18:08:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Сӯҳроб Шарифов - Ватанпарасте дар дохили Система

Нигоҳе ба корнома ва мероси сиёсатшиноси варзидаи тоҷик, вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари пешини Маркази таҳқиқоти стратегии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов.

1-suhrob-sharifov_458754.jpgАгар аз Сӯҳроб Шарифов назар мепурсиданд, чизе ки ӯ дар посух мегуфт, худ ба хабари наве табдил меёфт. Вай гӯё як равзанаи хосеро боз мекард, ки аз он мешуд, паҳно ва ҷузъиёти ноаёни ҳодисаро дид ё хулосаҳои «магӯ»-ро шунид. Барояш шикастани «қонунҳои нонавишта»-и ҳокимият осон набуд ва ҳамчун узви ҳизби ҳоким ё шахси наздик ба ҳукумат маҷбур буд, дар доираи марзҳои муайян ҳаракат кунад, аммо ҳамеша ин марзҳоро берунтар тела медод ва фазоро бозтар мекард.

Дар яке аз мусоҳибаҳояш бо мо Сӯҳроб Шарифов ин вижагии худро чунин шарҳ дода буд: “Ман инсон ҳастам, олим ҳастам ва як мавқеи хоси худ ва назари шахсии худро ба ин ё он масъала дорам. Ман принсипи худро дорам ва медонам, ки принсипҳои ҳизбӣ низ ҳастанд. Мо кӯшиш мекунем, ки ин принсипҳо ҳамзистӣ дошта бошанд, агар не, ман назари худро дорам. Пешниҳодоти худро дорам. Албатта, бо журналистҳо чун ҳамеша ошкор хоҳам буд ва ба ҳама суолҳои онҳо посух хоҳам дод.”

ДАР ПАҲЛУИ ҲОКИМИЯТ

Умри ба дараҷаи дарднок кӯтоҳи Сӯҳроб Шарифов мисли барқ дурахшид ва меросе гузошт, ки аз рӯйи он фардо мешавад таърихи афкори сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои 2000-2015-и Тоҷикистонро навишт. Шарҳи сиёсиро ӯ замоне сар карда буд, ки донишҷӯи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов буд ва аввалин таҳлилҳояш дар соли 1993 дар Радиои Озодӣ садо додаанд.

Бозгашт ба Тоҷикистон ва оғози корномааш ҳамчун устоди донишгоҳ ва ба зудӣ корманди Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1998 ҳаддиаксарпарастӣ ё максимализми навҷавононаи ӯро фурӯ нишонд. Муддате муовини сардори бахши иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва ёвари раисиҷумҳур буд.

Соли 2005 Сӯҳроб Шарифови 42-сола раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Ин даврае буд, ки шумораи сиёсатшиносон дар кишвар ангуштшумор буд ва таҳлилҳои сиёсӣ саршор аз эҳтиёт буданд. Намунаи шахсии Сӯҳроб даҳҳо коршиносро ба майдон овард ва боз солҳо дар зеҳни таҳлилгарони ҷавон ҷилва хоҳад зад.

Ҷолиб аст, ки бо вуҷуди ба порлумон гузаштани ӯқариб ҳамеша аз ӯ дар паҳлуи ибораи «вакили порлумон» ибораи дигар меомад: «раҳбари пешини Маркази таҳқиқоти стратегӣ». Бо таъкид ба давраи кори Сӯҳроб Шарифов дар ин марказ изҳори шубҳа мешавад, ки ба зудиҳо симое мисли ӯ ба ин вазифа ояд. Қадршиносӣ мешуд, агар гуфта мешуд: «Маркази тадқиқоти стратегии ба номи Сӯҳроб Шарифов.»

ДАВЛАТСОЛОР ВА МЕҲАНПАРАСТ

Агар бархе аз баёнияҳои Сӯҳроб Шарифов мансабдорони давлатро нороҳат мекард, бархи дигари онҳо ба мухолифон хуш намеомад. Аз ҷумла дар 20-солаии истиқлолият гуфта буд: «Бозгашт ба низоми идораи худкомаӣ метавонад ба ояндаи давлати мустақили Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод кунад.» Дертар таҳлилгарони дигар низ гуфтанд, низоми иҷтимоӣ дар Тоҷикистон сар аз соли 2010 майле ба самти худкомагӣ пайдо кардааст. Сӯҳроб Шарифов  дар гуфтугӯи вижааш бо Радиои Озодӣ "марз"-ро фаротар бурд: “Пеш аз ҳама ҳамон хешу табору ақрабову ҳамон фарзандони президент дар ин бора фикр кунанд. Худашон фикр кунанд. Вақте назди ягон вазир ё ягон раиси ноҳия писар ё ягон хешу табори президент меояд, намепурсад, ки падарат иҷозат дод ё иҷозат надод, аз омадани ту хабар дорад ё надорад?”

Зоҳиран, ин сӯҳбатҳои Сӯҳроб вокунишҳое ба дунбол дошт, ки пас аз чанде ӯ дар як нишасти хабарӣ гуфт, раисиҷумҳур ҳақ дорад, наздикони худро ба вазифаҳои баланди давлатӣ таъин кунад, дар сурате, ки онҳо «дорои маълумоти кофӣ ва таҷрибаи зарурӣ бошанд.»

Сӯҳроб шояд ягона чеҳраи сиёсии Тоҷикистон аст, ки ба чунин шеваи ошкоро гуфтааст: «Ҷаноби президент камбудӣ дорад. Вай ҳам инсон аст. Ман фикр мекунам, он кас камтар суст ҳастанд дар муҷозоти онҳое, ки фасодкорӣ мекунанд. Раисиҷумҳур бисёр одами меҳрубон аст. Гоҳо ҳамин хислаташон дар корашон таъсир мегузорад. Фикр мекунам, ки ҳамин хислати меҳрубонии он кас нисбат ба фасодкорҳову дуздҳо аст, ки корҳои ношоиста карда имиҷу обрӯи давлату миллатро паст мезананд.»

Ҳамзамон Сӯҳроб Шарифов мухолифони давлатро танқид мекард. Ҷое мегуфт, ба кишвар танҳо се ҳизб зарур аст ва аҳзоби дигар бори зиёдатиянд. Ҷои дигар ба ихтилофоти дохилии ҳизбҳои мухолиф ишора мекард ва ҳам ба он ки президент Раҳмон рақиби арзанда надорад. Аз ҳамаи гурӯҳ ва андешаҳои зидди суботу амният шадидан интиқод мекард ва ҳушдор медод, ки ки хатари аслӣ амнияти кишварҳои Осиёи Марказиро на аз хориҷ, балки аз дохил таҳдид мекунад. Вай мегуфт, барояш манфиатҳои давлату миллат болотар аз ҳизбу афроданд.

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Ҳамчун раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сухани Сӯҳроб Шарифов аҳамияти бузург дошт ва дар ҳоле ки сухангӯёни дастгоҳ ё ниҳодҳои давлатӣ дар аксари маврид сукутро авло медонистанд, гуфтаҳои ӯ ба матолиби муҳими расонаҳои ҷаҳонӣ роҳ меёфт. Вай нақши ҳалкунандаи Русияро дар умури Тоҷикистон дарк мекард, аммо худро вобастаи ин ҳолат намешумурд. Дар рӯзҳои баҳси пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон мегуфт: «Аз рӯйи мантиқ, Русия бояд барои пойгоҳе, ки дар Тоҷикистон дорад, маблағ диҳад". Ё ин ки мегуфт, маркази "Окно" дар Норак таҳдиди рӯйиросте ба амнияти Тоҷикистон аст.

Дар бораи муҳоҷирон: «Оё ҳукумат масъалаи бас кардани тӯҳмату сиёҳкунии муҳоҷирони тоҷикро дар расонаҳои давлатии Русия баррасӣ кардааст?» Дар бораи бархӯрди Русия: «Мо медонем, ки соли 2004 Путин ваъдаҳои бисёр карда буд, лекин ин ваъдаҳо ҳамааш дар ҳаво овезон монданд ва амалӣ нашуданд.»

Дар бораи Роғун: «Агар ки Раҳмон Роғунро созад, ҳамаи гуноҳу камбудиҳо дар назди таърих бартараф хоҳад шуд.»

Дар бораи Ӯзбакистон: «Ӯзбакистон бояд муносиботи худ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон бознигарӣ кунад.»

Аммо хотирмонтарин сухани Шарифов ба додани замини Тоҷикистон ба Чин рабт доранд. Вай гуфта буд, ки агар ин кор намешуд, Чин бе пурсиш то Бадахшон меомад. Барои ин гуфтаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд танқид шуд. Дертар гуфт, манзураш таъкид ба беилоҷии кишвар буд.

ВАКИЛИ «МИКРОФОНИ 6»

Аз декабри соли 2011 то охирин нафасаш Сӯҳроб Шарифов вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд. Вай дар ин ҷо низ ба аслҳои ахлоқии худ содиқ монд. Баҳсҳои ӯ бо вазири пешини саноат ва энержӣ Шералӣ Гул, норозигияш ба роҳи пулакӣ ва ҳимояташ аз ҷомеаи маданӣ низ ба сархатти нашрияҳо рехта буд.

Ҳанӯз пеш аз оғози кораш ба ҳайси вакил таҳлилгари мустақили тоҷик Рустами Самеъ номзадии ӯро «як бозёфти ҳизби халқӣ-демократӣ» номида буд, ки дар миёни 10 вакили беҳтарин ва фаъоли Маҷлиси намояндагон қарор хоҳад гирифт». Сӯҳроб Шарифов кӯшиш мекард, на намояндаи як ҳизб, балки намояндаи мардум бошад. Ба ақидаи сиёсатшинос Исмоил Раҳматов, “Сӯҳроб ҳамеша назари худро бидуни тамаллуқ ба ҷонибе ва ё тарафе баён медошт."

Худи ӯ дар рӯзҳои интихобот мегуфт: «Дигар мардум калӯш намехоҳад. Аз сиёсат, фаъолияти судҳо, мақомоти прокуратура, вазъи иҷтимоии ҷомеа, мушкилот дар ин соҳаҳо, сабукиҳои кодекси нави андоз ҳарф мезанад.»

Ҳарчанд Сӯҳроб мегуфт, бо хости худаш аз Маркази таҳқиқоти стратегӣ ба порлумон рафт ва инро дар ҳамон як ҷумла ду дафъа такрор мекунад, як манбаъ дар ин марказ мегӯяд, Сӯҳроб Шарифов дар соли 2011 Консепсияи ислоҳоти сиёсӣ ва конститутсионии Тоҷикистонро таҳия карда буд, ки бино бар он мебоист баъзе аз ваколатҳои Президент ба нафъи порлумон ва нахуствазир кам карда мешуд. Ин санад ба дасти раисиҷумҳур расид, аммо ба порлумон пешниҳод нашуд. Ва Сӯҳроб низ орзуи вакилӣ кард.

Вай ягона вакили порлумон буд, ки бе ҳарос ба ҳамоиши ҷашнии ҳизби наҳзати исломӣ омад ва дар ин ҷо гуфт: «Ҳизби наҳзат барои шаъну шараф ва имон нерӯи худро харҷ мекунад. Ҳарчанд порлумон ҷои баҳс аст, аммо вақте манофеи давлат дар пеш аст, мо ҳама аз як гиребон сар мебарорем.»

ҲАЁТИ ШАХСӢ

Журналистоне, ки бо Сӯҳроб Шарифов мусоҳибаҳо барпо мекарданд, намедонистанд, ки вай дар зиндагии шахсияш бо кадом чолишҳо рӯбарӯст ва худи ӯ низ ҳаргиз умури хусусияшро бо ҷамъиятӣ омезиш намедод.

Дар оғози корномаашӯ дар вазъияте буд, ки аз оилаи нахустин ва ду фарзанд ҷудо шуд. Пас аз муддате аз нав издивоҷ кард ва бо хонуми дуввумаш низ соҳиби ду фарзанд шуд. Вақти холияшро бо варзиши бокс мегузаронд ва дар ин ришта ба даҷараи устоди варзиш расида буд. Ба ғайр аз ин хондани осори бадеӣ ва шоҳмотро дӯст медошт. Дар риштаи сиёсатшиносӣҳамеша ба омӯзиш, андеша ва навиштан машғул буд.

Вай мегуфт: «Мардумро аз бӯҳрони рӯҳӣ ва идеологӣ, ки онҳоро фаро гирифтааст ва намедонанд, ки чӣ гуна давлат сохта истодаем ва чӣ гуна ояндае хоҳем дошт, бояд раҳо кунем.» Пас ҳар сухане, ки ӯ ба матбуот мегуфт, мехост, порчаи нуре бошад, ки роҳҳоро рӯшан кунад.

Марги падарро дар моҳи марти соли 2013 хеле ба сахтӣ таҳаммул кард. Падараш профессор, доктори илмҳои таърих, Иброн Шарифов дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ин муаррихи тоҷик бо таълифи осори пурарзиш дар рушди илм ва фарҳанги Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст. Ва ҳам бо писаре чун Сӯҳроб Шарифов.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi