Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Марат Ҳуснуллин
Дирӯз, 10-уми октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи имрўза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи муҳим дошта, нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ин самт хеле назаррас аст.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамкории байнипарламентӣ байни ду давлат тамоили мусбати рушд дорад.
Ҷонибҳо зарурати идомаи талошҳои муштаракро ҷиҳати тавсеа ва фаъолгардонии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ иброз намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.
АМИТ «Ховар»