11:40:38 05-уми Июни 2025 сол

РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН – 2 - Qismati 2

Ёддошти 7: Ҳамкории фосиладор: ё масъалаи иштироки Ҳ.А.Тураҷонзода дар кори анҷуман

Домулло Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода солҳои охир дар чорабиниҳои дигари ҲНИТ низ иштирок намуда буд. Вале ин бор дар мавриди иштироки эшон пешбиниҳо зиёд буданд ва дар матбуот ҳатто эҳтимоли раиси ҲНИТ интихоб шудани эшон низ матраҳ гашта буд. Дар ҳақиқат, дар остонаи ин анҷуман масъалаи ба ҲНИТ пайвастан ё напайвастани ин шахсияти бонуфӯзи рӯҳонию сиёсӣ аз чанд назар қобили таваҷҷӯҳ буд:

Якум, имрӯз яке аз нуктаҳои асосии «заъфи» ҲНИТ маҳз надоштани роҳбари рӯҳонию динӣ ба ҳисоб меравад ва бисёре аз пайравони ҳизб ин камбудро ба хубӣ эҳсос мекунанд. Бо вуҷуди шахсияти шоистаи М.Кабирӣ, маҳз «чеҳраи рӯҳонӣ» надоштанро заъфи аслии ӯ медонанд. (Масалан, ниг.: Мусоҳибаҳои эътирозии яке аз собиқадорони ҲНИТ М.Навид дар матбуоти моҳҳои гузашта). Аз ин рӯ, ба ҲНИТ омадани домулло Ҳ.А.Тураҷонзода (агар чунин фарз шавад) метавонист ин заъфи ҷиддии ҳизбро бартараф намояд.

Дуюм, дар айни замон, яке аз нуктаҳои асосии «заъфи» домулло Ҳ.А.Тураҷонзода маҳз дар ихтиёр надоштани як созмон ва команда дониста мешавад. Гарчӣ худи эшон бо ҳамроҳии бародаронашон дар фазои умумии кишвар эътибори хосса доранд, вале дар як раванди амалии сиёсӣ як ташкилот ва созмон нақши амалии ҷиддитар мебозад. 

Вале дар масъалаи ин пайвастан ба назари банда хулосаҳои зерин дурусттар мебошанд:

1.Ба таври назарӣ, агар эътибору таҷрибаи Домулло бо имконоту сохтори ҲНИТ якҷо шавад, дар ҳақиқат як нерӯи динию сиёсии бисёр бонуфӯзтар аз ҲНИТ-и имрӯза шакл мегирад. Дар ин муҳосиба бояд илова бар нуфӯзи шахсии Ҳ.А.Тураҷонзода потенсиали бародарони бонуфӯз ва пайравону ҷонибдорони эшон низ дар назар гирифта шавад.

2.Аммо аз диди амалӣ, ҳамкорию наздикшавии Домулло бо ҲНИТ ҳоло асосан ба муносибатҳои хуби шахсии эшон бо М.Кабирӣ ва ҳамдигарро эътирофу эҳтиром доштани онҳо марбут аст. Дар асл бошад, миёни Домулло ва бахши чашмгире аз фаъолони аршади ҲНИТ аз ибтидо ихтилофҳои ҷиддии фикрӣ ва ё шахсӣ вуҷуд доранд, ки он пеш аз ҳама, дар шакли «ҳамдигарро қабул надоштан» зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, ҳоло эҳтимоли роҳбари ҲНИТ шудани домулло Ҳ.А.Тураҷонзода вуҷуд надорад. Дар мақоми поинтар аз роҳбар бошад, эшон дар ҳизб «намегунҷад».

3.Дар айни замон, ду омил метавонанд мавқеи Домулло ва ҲНИТ-ро наздиктар созад:

-идомаи иштибоҳҳо ва мавқеҳои носуфтаи мақомоти давлатӣ дар сиёсати динӣ;

-пеш омадани фишорҳо ва ё каноргузориҳо нисбати ҳарду нирӯи зикршуда.

Дар чунин сурат, агар байни Ҳ.А.Тураҷонзода ва ҲНИТ иттиҳоди воқеӣ ҳам ҳосил нашавад, эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки эътилофи тактикию манфиатӣ ба вуҷуд ояд. Яъне агар сиёсати ҳукумат дар самти арзишҳои динӣ шадидтар гардад ва ё фишор болои ин ду ҷониб афзоиш ёбад, онҳо аз баҳри баъзе ихтилофҳо гузашта, ногузир дар муқобили «фишори муштарак» ба ҳам наздиктар мешаванд.

Вале агар сиёсати динии ҳукумат тундтар нашавад ва ё фишори мушаххасе болои Ҳ.А.Тураҷонзода ва хонаводаи онҳо оварда нашавад (яъне, агар омилҳои иловагӣ ба вуҷуд наоянд), Домулло ҳамчун мунаққиди (оппоненти) ҳукумат боқӣ мемонад, вале бо эҳтимоли бисёр зиёд, дигар ба сиёсати калони амалӣ барнамегардад. Мавқеи расмии худи эшон низ чунин аст.

Ёддошти 8: Миёни «миллӣ мондан» ва «ҷаҳонӣ шудан»: масъалаи меҳмонони хориҷии анҷуман

Ширкати меҳмонони хориҷӣ низ таваҷҷӯҳи зиёдеро ба анҷуман ҷалб намуд. Ин амал ҳам дар зеҳни аъзою пайравони ҲНИТ ва ҳам дар зеҳни ҷомеаи кишвар чунин маъно гирифт, ки ҲНИТ як созмони қавӣ буда, дар хориҷи кишвар низ эътирофу датсгирӣ дорад. Дар кулл, иштироки ин сатҳи меҳмонони хориҷӣ дар аҷумани як ҳизб ба нуфӯзу обрӯи он таъсири ҷиддӣ расонид. Вале ин масъала паҳлӯҳои бисёр ҳассостари дигареро касб намуд, ки дар мавриди он метавон ба нуктаҳои зерин таваҷҷӯҳ намуд:

1.Аз мазмуни суханрониҳои меҳмонон ва муносибати роҳбарият ва вакилони анҷуман ба он метавон пай бурд, ки васеъ шудани робитаҳои ҲНИТ бо ҳизбу доираҳои сиёсии исломии хориҷӣ метавонад ба рӯҳияи ин ҳизб ҳам таъсири мусбат ва ҳам таъсири манфӣ гузорад. Агар бо нирӯҳои созандаву пешқадам ҳамкорӣ шавад, он таъсири созанда мегузорад. Вале агар бо нирӯҳои тунди идеологӣ ҳамкорӣ шавад, он таъсири манфӣ мегузорад ва то ҳадде ба идеологӣ ва тундтар шудани нигоҳҳои ҳизб мусоидат мекунад.

/images/stories/2011/11/05_anjumani-hnit_20111.jpgФазои анҷуман нишон дод, ки хусусан, дар вазъияти аз як пешвои бонуфӯзи динӣ (дар сатҳи марҳумон С.А.Нурӣ ва М.Ҳимматзода) маҳрум будани ҲНИТ, пайвастҳои амиқтар бо баъзе доираҳи берунии сиёсию идеологӣ метавонад як силсила мушкилоту норозигиҳои таърифнашуда ва аз назари динию идеологӣ шарҳнаёфтаи ҷомеаи моро барои наҳзатиён таърифи сирф идеологӣ бидиҳад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки бо сабаби ношинохтани баъзе воқеиятҳои ҷаҳонӣ наҳзатиён ба ин шахсиятҳо ҳамчун «устодон» ва «пешвоёни» ҳаракати исломӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ нигоҳ мекунанд, сухану талқини онҳо барои аъзои ҳизб таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт. Ба таври мисол, суханронии меҳмонони малайзӣ ва русӣ (хусусан, Ҳайдар Ҷамол) мафҳумҳои дар ҷаҳони ислом маъмул, вале дар фазои сиёсии Тоҷикистон ғайримаъмулро ба зеҳни вакилон ҷорӣ мекарданд. Масалан, агар дар муҳити Тоҷикистон як мушкила ва як эътироз ҳамчун «эътироз зидди як камбудии ҳукумат» ва ғ. шарҳ шавад ва ҳалли мушаххаси он мушкила аз ҳукумат талаб шавад, дар ин суханрониҳо тарафҳои муборизаи сиёсӣ ҳамчун «хайру шарр» ё «ҳизби Худову ҳизби шайтон» ва кори наҳзати исломӣ «мубориза бо шайтон» ва ҳадафи он «сарнагунии куфр ва шайтон» ва ғайра таъриф мешуд. Ва аз толор низ нидоҳои эҳсосӣ дар истиқболи ин суханрониҳо ба авҷ мерасид.

РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН - 1

Идома дорад

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854