РАҲБАРИ ШӮРОИ АВРУПО АЗ ПУТИН ДАЪВАТ КАРД, КИ МУСТАҚИМАН БО ЗЕЛЕНСКИЙ ТАМОС БИГИРАД
Раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел зимни як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин аз ӯ хост, ки мустақиман бо раҳбари Украина Владимир Зеленский сӯҳбат кунад. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба як манбаъ дар Шӯрои Аврупо хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки гуфтугӯҳои телефонии Путин ва Мишел пас аз сафари раиси Шӯрои Аврупо ба Киев рӯзи 20 апрел сурат гирифта, ки ӯ бо раисиҷумҳури Украина мулоқот кардааст.
Баъдан хабар дода шуд, ки Зеленский дар мулоқот бо Мишел масъалаи таҳкими таҳримҳо алайҳи Русия ва кӯмак ба Украинаро баррасӣ кардааст.