Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Кӯҳистони Масчои вилояти Суғд
Субҳи рӯзи 20-уми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нахуст ба ноҳияи Кӯҳистони Масчо ташриф оварданд. Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Масчо бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Гуфтанист, ки ноҳияи Кӯҳистони Масчо соли 1996 таъсис ёфта, яке аз ноҳияҳои зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ин ноҳия дар давоми беш аз 20 сол бо азму талошҳои бунёдкорона ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як деҳа ба ноҳияи муосиру пешрафта табдил дода шудааст, ки имрӯз дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ пешравиҳои зиёд дорад.
Давоми солҳои охир картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар баробари таъмини эҳтиёҷоти ноҳия ҳамчунин дар таъмини мамлакат бо картошкаи аълосифати маҳалӣ нақши арзанда мегузоранд ва пайваста барои афзун намудани нишондиҳандаҳои ҷамъоварии картошка талош менамоянд.
То ин лаҳзаҳо дар бораи муаррифии кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Қудрат 2010”, ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, ифтитоҳи бинои суд, бахши “Амонатбонк”, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, беморхонаи м арказӣ ва ғайра гузориш дода шудааст.
«Рӯзгор»