Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
16 ноябр филми ҳунарии «Дов»-и истеҳсоли Тоҷикистон дар Кинофестивали байналмилалии XVI «Северный характер» дар шаҳри Мурмански Федератсияи Русия сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филм» гардид.
Дар ин кинофестивал филми ҳунарии «Дов» ҷоизаи байналмилалии 25-умро ба даст овард. Ба Кумитаи тадорукоти фестивал барои 300 филм дархост пешниҳод шуд, ки аз байни онҳо 77 филми 15 давлати дунё дар номинатсияҳои гуногун интихоб гардид.
Филмҳое, ки дар ин кинофестивал ғолиб омадаанд, дар аксар шаҳрҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Арманистон, Норвегия, Шветсия ва Финландия намоиш дода мешаванд.
Ҳамчунин пагоҳ, 19 ноябр дар кинотеатри «delphiLUX»-и шаҳри Берлин филми ҳунарии «Дов» дар доираи Кинофестивали байналмилалии «Оянда аз имрӯз-Осиёи Марказӣ» намоиш дода мешавад. Ин филмро дар Берлин коргардон Муҳиддини Музаффар муаррифӣ менамояд.
Филм воқеаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро инъикос намуда, рӯзгори пурпечутоби ду дӯсти ҳақиқӣ ва ҳаёти одамони боистеъдоди зиёии музофотро ба тамошобинон намоиш медиҳад.
Ҳирси молу дунё дӯстонро аз ҳам ҷудо месозад ва риштаи рафоқат байни онҳо канда шуда, ҷойи онро нафрату адоват мегирад.
Иҷрокунандаи нақши Қаҳҳор дар филм Абдумуъмин Шарифӣ иброз медорад, ки соли 2023 дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия филми ҳунарии «Дов» дар ҷашнвораи 16-уми байналмиллалии синамоии «Шарқ ва Ғарб» (Восток и Запад) иштирок намуд ва сазовори Ҷоизаи «Беҳтарин филми ҷашнвора» гардид.
«Вақти ҷоизасупорӣ як узви ҳайати доварон Ирина Климова иброз дошт, ки ман аз масъулини филми «Дов» хоҳиш менамоям, ки нусхаи ин филмро ба ман диҳанд, то имконияти ба писарам ва наздиконам нишон додани онро дошта бошам. Мехоҳам онҳо аз суннат, рисолату қонунҳо ва арзишҳои муҳими инсонӣ дур нашаванд…!»,-иброз медорад иҷрокунандаи нақши асосии филми «Дов» Абдулмуъмин Шарифӣ.
Ёдовар мешавем, ки филми «Дов» нахустин лоиҳаи муштараки «Суғдсинамо» бо «Тоҷикфилм» аст. Филм 117 дақиқа буда, соли 2022 истеҳсол гардидааст.
АМИТ «Ховар»