ТАҲРИМҲОИ ТОЗА АЛАЙҲИ ЭРОН: НАЗАРОТИ ТОҶИКОН
Рӯзи чаҳоршанбеи 9 июн Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи ҷадиди таҳрими Эронро, ки муҷозоти молӣ ва маҳдудиятҳои густарда дар фурӯши аслиҳаро мадди назар дорад, тасвиб кард. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, ки шоми рӯзи чаҳоршанбе бо фарҳангиёни тоҷик ва эрониёни муқими Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дидор дошт, гуфт, ки таҳримҳои тоза бар вазъияти Эрон таъсири зиёде нахоҳад дошт.
Дар ҳоле ки маъулони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ба хотири бим аз хадшадор шудани муносибот бо Созмони Милал аз ибрози назар дар мавриди таҳримҳои ҷадиди Шӯрои Амният алайҳи Эpон худдорӣ карданд, аммо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносони тоҷик ин иқдомро навъе эҷоди мавонеъ дар роҳи дастёбии кишварҳои исломӣ ба фанновариҳои ҷадид арзёбӣ карданд.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунисти Тоҷикистон:
"Ин иқдоми СММ талоше барои дар муҳосираи иқтисодӣ қарор додани Эрон ва ба таври огоҳона муташанниҷ сохтани авзоъи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки “Чаро кишварҳои дигар, назири Фаронса ва Бритониё, озодона на танҳо нерӯгоҳҳои ҳастаӣ бунёд карданд, балки силоҳи ҳастаӣ ҳам сохтаанд, аммо аз СММ иҷоза нагирифтанд?” Силоҳҳои ҳастаии онҳо на барои ободонӣ, балки барои ҳамла ба кишварҳои дигар аст.
Ин дар ҳолест, ки Эрон қасди сохтани бумби атумӣ надорад ва танҳо мехоҳад аз энержии ҳастаӣ барои тавлиди нерӯи барқ истифода кунад. Зеро агар захоири нафту гози Эрон ба охир расад, ин кишвар бо мушкили камбуди шадиди энержӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд. Шояд ин захоир пас аз 20 сол тамом шавад. Он вақт Эрон барои рушди иқтисод аз кадом манбаъи энержӣ истифода хоҳад кард?
Аз ин лиҳоз, Эрон бояд даҳҳо нерӯгоҳи ҳастаӣ бунёд кунад. Дар замони Ризошоҳи Паҳлавӣ, шоҳи пешини Эрон, тарҳи бунёди 10 нерӯгоҳи ҳастаӣ таҳия шуда буд. Он замон на Амрико, на кишварҳои урупоӣ ва Исроил бо ин тарҳҳо мухолифат накарданд. Ҳоло ин кишварҳо дар қиболи Эрон на танҳо таҳримҳои иқтисодӣ кардаанд, ҳатто таҳдидҳо барои бумборон кардани таъсисоти ҳастаии ин кишвар садо медиҳад.
Ҳоло Амрико, Исроил ва мамолики Урупо бо буҳрони шадиди иқтисодӣ мувоҷеҳ шуда ва барои бурунрафт аз ин тангно мехоҳанд ҷангеро барангезанд. Дар замони буҳрони шадиди иқтисодии даҳаи 1930 низ кишварҳои сармоядор барои ҳалли ин мушкил оташи Ҷанги Ҷаҳонии Дуюмро барафрӯхта ва ба ҳисоби фурӯши силоҳ сарватманд шуда буданд.
Агар ба Эрон ҳамла сурат гирад, алангаи он ба бештари кишварҳои минтақа хоҳад расид. Ба қавли Бадриддин Ҳилолӣ, шоъири маъруфи форс: “Хасу хоре, ки оташ барфурӯзад, Чу хезад шӯъла, аввал худ бисӯзад”. Яъне онҳое, ки қасди барафрӯхтани оташи ҷангро доранд, худ дар ин оташ нобуд хоҳанд шуд."
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари сиёсӣ:
"Агар таҳримҳое, ки аз сӯйи Амрико пешниҳод шуда буд, дар Шӯрои Амнияти СММ тасвиб мегардид, барои иқтисоди Эрон зарбаи шадиде мешуд. Таҳрими пешниҳодии Амрико фарогир буда ва бахши тиҷоратро низ дар бар мегирифт. Бо исрору пофишории Русия феҳристи таҳримот коҳиш ёфт ва танҳо ба бахши молӣ ва маҳдудияти густарда дар фурӯши аслиҳа марбут шуданд. Албатта, ин таҳрим аз таҳримҳои қаблӣ шадидтар буда, ба вуруди таҷҳизоти мухталифи фаннӣ ва хобонидани ҳисобҳои бонкии 15 ширкати маъруфи эронӣ рабт мегирад.
Ҳамчунин, ҳисобҳои бонки мақомоти Эронӣ дар хориҷи кишвар назорат хоҳанд шуд. Ҳарчанд мақомоти эронӣ ин таҳримро нодида мегиранд, аммо асароти он барои иқтисоди ин кишвар сангин хоҳад шуд. Бештари саҳоми Эрон, ки аз фурӯши нафт ба даст омадааст, дар бонкҳои хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Аммо роҳҳои риъоят накардани таҳримҳо вуҷуд дорад. Масалан, ҳисобҳои бонкӣ ба номи дигарон мегузарад. Рӯшан буд, ки СММ дар ояндаи наздик таҳримҳои ҷадид эъмол мекунад, бино бар ин, ширкатҳои эронӣ ҳисобҳои бонкии худро дигар кардаанд."
Масъуд Собиров, раҳбари ҳизби демукрот:
"Бо посухи Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, дар мавриди таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ тавассути расонаҳои Тоҷикистон ошно шудам ва аз мавзеъи ӯ пуштибонӣ мекунам. Эрон ҳаққи истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаиро дорад ва таҳримҳои СММ дар қиболи Эрон ғайримунсифона аст. Магар барои бунёди нерӯгоҳҳои ҳастаӣ барои тавлиди барқ Эрон мавриди ҳамла ва бумборон қарор мегирад? Дар маҷмӯъ СММ ва кишварҳои Ғарб дар баробари мамолики исломӣ сиёсати нодуруст ва беъадолатона доранд.
Яъне ин кишварҳо ҳаққи дастрасӣ ба текнулужии ҷадидро надоранд. Чаро бояд ҷомеъаи исломӣ рушд накунад ва аз фанновариҳои пешрафта истифода накунад?"
Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ:
"Ба андешаи ман, Эрон борҳо чунин таҳримотро дида ва дар баробари таҳрими ҷадид низ муқобала хоҳад кард. Ҳамон тавре, ки Маҳмуди Аҳмадинажод, дар мулоқот бо рӯшанфикрони тоҷик дар шаҳри Душанбе гуфт: "Ман пайғом додам бе якешон. Гуфтам ин қатъномаҳое, ки шумо медиҳед, барои мо мисли дастмолест, ки масрафшуда аст, фақат ба дарди зуболадон мехурад." Боъиси таъаҷҷуб аст, ки кишварҳое, ки худ дорои силоҳи ҳастаӣ буда ва ҳатто онро алайҳи дигарон истифода кардаанд, бо барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон мухолифат доранд.
Гузаштҳои Эрон дар ин замина, аз ҷумла тавофуқи сеҷонибаи Эрон, Туркия ва Бразил дар мавриди интиқоли маводди сӯхти атумӣ барои ғанисозӣ ба кишварҳои хориҷӣ дар моҳи гузашта низ пеши роҳи таҳрими ҷадиди Шӯрои Амнияти СММ-ро гирифта натавонист. Ҳадафи Амрико ва муттафиқонаш эҷоди мавонеъи ҷиддӣ дар роҳи дастёбии кишварҳои исломӣ ба текнулужии пешрафта аст.
Дирӯз дар родиюи “Имрӯз” дар мавриди ақибмонда будани миллати мусалмон сӯҳбатҳое буд ва ислом монеъи пешрафт талаққӣ гардид. Ин дар ҳолест, кишварҳои абарқудрат ҳастанд, ки аз рушду пешрафти ҷаҳони ислом монеъ мешаванд.
Аз ин лиҳоз, Амрико, Исроил ва кишварҳои Урупо намегузоранд, ки Эрон соҳиби текнулужӣ, илм ва дониши ҳастаӣ шавад. Воқеъан, ин амал барои ҷомеъаи мусалмони ҷаҳон зулм маҳсуб мешавад."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2464-2010-06-11-05-02-49.html