01:34:19 02-уми Июни 2025 сол

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: "ЭҶОДИ ФАЗОИ ОЗОД АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛ АСТ"

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми табрикии худ ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли ин кишвар ин давраро имтиҳони таърихӣ ва наҷот аз пароканда шудани давлат тавсиф кардааст.

/images/stories/2011/09/08_rahman_8.9.2011.jpg

Оқои Раҳмон дар ҷаласае ба ифтихори 20-умин солгарди истиқлоли ин кишвар дар шаҳри Душанбе гуфт: “Доираҳои бадхоҳ ва душмани миллати тоҷик дар Тоҷикистон тавассути бозиҳои сиёсӣ ба низоъи дохилӣ доман зада ва миллати моро ба гирдоби бало ва ҷанги дохилӣ кашиданд.”

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар ҷараёни ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 беш аз 100 ҳазор нафар кушта шуда ва беш аз 50 ҳазор кӯдак ятим мондаанд. Ҳамчунин, бар асари ин ҳодиса беш аз 1 милюн тан аз сокинони Тоҷикистон паноҳанда шуда ва ба иқтисоди кишвар беш аз 10 милёрд дулор хисорот ворид гардидааст.

Ба гуфтаи Президент Раҳмон: “Нерӯҳои хориҷӣ ва гурӯҳҳои бегонапараст дар Тоҷикистон тарҳи қисмат кардани ин кишварро доштанд, аммо андешаи солим дар Тоҷикистон боло гирифта ва кишвар аз парокандагӣ наҷот ёфт.”

Аммо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳеч кишваре ё гурӯҳи мушаххасе, ки "бегонапараст" унвон кард, ном набурд. Ин дар ҳолест, ки мунтақидони Президент Раҳмон мегӯянд, ки худи ӯ маҳз бо ҳимояти кишварҳо ва нерӯҳои хориҷӣ ба қудрат расидааст. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, вазоифе, ки дар иҷлоси таърихии 16-и Шӯрои олии ин кишвар дар моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шуда буд, иҷро гардид.

Ҳамаи паноҳандагон ба ватан бозгаштанд ва ниҳодҳои давлатӣ, ки комилан фалаҷ шуда буданд, дубора фаъол шуданд. Ин дар ҳолест ки пас аз ин иҷлос, ки оқои Раҳмонро ба қудрат расонд, панҷ соли дигар дар кишвар ҷанг идома ёфт ва ниҳоятан бо миёнҷигарии кишварҳои хориҷӣ музокироти сулҳ миёни гурӯҳҳои даргир оғоз шуд ва бо имзои қарордоди сулҳ дар соли 1997 поён ёфт.

"Ваҳдати миллӣ: бузургтарин дастовард"

Эмомалӣ Раҳмон дастёбӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллиро аз бузургтарин дастовардҳои тоҷикон дар 20 соли ахир унвон карда ва гуфт, ки маҳз имзои Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон дар моҳи июни соли1997 роҳро барои рушду нумӯъи Тоҷикистон боз кардааст. Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби куммунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, низ мегӯяд, пас аз истиқрори сулҳу субот ин кишвар "дубора эҳё шуда ва зиндагӣ ба маҷрои пешини худ бозгашт."

Ба гуфтаи оқои Шабдолов, нахустин итихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон пас аз ҷанги дохилӣ дар соли 2000 дар муқоиса бо интихоботҳои баъдӣ то ҳадде озод, мунсифона ва демукротик баргузор шуда буд. Дар ҳоле ки Президент Раҳмон дастовардҳои давлати Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеъаи маданӣ дар ин кишварро чашмгир хонда ва аз эҷоди фазои мусоъиде барои фаъолияти озоди аҳзоб ва расонаҳо сӯҳбат мекунад, раҳбарони аҳзоби мухолиф ҳамеша бар вуҷуди мушкилоту мавонеъи маснӯъӣ дар ин замина таъкид мекунанд.

Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, борҳо аз афзоиши фишор бар аҳзоби мухолифи давлат ва мавориди тақаллуб дар интихобот ибрози нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, интихоботи ахири порлумонӣ дар моҳи феврали соли 2010 аз интихоботҳои ғайридемукротик, ғайримунсифона ва ношаффоф маҳсуб шуда ва мавориди тақаллуб дар он дар болотарин сатҳ қарор доштааст.

Ҳамчунин, вазъият дар бахшҳои озодии баён ва виҷдон боъиси нигаронии расонаҳо ва нашрияҳои мустақил ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар шудааст. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, ба унвони мисол аз масдуд шудани сойтҳои хабарии интернетӣ, мутаваққиф шудани чопи нашрияҳои мустақил ва боздошту ба додгоҳ кашида шудани хабарнигорони мустақил ёдовар шуд, ки дар солҳои ахир иттифоқ афтодааст.

Бештари созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва сафоратхонаҳои Омрико ва кишварҳои Урупо дар Тоҷикистон аз қавонини баҳсбарангези “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва “Маъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд” интиқод карда ва ин қавонинро муғойир бо меъёрҳои байналмилалӣ дар мавриди озодии виҷдон арзёбӣ кардаанд.

"Боло рафтани сатҳи зиндагии мардум"

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар зарфи 20 соли истиқлол маҳсулоти нохолиси миллӣ 58 баробар афзоиш ёфта ва мизони даромади саронаи сокинони Тоҷикистон аз 19,8 рубл дар соли 1998 то 1060 сомонӣ дар соли гузашта расидааст. Президент Раҳмон афзоиши бесобиқаи воридоти худравҳо ба Тоҷикистон ва зиёд шудани теъдоди телефунҳои ҳамроҳро аз “нишонаҳои беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон” арзёбӣ кард.

Оқои Раҳмон гуфт: “Дар зарфи 70 соли даврони Шӯравӣ ба Тоҷикистон 73 ҳазор адад мошини сабукрав ворид шуда бошад, ҳоло ҳамасола беш аз 70 ҳазор адад мошин ворид мешавад. Адади телефонҳои мобайл ба 7 милюн расидааст. Агар сатҳи зиндагӣ хубу маблағи кофӣ набошад, чи гуна мошину телефон мехаранд?”

Вале коршиносон мегӯянд, ки сатҳи зиндагии сокинони Тоҷикистон на ба кумаки мустақими давлат, балки умдатан тавассути маболиғи ҳангуфте, ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия ва кишварҳои дигари ҳамсуд ба хонаводаҳои худ ирсол мекунанд, боло рафтааст. Дар ҳамин ҳол, созмонҳои байналмилалии молӣ, бо шумули Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ, мизони фақрро дар Тоҷикистон боло арёзбӣ карда ва иброз доштаанд, ки ҳудуди 50 дар сади ҷамъияти ин кишвар дар фақр ба сар мебаранд.

Ҳамчунин, Дафтари Барномаи Ҷаҳонии Ғизои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ду сол қабл ҳушдор дода буд, ки мумкин аст беш аз 1 милюну 300 ҳазор нафар ё як сеюми ҷамъияти ин кишвар бо камбуди маводди ғизоӣ мувоҷеҳ шаванд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сӯҳбатҳои худ мукарраран аз сокинони Тоҷикистон даъват мекунад, ки барои ду сол маводди ғизоӣ захира кунанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бунёди роҳҳои иртиботӣ, тунелҳо ва нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистонро аз ҷумлаи пешрафтҳои иқтисодии ин кишвар унвон кардаанд. Президент Раҳмон гуфт: “Дар зарфи 20 сол дар Тоҷикистон 1700 килуметр роҳи иртиботӣ ва 17 тунел бунёд шуда ва ин кишвар ба як қаламрави воҳид табдил ёфт. Ҳоло дар тамоми фаслҳои сол ҳаракат ба ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон сурат гирифта ва мо то ҳадде ба раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ муваффақ шудем.”

Эътибори байналмилалии Тоҷикистон

Президент Раҳмон гуфт, ки “сиёсати дарҳои боз”-и давлати Тоҷикистон ба боло рафтани эътибори ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисод мунҷар шудааст. Ӯ таъкид кард, ки ба ибтикори Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълом шудани “Соли оби тоза” дар соли 2003 ва даҳсолаи “Об барои зиндагӣ” аз дастовардҳои муҳимми ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешаванд.

Бузургдошти чеҳраҳои маъруфе, чун Исмоъили Сомонӣ, Абуъабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва Имоми Аъзам аз ҷониби Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО), шомил шудани ёдгориҳои Саразм ба феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин ниҳод ва ҷашни байналмилалӣ эълом шудани Наврӯзи Аҷам аз дастовардҳои дигари Тоҷикистон дар замони истиқлол унвон шуд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон тобиши ба шахси раиси ҷумҳур муртабит донистани дастовардҳои Тоҷикистон дар самтҳои дастёбӣ ба сулҳу субот ва рушди иқтисодии кишвар ба мушоҳида мерасид. Аз ҷумла, Президент Раҳмон чанд маротиба аз ибороти “ман кардам” ва “бо кӯшиши ман шуд” истифода карда, аммо дар суханронии ӯ ба дурнамои Тоҷикистон ва барномаҳои рушди иқтисодии ин кишвар ишорае нашудааст.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 08.09.2011 21:12
Демокросӣ ин такомул аст. Такомул ин қадам ба қадам, марҳала ба марҳала иваз кардани ҷомеъа аст. Мо мехостем ба таври сареъ яъне бо шеваи инқилобӣ ҷомеъаро иваз кунем.
Ва аслан давлате ки истиқлолиятро доро шуд, барои нигаҳ доштани қудрат ва тавозун, тавоноии иқтисодии кишварро бояд тақвият бибахшад.
Ва ман гуфта метавонам, ки ҳар гуна диктотурӣ хоҳ вай мазҳабӣ бошад ва хоҳ ба гунаи дигаре агар замина барои ба сари қудрат омаданро дошта бошад, ба осонӣ ба ин ҳадаф хоҳад расид. Бибинед, дар Тоҷикистон қишри осебпазир омӯзгорони макотиб ва донишгоҳҳо ва пизишкон ҳастад. Яъне онҳое, ки саломат ва маъориф ба онҳо бастагӣ дорад дар сатҳи паси иҷтимоъӣ қарор доштаанд.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854