БАҲРАБАРДОРӢ АЗ ХАТТИ ЛУЛАИ НАФТИ РУСИЯ - ЧИН
Аввалин хатти лулаи нафт ки Русия, бузургтарин тавлидкунандаи нафти ҷаҳонро бо Чин, бузургтарин масрафкунандаи энержӣ ба ҳам муттасил мекунад, оғоз ба кор кардааст. Ин хатти лула, ки байни Сибирӣ ва шаҳри Дочин дар шимоли шарқи Чин кашида шуда, боъиси афзоиши содироти нафти байни ду кишвари Чин ва Русия хоҳад шуд.
То кунун нафти Русия аз тариқи хатти оҳан ба Чин содир мешуд ва шабакаи хутути нафти Русия танҳо барои содирот ба кишварҳои урупоӣ мавриди истифода қарор мегирифт. Интизор меравад, ки солона аз тариқи ин хатти лулаи ҷадид 15 милиюн тун нафт содир шавад, ки ин мизон рӯзона ҳудуди 300 ҳазор бушка бароварда шудааст. Ин пружа 25 миллиёрд дулор ҳазина дошта, ки бахше аз онро Чин пардохтааст. Русия дар соли 2009 ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи нафт аз Арабистони Саъудӣ пешӣ гирифт.
Ин дар ҳоле аст, ки Чин соли гузашта ба унвони бузургтарин масрафкунандаи энержӣ аз аз Омрико ҷилав уфтод. Ёу Вуй, мудири масъули шуъбаи Чин дар маросими оғоз ба кори ин хатти лула гуфт: "Баҳрабардорӣ аз хатти лулаи нафти Чин - Русия оғози марҳалаи ҷадиде аз ҳамкории ин ду кишвар дар бахши энержӣ аст."
Владимир Путин, нахуствазири Русия ҳам дар гузашта гуфта буд ин хатти лула ба Русия ин имконро медиҳад то ба содироташ танаввуъ бидиҳад. Қарор аст марҳалаи дувуми сохти ин хатти лула, ки масофате ҳудуди 4700 килуметрро пӯшиш хоҳад дод, дар соли 2014 поён ёбад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4036-2011-01-02-16-34-23.html