00:45:16 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Роғун

Узбакистон баҳси Роғунро боз ба минбари СММ бурд

Масъалаи нерӯгоҳи Роғун рӯзи шанбе ба минбари Маҷмаъи Умумии СММ кашида шуд ва ин дафъа низ аз тарафи ҳукумати Узбакистон, ки Роғунро барои Осиёи Марказӣ хатарбор номид.

abdulaziz-komilov-4569Абдулазиз Комилов , вазири умури хориҷии Узбакистон, рӯзи шанбе сеяки суханрониашро ба масъалаи тақсими об дар минтақа бахшид ва гуфт, Узбакистон аз тарҳҳои ҳамсоякишварҳояш Тоҷикистону Қирғизистон нигарон аст, ки ҳарду барои бунёди ду нерӯгоҳи бузург дар минтақа камар бастаанд.

Абдулазиз Комилов гуфт, дар шароити гармоиши курраи Замин ва камтар шудани захираҳои об, бунёди чунин нерӯгоҳҳо дар саргаҳи рӯдхонаҳои бузурги Осиёи Марказӣ кори дурусте нест.

Вазири умури хориҷии Узбакистон афзуд, чунин тарҳҳо бояд танҳо баъди мувофиқа бо тамоми кишварҳои минтақа амалӣ шаванд: «Ба эътиқоди мо, тамоми иншооти гидроэнергетикӣ дар болооби Сирдарё ва Амӯдарё бояд қабл аз бунёд, таҳти васояти Созмони Милал ташхис шаванд ва онҳоро ҳатман бо кишварҳои поёноб мувофиқа кунанд.»

Сипас Абдулазиз Комилов нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва Қамбарота-2-ро ном бурд ва ҳозирони нишасти Созмони Милалро «тарсонд», ки ин ду сарбанди бузург дар маҳалҳои зилзилахезе сохта мешаванд ва метавонанд оқибатҳои фалокатборе барои минтақа дошта бошанд.

Узбакистон бим дорад, ки дар сурати бунёди ҳарду нерӯгоҳ оби кофӣ барои киштзорҳои азими пахтааш нахоҳад ёфт ва бори аввал нест, ки масъалаи Роғун ва Қамбаротаро аз минбари Созмони Милал матраҳ мекунад. Аммо мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пайваста ин иддаъоҳои ҳукумати Узбакистонро сӯдҷӯёна ва дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва гуфтаанд, ки бунёди нерӯгоҳҳо ҳаққи қонунии онҳост ва ҳеҷ зиёне ба кишварҳои поёноб нахоҳад расонд.

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон ахиран дар суханрониаш дар Созмони Милал агарчӣ мустақиман аз Роғун ном набурд, аммо гуфт, Тоҷикистон як сарват дорад, ки он ҳам об аст ва онро барои некӯаҳволии мардумаш истифода хоҳад кард: "Дар шароити афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ва надоштани захираҳои бузурги газу нафт, Тоҷикистон барои истифода аз манобеъи фаровони обӣ ва энержии худ ва тавлиди нерӯи барқ талош хоҳад кард, зеро некӯаҳволии мардум дар мадди аввал ба он вобаста аст."

Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон низ ғайримустақим иддаъоҳои ҳамтои узбаки худро беасос хонд ва рӯзи шанбе аз минбари Созмони Милал гуфт, ки бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ ба манфиати тамоми мардуми Осиёи Марказӣ хоҳад буд: «Бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии минтақа аҳамияти стротегӣ дорад. Мо бовар дорем, ки бо ин кор метавон мушкилоти зиёди ҳозираву ояндаро рафъ кард. Ба назари мо, бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обиро бояд як механизми рушд, бидуни олуда кардани муҳити зист донист.»

Ба гуфтаи Эрлан Абдилдаев, маҳз истифодаи сӯзишвории нафтӣ, чӣ барои тавлиди нерӯи барқ ва чӣ барои аҳдофи дигар, як сабаби тағйири иқлим шудааст. Тағйири иқлим ба навбаи худ, масоҳати пиряхҳои Осиёи Марказиро башиддат кам кардааст ва дар оянда метавонад сабаби норасоии об дар минтақа шавад.

Нахуствазири Тоҷикистон ва вазирони умури хориҷии Узбакистону Қирғизистон ҳарду аз минбари Созмони Милал гуфтанд, ки омодаи ҳамкории созанда дар масъалаи баҳрабардорӣ аз захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ҳастанд, аммо воқеият, ба гуфтаи нозирони умур, дигар аст. Узбакистон ба ҳар роҳе ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва Қамбарота мухолифат мекунад ва маҳз ҳамин масъала боиси тирагии равобиташ бо ин ду кишвари болооби минтақа шудааст.

Нерӯгоҳи барқи обии нимасохтаи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт дар сурати сохта шуданаш, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, қодир аст, Тоҷикистонро аз буҳрони нафасгиркунандаи энержӣ, ки ҳар зимистон такрор мешавад, халос кунад. Айни мушкилро Қирғизистон ҳам дорад ва роҳи раҳоӣ аз камбуди барқро дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Қамбарота-2 мебинад, ки ҳоло танҳо як тарҳи дар рӯи қоғаз аст.

Давлати Тоҷикистон мунтазири натиҷаҳои ташхиси байналмилалии нерӯгоҳи Роғун аст, ки бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешавад. Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, новобаста аз натиҷаҳои ташхис ин ҳукумати Тоҷикистон аст, ки бояд қарори ниҳоӣ дар бораи бунёди нерӯгоҳи Роғунро бигирад, ки оё месозадаш ё на?

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi