар доираҳои илмии пасошӯравӣ аз мафҳумҳои «дин», «миллат» ва «илм» роиҷанд, байни ин мафҳумҳо ва арзишҳо ихтилофҳое ба назар расанд. Вале дар таърифи саҳеҳу воқеъбинонаи ин мафҳумҳо ва хусусан, дар воқеиятҳои бофти ҳувиятӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ин арзишҳо ва меъёрҳо дар муқобили ҳамдигар қарор намегиранд.

Ва шояд хушбахтии мо дар Тоҷикистон дар ҳамин бошад, ки миёни арзишҳои ҷории динӣ, миллӣ, давлатӣ ва мардумии мо ихтилофи усулӣ вуҷуд надорад (Чун ин масъала дар навиштаҳои дигари муаллиф ба таври муфассал бозкушоӣ шудааст, ин ҷо ба ҷузъиёти он намепардозем. Ниг.: Абдуллоҳи Раҳнамо. Ислом ва амнияти миллӣ.-Душанбе: Ирфон, 2011). Ин ҳолати то ҳадде нодир аст, вале хушбахтона чунин аст. Маҳз ин воқеият имкон медиҳад, ки арзишҳои зикршуда дар муқобили ҳам қарор нагирифта, ҳамзамон бо ҳам эҳтиром гарданд, риоят карда шаванд ва ҳатто, риояти яке риояти дигареро тақозо кунад.

20.Аҳаммияти нақди созанда: нуктае дар хотима

Нуктаҳое, ки дар боло оварда шуданд, навъе осебшиносии мухтасари муҳити фикрии мо ва ё баршумории баъзе аз осебу мушкилаҳое мебошад, ки имрӯз низ дар фазои фикрӣ ва сиёсии ҷомеаи мо каму беш боқӣ монда, ба рушди солими он ва ба раванди ташаккули мавқеи миллӣ таъсири манфӣ мегузоранд. Шояд вақти хондан эроде ба зеҳн расида бошад, ки муаллиф дар баъзе мавридҳо аз таҷрибаи худ мисол зада, онро ҳамчун вазъияти умумӣ ба қалам додааст. Дар шарҳи ин масъала бояд гуфт, ки чунин иқдом сабабҳои зерин дорад:

1.Мисолҳое, ки аз таҷрибаи муаллиф омадаанд, ҳамагӣ воқеӣ ва устувор мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо ҳамчун далелҳои мӯътабар барои баёни хоссагиҳои муҳити фикрию сиёсии мо ёдоварӣ шудаанд. Зеро вақте далелҳо ростин ва мӯътабаранд ва вақте таҷриба таҷрибаи худист, инсон бо боварӣ сухан мегӯяд.

2.Ба хотири эҳтироми дигарон, ба хотири дар хиҷолат нагузоштани дигарон ва хусусан, ба хотири дубора ёдрас нашудани муносибатҳои ноҳамвори байни афроди ҷомеа, аз зикри мисолҳои маълуму бешуморе, ки дар бораи ихтилофҳои дигарон ва дар бораи муносибатҳои ноҳамвори дигарон бо дигарон дар даст ҳастанд ва хусусан, аз зикри бисёре аз номҳои инсонҳо худдорӣ намудам.

Вале, ин ҳаргиз ба он маъно нест, ки вазъияти зикршудаи муҳити фикрию сиёсии мо фақат нақли таҷрибаи шахсии муаллиф будааст, балки, дар ин солҳо аз даҳҳо дӯстону рафиқон, ки дар ин соҳа фаъолият доранд, дар ин бора намунаҳои ниҳоят зиёде шунида ва ё дида шудааст. Балки, бисёр касоне, ки ба кори таҳлилу баррасӣ, ба кори илму тафаккуру эҷод ва хусусан, ба соҳаи сиёсату сиёсатшиносӣ машғуланд, ҳатман ин нуктаҳоро дар таҷрибаи худ эҳсос намудаанд. Хусусан, касоне, ки талош карда бошанд, то берунтар аз чорчӯбаи сиёҳусафед, васеътар аз мавқеи маҳалливу гурӯҳию ҳизбӣ ва умуман, аз мавқеи миллӣ гуфта ва ё навишта бошанд. Аз ин рӯ, агар ин дарду таҷрибаи як тан мебуд, навиштану таҳлили он ин ҷо маъное надошт.

Пас, зарурати матраҳ намудани ин мавзӯъ ва муаррифии баъзе аз осебҳои умумии муҳити фикрӣ дар он аст, ки маҳз шинохти дурусти онҳо муқаддимаи муҳимме барои рафъи онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ин кор як гузориши масъала ва як талоши мухтасаре дар ин самт будааст. Яъне, навиштаи ҳозир ҳаргиз як навъ шикоятнома нест, балки он нақдест, ки ҳадафи ислоҳ ва созанда дорад.

Нақд кардан танқид кардан нест, балки таҳлил кардан, воқеъбинона нишон додани масъалаҳо ва талоши самимона барои ҳалли онҳост. Ва то замоне, ки мо ҷасорати нақди созандаи муҳити худро ба даст наорем, он солим ва ислоҳ намешавад.

Барои фаҳмотар шудани масъала бояд гуфт, ки чунин нақди созанда дар фарҳангҳо ва ҷомеаҳои дигар собиқаи фаровон дорад. Масалан, ҳанӯз дар асри нуздаҳум нақди мушкилоти ҷомеаи Русия ба мавзӯи марказии фалсафаи иҷтимоӣ ва адабиёти рус табдил шуда, зиёиёни рус дар як наҳзати ватандӯстона мушкилот ва пасмондагиҳои ҷомеаи худро ба нақд кашиданд. Ҳатто, яке аз бузургтарин ва маҳбубтарин адибони рус М.Лермонтев ҳангоми сафар ба Қафқоз дар васфи ватани азизаш Русия чунин навишт:

Прощай немытая Россия,

Страна рабов, страна господь…

(Хайр, эй Русияи ношуста (чиркин),

Кишвари хоҷаву муздуру ғулом.

(мардумат ғулому ҳукуматат ғуломдор.)

Ва зиёиёни рус бо ҳамин нақди ошкору созандаи худ рӯҳияи ислоҳ ва тараққихоҳиро дар ҳар фарди ҷомеа эҷод намуда, дар ниҳоят «Русияи ношуста»-и асримиёнагии худро шустанд, ба кишвари бузургу пешрафта табдил намуданд…

Албатта, нақду осебшиносие, ки ин ҷо аз тарафи муаллиф аз муҳити фикрию сиёсии ватанӣ ироа шуд, бисёр сатҳӣ, бисёр нарм ва ғайри қобили муқоиса бо нақди амиқу қавии иҷтимоии рус дар асри Х1Х аст, вале ба ҳар ҳол, ин амали андак ҳам аз сари дӯстдории амиқ, аз сари муҳаббати бепоён ба ин миллат, ба ин ҷомеа ва ба ин ватан анҷом шудааст ва умед аст, ки маҳз чунин фаҳмида мешавад. Зеро нақди солиму созандаи як ҷомеа ва талоши самимона барои табобати дардҳои он ва талоши кушодани роҳ ба сӯи рушду сарбаландии он худ дараҷаи болотари дӯстдории ин кишвар, ин миллат ва ин давлат мебошад.

Ва вақте мо қудрати нақди солиму созандаи муҳити худро ба даст орем, он гоҳ мо девораҳои ин пиндорҳоро шикаста ва хатту марзҳои ин тақсимотро бурида роҳи ҷомеаро ба сӯи тафаккури боз, ба сӯи рушди озоди фикрӣ ва ба сӯи ташаккули мавқеи миллӣ мекушоем. Ин аст ҳадафи меҳварии ин навишта.

Поён

Қисматҳои: якум, дуюм, сеюм, чаҳорум, панҷум



Шарҳҳо   

 
0 #4 Guest 23.05.2012 01:44
Мухтарам Махмудзода Шумо агар маколаи мазкурро бо диккат хонда бошед хамин худи Абдуллои Рахнамо рад кардани мешавад, ки у идеологи касе нест ва даъвои идеолог буданро хам надорад. У як шахрванди ватандусте хаст, ки хеле босавод аст. Агар шумо мунсиф бошеду одил бигузор китобхои дигарашро хам нахонда бошед, лекин хамин макола кофи аст, ки уро дар катори бехтарин сисатмадорону сиёсатшиносони дурандешу рахнамои кишвар ном бурд. Вокеан, ин маколае буд, ки арзишаш аз даххо китобхои дар ин самт навиштаи баъзе олимони курсаводамон. Агар мо аз руи пешниходхои Рахнамо кор кунем, бовар кунед, пешрафти мо дар хамаи сохахо дучанд хохад буд.
 
 
-1 #3 Guest 22.05.2012 14:38
Бародар, Рахнамо! Касе Шуморо идеолог номидааст, номаъкул кардааст. Шуморо хануз барои расидан ба ин номи баланд рох хеле дур аст. Забони точикии шумо нихоят тахрирталаб аст. Гайр аз ин, сатхи мухокимаронихои шумо нихоят примитиви ва аз нигохи сатхи имрузаи илм хеле суст аст. Дигар, шуморо хамчун олим ки эътироф кардааст?
Охир мачбур шудед, худатон худатонро таъриф кунед, зеро дигар касе ёфт нашуд, ки таърифатон кунад.
Он ки Шумо аз навкарони вафодор ва сарсупурдаи Турачонзодахо хастед, ягон шубха нест. Ба фикрам бо онхо хеши хам доред ва кам-кам пулатон хам медиханд.
 
 
+3 #2 Guest 15.05.2012 11:13
Идома.
Ҳамчунин аз сомонаи "Рӯзгор" бахусус бародари арҷманд Султони Ҳамад барои нашри ин матлаби муҳим ва хеле арзишманд дар мавзӯи "Осебшиносии тафаккури миллӣ" , ки камтар матраҳ ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад, бениҳоят сипосгузорем.
Пояндаву сарафроз бошед!
 
 
+3 #1 Guest 15.05.2012 11:11
Эҳсоси сӯхтан ба тамошо намешавад !

Дуруд бар шумо бародари гиромӣ Абдуллои Раҳнамо !
Осебшиносӣ ҷомеаи кунуни ва нақду пешниҳодоти созандаи шумо ҳикоятгар аз дироят ва фаҳми зотии шумо дар ин масоил аст ва инсофан боарзиштар аз фаъолиятҳои тамоми марказҳои таҳқиқотии мавҷуд дар кишвар аст, ки рисолати онҳо ташхис ва ироаи пешниҳод барои дармони дардҳои иҷтимоӣ аст.
Аз сарзанишҳои "хори мағелон" навмед нашавед чун ин кори азим ниёзманди қурбонӣ ҳам ҳаст.Мехоҳам дар фурсати баъдӣ борҳо ва борҳо ин навиштаи шуморо бихонам ва дар аъмоқи он бештар фуру равам то натиҷае матлуб аз ин раванд барои худам ҳосил шавад. Барои шумо дар анҷоми ин рисолати бузургу хатир тавфиқоти рузафзун орзӯмандам.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi