15:55:41 03-уми Июни 2025 сол

РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН – 4

Аз ин рӯ, дар чунин вазъият, бо чунин таҷрибаи амалӣ ва бо чунин имкониятҳои бузург, дода шудан ба шиорҳои ғайриамалии меҳмонони азиз (ҳатто агар аз назари идеологӣ шарҳпазир бошад), аз назари маслиҳати динӣ, аз назари манфиати кишвар ва аз диди хиради сиёсӣ хатои маҳз мебуд.

Ёддошти 10: «Шарики стратегӣ»-и «шарики стратегӣ»? Ё нигоҳе ба эҳтимоли ҳамкориҳои ҲНИТ бо Русия

/images/stories/2011/11/09_maksim-shevcbenko.jpgГарчӣ меҳмонони хориҷии анҷуман зиёд буданд, вале дар бораи муносибатҳо бо Русия бояд ба таври ҷудогона гуфта шавад. Ширкати меҳмонони бонуфӯзи русӣ чун Ҳайдар Ҷамол ва Максим Шевченко, суханрониҳои бисёр масъаласози онҳо дар анҷуман, аз сӯи Раиси Шӯрои муфтиёни Русия Равил Гайнутдин расман табрик шудани интихоби дубораи раиси ҲНИТ ва ғ. нуктаҳои муҳимме буданд, ки таваҷҷӯҳи бисёреро ҷалб карданд. Дар ҳафтаҳои баъд аз анҷуман дар матбуоти даврии кишвар низ чандин мавод дар мавзӯи эҳтимоли ҳамкориҳои ояндаи ҲНИТ бо Русия ба нашр расид. (Масалан, ниг.: «Имрӯз нюс», 07.10.2011 ва 12.10.2011).

Илова бар ин, таваҷҷӯҳи васеи ҲНИТ ба масъалаи муҳоҷирини тоҷик дар Русия ва ҳамкории мақомоти русӣ дар ин маврид низ метавонад майдонҳои нави робитаву ҳамкориро ба вуҷуд орад. Масъалаи муҳоҷирин, хусусан вазъи беҳуқуқии онҳо дар Русия ҷои заъфи ҳукумат ҳисоб мешавад, ки ҳар нирӯи мухолифи ҳукумат метавонад рӯи он сиёсати худро бисозанд. Илова бар ин, роҳбарияти Русия ба сиёсати «дарҳои боз»-и Тоҷикистон назари чандон хуше надоранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, бинобар моҳияти ҳамешагии абарқудратҳо аз эҳтимол дур нест, ки Русия дар Тоҷикистон дар пайи ҷустани як шарики эҳтиётӣ низ бишавад ва ин эҳтимол низ кам нест, ки ҲНИТ ба унвони яке аз чунин шарикони эҳтимолӣ баррасӣ шавад. Ин матлаб ахиран ҳатто ба таври рӯшан низ садо медиҳад ва дар конфронси матбуотии пас аз анҷуман М.Кабирӣ дар ин маврид мегӯяд: «Агар ҷониби Русия, махсусан ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар, ҳизби моро ҳамчун шарик интихоб намояд, мо аз ин хеле миннатдорем…» (Нашрияи «Наҷот», №40, 06.10.2011).

Вале паҳлӯҳои мушаххастари ин масъала ҳанӯз чандон рӯшан нестанд ва дар ин марҳила бояд ба воҳима роҳ надода, фақат метавон нуктаҳои зеринро пешбинӣ намуд:

1.Ба таври усулӣ эҳтимоли он, ки Русия ҲНИТ-ро мустақиман дар муқобили ҳукумат ба иқдоме ташвиқ кунад, бисёр заиф аст, вале чунин эҳтимол ҳаст, ки фақат бо мақсади фишор ба вазъият ва фишор ба ҳукумат онро ба таври ғайримустақим дастгирӣ намояд ва ё бо он баъзе робитаҳои расмии намоишӣ барқарор созад.

2.Ҳамзамон бо ин, эҳтимоли зиёд аст, ки дар моҳҳои оянда ба хотири пешгирии тавсеаи муносибатҳои ҲНИТ бо ҷониби Русия ва роҳ надодан ба ҳамкориҳои наздики онҳо, дар дохили худи Русия навъе маъракаи матбуотию иттилоотии «сиёҳкунии ҲНИТ» оғоз шавад. Чунин раванд метавонад аз сӯи баъзе нирӯҳои сиёсӣ аз дохили Тоҷикистон ва ё аз сӯи баъзе доираҳои миллигаро ё исломситези худи Русия барномарезӣ ва роҳандозӣ гардад. (То замони ба чоп расидани ин навишта аллакай баъзе иқдомҳо дар ин самт сурат гирифтанд.)

Ёддошти 11: Таносуби имон ва ислоҳ: ё нигоҳе ба ду шиори фаъоли ҲНИТ

/images/stories/2011/11/09_vakili-az-misr.jpgДар интихоботи соли 2010 ҲНИТ бо шиори «Имон ба Худо, садоқат ба ватан, хидмат ба мардум» ба саҳна омад, ки акнун ба шиори фаъоли ин ҳизб табдил шудааст. Шояд аз нигоҳи сирф ақидатӣ ва усулӣ ин шиор қобили баҳс ва суолгузорӣ бошад, вале бидуни шакк, аз назари ҷаззобият ва коромадии сиёсӣ он яке аз беҳтарин шиорҳои ҳизбҳои сиёсии кишвар дар солҳои ахир будааст. Нуктаи қуввати ин шиор пеш аз ҳама дар он аст, ки ҳамзамон ҳам ҷанбаи арзишӣ (динӣ), ҳам ҷанбаи ватандорӣ(миллӣ) ва ҳам ҷанбаи мардумии (иҷтимоӣ) як нирӯи сиёсиро ба таври бисёр кӯтоҳ ва рӯшан ифода мекунад. Пас, бидуни шакк, ин шиор як интихоби олист.

Дар анҷумани навбатии ҳизб низ ин шиор бо шарҳи андаке ҳамчун шиори аслии ҲНИТ садо дод, ки дар кулл, фаромӯш нашудани он як амри мусбат аст. Вале, ба назари банда, барои натиҷаи матлуб додани ин шиори олӣ ин ҳизб бояд дар ду самт корҳои ҷиддии амалиро пеш мегирифт ва ё пеш бигирад:

Самти аввал, шарҳу тафсиру тафҳими ин шиор: Яъне, бояд ҳам ба ҳизбиён ва ҳам ба ҷомеа тафсир гардад ва барои мардум фаҳмонида шавад, ки зери ин мафҳумҳо ва зери ҳар яке аз ин бандҳо чӣ арзишҳо, чӣ ормонҳо, чӣ барномаҳо ва чӣ иқдомот дар назар ҳастанд. Шояд шарҳи муфассали он навишта шавад ва барои пайравони ин ҳизб таълим гардад, то ба шиори ҳамагонӣ ва эътиқоду бовари воқеии ин мактаб табдил шавад. Барои як мактаб, фақат садо додани шиорҳо кофӣ нест.

Масалан, бисёр зарур аст, ки мафҳуми «садоқат ба ватан» кушода шавад ва пояҳои ақидатӣ ва арзишии садоқат ба ватан шарҳ гардад ва роҳҳои амалии дарки он ва расидан ба он кор карда шаванд. Ҳамин тавр, агар ҲНИТ дар зери ин шиори баланд як барномаи мушаххасу мукаммали тарбияти ватандӯстии мардумро таҳия ва пешниҳод намояд, он на танҳо барои ҳизб, балки барои ҷомеа ва давлати мо низ бисёр муфид хоҳад буд.

Ё, агар дар ростои банди «хидмат ба мардум» барномаҳои раҳоии мардум аз бӯҳрони иқтисодӣ ва ё як роҳнамои асосноки ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум таҳия ва пешниҳод шаванд, он низ ҳам барои ҳизб ва ҳам барои кулли ҷомеа зарур хоҳад буд. Зеро «хидмат ба мардум», хусусан, барои мардум, пеш аз ҳама маънои саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти рӯзмарраи онҳо, саҳмгирӣ дар рафъи масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии онҳо ва дар таъмини беҳрӯзии онҳоро дорад. Дар ҷомеае, ки мушкилоти амиқи иҷтимоӣ дорад, барои «хидмат ба мардум», ҳатто ба маънои ибтидоии ин мафҳум, майдони бисёр фарохе фароҳам аст.

Дар ташреҳу татбиқи банди «имон ба Худо» низ бояд нигоҳи амиқтаре пеш гирифта шавад. Албатта, набояд инкор кард, ки ҲНИТ бо мавҷудияти худ як бахши ҷудонашавандаи таълимоти дини ислом, яъне ҷузъе аз таълимоти ислом будани фаъолияти сиёсию ҷамъиятии инсон ва асли аз сиёсат ҷудо набудани исломро эҳё медорад ва аз назари динӣ, ин саҳми имонӣ низ ҳаст. Вале, агар ба ин масъала аз назари ҷомеъи диндорӣ нигарем, фаъолият дар ҳизби сиёсии динӣ ҳанӯз нишонаи кофии диндорӣ ва ё танҳо нишонаи диндорӣ нест. Бинобар ҳассосияти ин масъала дар ҷомеаи мо ва умуман, дар тамоми ҷаҳони муосири ислом, мехостам дар ин маврид ба чанд нуктаи бисёр зариф таваҷҷӯҳ шавад:

Якум, мабодо кори сиёсӣ бар кори динӣ муқаддам гардад ва мабодо ҳадафи ҳизбӣ бар ҳадафи имонӣ пирӯз шавад. Ин мушкилест, ки дар баъзе ҳизбҳои исломии ҷаҳони муосир пеш омада ва банда дар баъзе навиштаҳои пешини худ дар бораи падидаи навине бо номи «исломгароии беислом» сӯҳбат намуда будам. Ин падида, яъне «исломгароии беислом» ба он маъност, ки гоҳо афроде бе ҳеҷ гуна ахлоқ, илм, маърифат ва амалияи динӣ бо мақсадҳои сирфан сиёсӣ ва ё шояд бо нияти нек вориди ҳизби сиёсии динӣ мешаванд ва дар сафи исломгароёни фаъол қарор мегиранд.

Онҳо масири таълиму худсозии маънавии исломиро нагузашта, якбора ба масъалаҳои сиёсии исломӣ мепардозанд ва дар ҳоле, ки ҳанӯз аз маърифату тақво чизе ба даст наовардаанд, шиорҳои баланди «хилофат» ва «ҳукумати исломӣ»-ро ба миён мегузоранд ва агар аз онҳо дар ин бора имтиҳон шавад, ба ҷуз ин чанд шиор аз чигунагии таълимоти ислом дар бораи шахсиятсозӣ, ҷомеасозӣ ва давлатдорӣ чизе намедонанд.

Инҳо афроде ҳастанд, ки дар онҳо, шояд нохоста, кори сиёсӣ ба кори динӣ бартарӣ ёфта ва ҳизбият бар диният пирӯз шудааст. Зарари кори чунин инсонҳо ба чунин ҳаракатҳо дар он аст, ки бинобар дурии худи онҳо аз таълимоти воқеии исломӣ, аз як сӯ, хатти ҳаракатҳои сиёсии динӣ ба инҳироф кашида мешавад ва аз сӯи дигар, ҳидояти тӯдаҳои боимону мухлис ба дасти касони аз назари ахлоқу ақида бесалоҳият меафтад.

Аз ин рӯ, бисёр муҳимм аст, ки ҳизби исломӣ ба ин сӯ гароиш наёбад ва ҳамон гуна, ки мафҳуми «имон ба Худо» дар шиор дар ҷои аввал қарор гирифтааст, дар амалияи ин ҳизб ва дар амалияи ҳар як аъзои ин ҳизб низ ҳаргиз аз ҷои аввал поин наояд. Тафовути усулии як нирӯи сиёсии имонмеҳвар ва хидматгузор аз ҳар нирӯи сиёсии дигар маҳз дар ҳамин аст.

/images/stories/2011/11/09_vakili-anjuman.jpgДуюм, мабодо ҳуввияти ҳизбӣ бар ҳуввияти динӣ пирӯз ояд ва мабодо, ҳизбият бар диният бартарӣ ёбад. Ин ҳолат низ яке аз бузургтарин офатҳо барои ҳизбу ҳаракатҳои исломии муосир мебошад. Мисоли барои мо наздиктари чунин ҳолат муносибати миёни ҳизбҳои сиёсии исломӣ дар Афғонистони ҳамсоя аст. Дар тӯли ин солҳо ҳамагон шоҳид будем, ки афроди як «ҳизби исломӣ» бо афроди «ҳизби исломӣ»-и дигар, ки ҳамагӣ ҳамдин, ҳаммазҳаб ва ҳамватани якдигаранд, дар набарди хунин қарор гирифта, ҳамдигарро ҳамчун афроди ҳизби мухолиф нобуд мекарданд.

Баъзе ҳизбу гурӯҳҳои «исломӣ» ҳатто бо нирӯҳои хориҷии ғайриисломӣ (аврупоии масеҳӣ) муттаҳид шуда, ҳизбу гурӯҳҳои дигари «исломӣ»-ро саркӯб карданд. Яъне, вақте ҳуввияти ҳизбӣ ва манфиати ҳизбӣ ба ҷои аввал мебарояд, ҳатто нақши умумияти динӣ ва умумияти мазҳабӣ бисёр камранг мешавад ва умумияти миллӣ низ кор намекунад. Дар чунин суратҳо ҳизбият ба тадриҷ ба ҷои диният ва ба ҷои мазҳабият ва ҳатто ба ҷои миллият менишинад ва инсон як ҳамдину ҳаммазҳабу ҳамватани худро фақат ба хотири дар ҳизби сиёсии ӯ набуданаш барои худ бегона медонад.

Ва ин набарди «ҳизбҳои исломӣ» ҳамеша ҷомеаҳои мусулмониро ноамну бесубот нигоҳ медорад ва кор ба ҷое кашида мешавад, ки мардум аз «ҷанги исломҳо»-и онҳо хаста мешаванд ва аз онҳо безорӣ ҷуста, дар интихоботҳо ба онҳо раъй намедиҳанд. Аз назари сирф сиёсӣ низ чунин ҳолат ба зарари худи ин ҳизбҳо буда, заминаи заъфи онҳо ва заминаи пирӯзии ҳизбҳои ғайридинӣ ва ё ғайриисломиро таъмин менамоянд. Дар ин маврид формулаи машҳури Маркс бисёр хуб кор мекунад, ки «дар низои ду идеалист материалист пирӯз мешавад».

Ва намунаи ошнотари дигар кишвари Покистон аст, ки дар он даҳҳо ҳизбу ҷамъияту ҳаракат, даҳҳо фирқаву равия ва даҳҳо мазҳабу мактаби «исломӣ» ба муборизаи гоҳо хунину беамон дар муқобили ҳамдигар машғуланд, вале дар ҳамаи интихоботҳои ин кишвар қудрат ба навбат ба даст ду ҳизби либералии ғарбгаро меояд. Шояд гуфтани ин ҳақиқат дарднок бошад, вале дар чунин шароит мардум ба таври куллӣ, ба ислом раъй медиҳанд, вале ба «ҳизбҳои исломӣ» раъй намедиҳанд. Чун Покистон расман ҷумҳурии исломӣ ба ҳисоб меравад ва мардуми он низ мусалмонанд, ҳизбҳои ғарбгаро шиори исломиро низ ҳамчун зарурати интихоботӣ мерабоянд ва муваффақона ба кор мегиранд. Ин ҷост, ки дар «низоъи исломиҳо» ғарбгароҳо ва либералҳо пирӯз меоянд.

Пас дар ин маврид низ мафҳуми «имон ба Худо» бояд тавре кор кунад, ки ҳизбият бар имоният пирӯз нашавад ва ҳамҳизб будан бар ҳамимон будан бартарӣ наёбад. Зеро, умумияти имонӣ басе амиқтару басе васеътару басе устувортар аст. Ваҳдату амнияти ҷомеаҳои мусулмоннишин асосан бар пояи ҳамимонист.

Сеюм, мабодо тасаввур шавад, ки ҳизбиён диниянд ва ғайриҳизбиён ғайридинӣ. Ин масъала хусусан, дар ҷомеаҳои мусулмоннишин ҳассосияти боло дошта, яке аз мушкилоти дигари ҳизбҳои динии сиёсист. Зеро, дар ҷомеаҳои мусулмоннишин, аз ҷумла дар Тоҷикистон, аксари кулли мардум худро ҳамчун мусулмон дониста, новобаста аз сатҳ ва навъи маърифати динии худ, новобаста аз дараҷаи пойбандии амалии худ ба аҳкоми исломӣ, худ барои худ навъе ҳуввияти диниии исломӣ қоиланд. Шояд навъ ва сатҳи маърифати динии онҳо эшонро ба ҳизбият ва ё шояд умуман, ба сиёсат далолат намекунад, вале ин масъала ҳаргиз ба эътиқод ва худобоварии онҳо иртибот надорад ва ҳаргиз далели камӣ ё зиёдии «имон ба Худо» дар онҳо нест.

Аз ин рӯ, дар ҷомеаҳои мусулмоннишин худро «ҳизби Худо» ва дигаронро «ҳизби Шайтон» донистан, худро «гурӯҳи растагор» ва дигаронро «гурӯҳи гумроҳ» хондан ё худро «исломӣ» ва дигаронро «ғайриисломӣ» муаррифӣ кардан хатои бузурги сиёсии ҳар ҳизб ё гурӯҳҳои сиёсии исломӣ мебуд. Ҳукми шаръии чунин мавқеъгирӣ назди фақеҳону соҳибназарон маълум аст, вале аз назари ҷомеашиносии сиёсӣ ин кор бевосита ба эҳсосоти имонии мардум бархӯрда, боиси ду навъи аксуламал мешавад: як гурӯҳ аз бими он, ки аз «ҳизби Худо» берун намонанд ва дар ҷумлаи «исломиён» қарор гиранд, ба ин ҳизб мепайванданд; гурӯҳи дуввум бо эҳсоси нафрат аз чунин баҳо додан ба имону эътиқоди онҳо аз ин ҳизб фосила гирифта, ҳатто дар муқобили он қарор мегиранд. Ва масъалаи муҳимм он аст, ки бинобар хусусияти равонии инсонҳо, ба гурӯҳи якум ҳудудан 20% ва ба гурӯҳи дуввум ҳудудан 80% аз мухотабон шомил мешаванд.

 Бале, тақсимот ва истилоҳоти зикршуда истилоҳоти исломиянд ва Қуръон низ дар дастабандии ақидатии гурӯҳҳои башарӣ бо ҳамин забон сухан гуфтааст. Вале дар масъалаи ҷои истифода ва мухотаби ин истилоҳҳо низ бояд қуръонӣ рафтор намоем, ки оё таносуби нирӯҳо дар ҷомеаи мусулмоннишини мо воқеан чунин аст? Пас, вақте дар бораи мафҳуми баланди «имон ба Худо» сухан мегӯем, бояд бисёр масъулона дар назар дошта шавад, ки он на хосси як ҳизб, балки як арзиши умумии ҷомеаи мусулмонон, балки як риштаи пайванд ва заминаи ваҳдати онҳост.  

Умуман, дар ин масъала ду ифрот маъмӯл аст, ки дар ҳар яке аз онҳо қарор доштан  ҳукм ва зиёни баробар дорад. Ифроти якум: Ҳизб аз ислом нест, ислом ба ҳизб ниёз надорад ва ҳизбсозию ҳизббозӣ аз ислом хориҷ аст. Ифроти дуввум: Фақат ҳизби сиёсии динӣ «ҳизби Худо»-ст ва маҳз дар ҳизби сиёсии динӣ будан аломати диндории саҳеҳ аст. Пас бисёр муҳим аст, ки ҷомеаи мусулмонон ба ин ду ифроти зиёнбор кашида нашавад. 

Идома дорад

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос

РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН – 1

РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН – 2

РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН – 3

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854