“Ҳабси якумра”
Омӯзиши парвандаи ҷиноятӣ муайян кард, ки Валӣ Сафаралӣ, соли таваллудаш 15 январи соли 1994, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, Ҷамоати деҳоти Чагам, деҳаи Назарбоӣ, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, оиладор соҳиби 2 фарзанд, пеш суд нашудааст, ҳамчун боркаш дар нуқтаи ордфурӯшии бозори“Фаровон”-и шаҳри Душанбе кор намуда, ҳангоми бо ҳамсараш Қурбонова Зӯҳро Шоҳмаҳмадовна, соли таваллудаш 8 майи соли 1998 зиндагонӣ карданашон мунтазам ҷанҷол мекардаст.
Дар натиҷаи муноқишаи навбатӣ, миёнаҳои моҳи декабри соли 2025 ҳамсараш Қурбонова З.Ш. ба хонаи волидонаш, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб рафта, онҷо бо ду фарзанди хурдсолаш зиндагиашро идома додааст.
Ӯ аз ин рафтори ҳамсараш Қурбонова З.Ш. норозӣ гардида, дар натиҷаи ҷанҷоли лафзии навбатии санаи якуми апрели соли 2026 ба воситаи телефони мобилӣ ба миён омада, қасди аз ҳаёт маҳрум сохтани номбурдаро дар андешааш ҷой намуда, нақшаи содир кардани кушторро тарҳрезӣ намудааст.
Санаи якуми апрели соли 2026 соати 15 мавсуф ба амалӣ кардани қасди ҷиноятии худ шурӯъ намуда, аз ноҳияи Ш.Шоҳин ба шаҳри Кӯлоб омада, аз бозори марказии шаҳр бо арзиши 25 сомонӣ як адад корди хоҷагӣ харидорӣ карда, то нисфишаб дар наздикии хонаи истиқоматии волидони ҳамсараш гаштугузор кардааст.
Сипас 2 апрели соли 2026, соати дуи шаб пинҳонӣ ба ҳавлӣ ва ҳуҷраи хоби ҳамсараш Қурбонова З.Ш., воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи 8, ҳавлии 127 ворид шуда, онҷо хоҳари ҳамсараш Тахминаи Шомаҳмад, соли таваллудаш 5 ноябри соли 2006-ро ки ҳомиладор буда, чанде пеш аз шаҳри Душанбе барои таваллудкунӣ ба хонаи волидонаш омада буд бо ҳамроҳии писари хоҳари ҳамсараш Қурбонова Фотима- хурдсол Шомаҳмадзода Абубакри соли таваллудаш 11 ноябри соли 2020-ро дар ҳолати хоб паҳлӯи ҳамдигар дидааст.
Дар ин вақт, ӯ бо мақсади осон ва рӯйпӯш намудани куштори ҳамсараш Қурбонова З.Ш., ки дар ҳуҷраи дигар хоб будааст, қасд пайдо мекунад, ки аввал куштори Тахминаи Ш. ва хурдсол Шомаҳмадзода А-ро анҷом дода, баъдан номбурдаро ба қатл мерасонад, яъне куштори бештар аз ду шахсро содир менамояд.
Сипас, ӯ бо истифода аз корди бо худ овардааш дар ҳолати оҷизӣ, яъне хоб будан бо бераҳмии махсус 5 маротиба ба қафаси сина ва шиками Тахминаи Ш. ва 2 маротиба ба тарафи рости қафаси синаи хурдсол Шомаҳмадзода А. зарбаҳои халандаю бурандаи марговар задааст.
Аз ин зарбаҳои ӯ Тахминаи Ш. ва хурдсол Шомаҳмадзода А. фиғон бардошта, ба кӯмак даъват намудаанд. Овози онҳоро ҳамсари ӯ - Қурбонова З.Ш., ки дар ҳуҷраи дигар бо ду фарзанди хурдсолаш хоб будаст шунида, ба ҳуҷраи хоби Тахминаи Ш. ва хурдсол Шомаҳмадзода А. ворид шудааст.
Сипас, ӯ бо мақсади ба қатл расонидани ҚурбоноваЗ.Ш. бо истифодаи корд зуд ба номбурда ҳуҷум намуда, бо бераҳмии махсус ба қафаси сина ва дигар аъзои бадани номбурда 4 маротиба зарбаҳои халанда ва бурандаи марговар задааст.
Дар натиҷа, Қурбонова З.Ш. ва Тахминаи Ш. дар ҷои ҳодиса ва хурдсол ШомаҳмадзодаА. дар беморхонаи вилоятии клиникии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расидаанд.
Санаи дуюми апрели соли 2026 нисбати Валӣ Сафаралӣ бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “а,в,д,е,л” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокурори шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда шуда, 03.04 соли 2026 нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан интихоб карда шудааст.
22 майи соли 2026 ба Валӣ Сафаралӣ бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “а,в,д,е,л” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур санаи 25.05 соли 2026 ба итмом расида, барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ пешниҳод карда шудааст.
Сеюми июни соли 2026 фикри айбдоркуни бо парвандаи ҷиноятии мазкур аз тарфаи муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб , Музофиров Ҳ.Ғ. тасдиқ карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан барраси намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Дар суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи судяи суди вилоят Шарифзода А. бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Шарифзода Маҳмадамин мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
24 июни соли 2026 бо ҳукми суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ба судшаванда Валӣ Сафаралӣ дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “а,в,д,е,л” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазо дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.
Аъмоли нангин ва дар сиришти Валӣ Сафаралӣ барин ҷавонмард, ки бо ҷангу ҷанҷолҳои ночиз ахиран дар андешаи пӯкаш нақшаи қатли инсони бегуноҳ аз кӯрии дил ҳосил гашт, ахиран боиси он гашт, ки ин шахси кӯтоҳ андеш ва дур аз ахлоқу одод на як нафар, балки се нафар инсони бегуноҳро, ки байнашон модари ҷавон умедвории зодани тифли батни худро интизор ва кӯдаки шаш сола бо як даҳшу хӯи даррандагӣ ба ҳалокат расонид.
Дар шоҳкосаи аз қалъаи қадимаи Ҳулбук ёфташуда аз тарафи академик Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ, 1000 сол пеш бо забони тозаи форсӣ ба таври равшан ҳазор сол муқаддам ниёгони равшандили мо ин сатрҳоро хаккокӣ намуда буданд: “Хашм нишонаи бохтан аст”!
Оре, ин маънии бузург то имрӯз қиматии худро нигоҳ дошта меояд.
Як хашми ноҷо, бо сабаби як ҷанҷоли ночиз боиси куштори зиёди инсонҳои бегуноҳ ва паси панҷара рафтани шахсе, ки ҳамаги 32 сол дошту метавонист, ки бо кори фоиданоки ҷамъиятӣ барои мейҳан, ҷомеъа ва оилаву волидайни худ нафърасон ва омили ифтихор гардад, боси кушторҳои даҳшатнок ва ахиран ҳабси якумари ин шахси кӯтоҳандешу тунукназар гардид.
Беҳуда шоир нафармудааст:
Пари товус латиф аст ба каргас нарасад,
Ақл ҳам чизи шариф аст ба ҳар кас нарасад.
Варқаи Зайниддин, Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи якум
















