МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ АШТ
16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар саҳни ҳавлии мактаби нави рақами 65 бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ашт мулоқоти самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми арзандаи сокинони ноҳия ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар давоми се соли бунёдкориву ободонӣ дар ноҳия 426 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 160 миллион сомонӣ ва бо таъсиси 1200 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Имрӯз низ якчанд иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла беморхонаи навбунёд, кӯдакистон, коргоҳи дӯзандагӣ, маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид, ки ҳамаи онҳо натиҷаи заҳмати ватандӯстонаи сокинону соҳибкорони бонангу номуси ноҳия мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи саноатикунонии босуръати кишвар андешаронӣ карда, тадбирҳои созандаи соҳибкорони ноҳияи Ашт, бахусус таъсиси Ассотсиатсияи соҳибкоронро омили муҳими амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории сохтмони корхонаву коргоҳҳои саноатӣ арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯсти ноҳияи Ашт барои истиқболи арзандаи 35 - солагии истиқлоли давлатӣ низ беш аз ҳарвақта талош хоҳанд кард.
Зимни таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ашт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1,5 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Дар ин давра ҷиҳати бунёду таҷдиди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, нигоҳдории роҳҳо ва сохтмони хатти интиқоли барқ дар ноҳия 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 255 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло дар самтҳои зикршуда татбиқи боз 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 36 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Ашт барои бунёди корхонаву коргоҳҳо дар самти коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, яъне рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатии дорои арзиши баланди иловашуда, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, коркарди пӯсту пашм, доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш ва ҳамзамон бо ин, доир ба рушди сайёҳӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд буда, барои сармоягузорони ватаниву хориҷӣ хеле ҷолиб мебошанд.
Бинобар ин Сарвари давлат зарур шумурданд, ки сокинони ноҳия ин имкониятҳоро ба соҳибкорони хориҷиву дохилӣ ба таври васеъ муаррифӣ карда, корро дар ин самт тақвият бахшанд. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ соли 2021 дар ҳудуди ноҳия 171 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки танҳо 34 миллион сомонии он ба соҳаи саноат равона гардидааст.
Соли 2021 дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Ашт дар ҳаҷми 254 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст., ки ба нишондиҳандаи соли 2020-ум баробар мебошад, яъне дар давоми соли гузашта афзоиш наёфтааст.
Вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти корҳоро оид ба афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ зарур шумурданд.
Бо вуҷуди он, ки соли 2021 дар ноҳия истеҳсоли либоси мактабӣ нисбат ба соли қаблӣ ду баробар зиёд шудааст, вале аз ҳисоби истеҳсоли худӣ таъмин кардани хонандагон ҳамагӣ 33 фоизро ташкил медиҳад. Зарур шумурда шуд, ки барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, роҳ надодан ба қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва боло бурдани иқтидори истеҳсолии ноҳия чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он, обёрии заминҳои бекорхобида, бунёди боғу токзори нав, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ, дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Ашт анъанаҳои фарзандони номдор ва содиқ ба Ватан ва халқи Тоҷикистонро идома бахшида, минбаъд низ ба хотири рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ободии Ватан саъю талош менамоянд ва ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги 35 – солагии истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон аҳлона заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештари иқтисодиву иҷтимоӣ ноил мегарданд.
President.tj