07:19:47 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Дуои борон

Аз силсилаи «Қиссаҳо аз рӯзгори ҳиҷрат»    

Миёнаҳои моҳи феврали соли 1996-ум  буд. Муҳоҷирини дар Афғонистон будаи тоҷик зимистони соли чаҳоруми ҳиҷратро сипарӣ мекарданд. Фасли сармои  имсола дар қиёс бо зимистонҳои гузашта барояшон ғайричашмдошт офтобиву камбориш омад. Аниқтараш ин зимистон, ки аз нисф зиёди моҳи сеюмаш ҳам тибқи фаслшумории шӯравӣ инак тай мешуд, боре ҳам барф наборид. Ҳатто борон ҳам ҳамагӣ як ё ду бор кам-камак бориду халос.

1.duoi-boron 215445Он ҳам бошад қариб ду моҳ пеш. Наврасону кӯдакони муҳоҷиринро аз ин рӯзҳои гарму офтобӣ хеле хушашон меомад. Зеро ин вазъи ҳаво агар аз як тараф ташвишу тараддуди ҳезумҷамъкуниву ҳезумкаширо барояшон камтар  кунад, аз тарафи дигар шароиту имконият фароҳам меовард, ки бо футболбозӣ -ягона шуғли дӯстдоштаашон дар ин кӯи ғарибӣ бештар машғул шаванд ва аз ин роҳ як каме ҳам бошад, ба қавли худи онҳо, ки акнун чун калонсолон андешаронӣ мекарданд, «куфти дорри ғурбат»-ро бароранд. Вале дар ҳамин ҳол як тарафи дили калонсолоне, ки дар Ватан асосан бо кишоварзӣ сару кор доштанд, хеле хиҷил буд. Онҳо аз чунин ранг гирифтани вазъияти обу ҳавои ин зимистон дар қаъри дили хеш нороҳат буданд. Дилашон чун  марғзори имсолаи  пуштаҳои Эрганаки болои Қундуз барои деҳқонони ҳар ду соҳили Омӯ баробар месӯхт…

Рӯзи ҷумъа буд. Муҳоҷирин худро ба намоз омода мекарданд. Масҷиди ҷомеъи ӯрдугоҳ маъмулан дар ин рӯз серодамтар мешавад. Зеро ҷумъа рӯзи истироҳатӣ ҳасту дар ин рӯз муҳоҷирине, ки  дар шаҳри Қундуз ва атрофи он мардикорӣ мекунанд, рухсатианд ва чун одат намозро дар масҷиди Боғи Ширкат, дар дувоздаҳкилометрии шимолу ғарби Қундуз дар ҳалқаи хешу ақрабо  мегузоранд. Баробари наздик шудани ақрабаки соат ба яки баъд аз зӯҳр саҳни масҷид ҳам одатан аз намозхон пур мешавад. Вале имрӯз мардум барвақттар ба масҷид омаданд. Хабари ба масҷид ташриф овардани ришсафедони афғониро ду-се соат қабл аз намоз қариб ҳама аҳли Боғи Ширкат шунида буданд. Онҳо биёр мехостанд бифаҳманд, ки чӣ чиз 12-16 нафар мӯйсафеди тақрибан 70-80- соларо, ки аз тарзи либоспӯшиашон зоҳиран шахсиятҳои соҳибэҳтироми маҳаллаҳои аҳолинишини атрофи Боғи Ширкат ба назар мерасанд, водор созад ба назди муҳоҷирин биёянд? Ҳисси кунҷковӣ хурду калони урдугоҳро ин ҷумъа барвақттар ба масҷид овард. Хатиби масҷид Эшони Набӣ меҳмононро хайра мақдам гуфта, даъват кард, ки дар сафи аввали намозхонон ҷой бигиранд. Баъди мавъиза пеш аз хондани хутба эшони Набӣ ба меҳмонон рӯ оварда гуфт, ки агар гуфтание дошта бошанд, марҳамат минбар дар ихтиёри онҳо. Аз байни меҳмонон як мӯйсафеди  бузургҷуссаи камгӯшти қоматбаланд, ки риши дарози сафед дошт, даст боло карда иҷозати сухан гуфтан пурсид:

2.duoi-boron_215445.jpg

- Бародарони гиромӣ, агар иҷозат бидиҳед, мехоҳам як нуктаро хидмати шумо арз бикунам.

Мӯйсафед баъди он ки барои сухан гуфтан иҷозаташ доданд, патуи худро ба тарафи чапи китфаш партофту ба назди хатиб омад ва бо изҳори ташаккур ба сухан оғоз кард:

-Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ падарони нурониву бародарони гиромӣ, фарзандони арҷманд, муҳоҷирини азияткашидаи тоҷик. Имрӯз мо назди шумо, чи тавре ки мебинед, бар хилофи он омаданҳои қаблӣ бо дасти холиву бо гардани паст омадем. Хасеро ба ҳамроҳ бароятон наёвардаем. Имрӯз мо малӯлу ғамзадаем. Мӯҳтоҷи кӯмаки шумо ҳастем. Ай муҳоҷирини хору зори дур аз ватан уфтодаи тоҷик, ба мо ёрӣ диҳед! Чи тавре, ки шумо медонед, зимистон ҳам инак мегузарад. Вале, бубинед, ки як тика барфу як қатра борон болои киштзорҳои мову чарогоҳҳои мо наборид. Ғаллаи мо чӣ мешаваду молу чорвои моро чӣ дар пеш аст? Дар ин кишвари ҷангзадаи мо баъдан ҳоли кӯдакони аз хушиҳои зиндагӣ маҳрум ва пирони бахтбаргаштаи мо чӣ мешавад? Дар ин чанд моҳи зимистон борҳо барои дуои истисқо кардан беруни шаҳр баромадем. Вале Худованди бузург дуои мо бандагони осияшро мустаҷоб намегардонад. Шояд он қадар гуноҳ кардаем, ки дигар  ғазаби Худоро ба бор овардаем. Имрӯз ба ин Хонааш зору низор, вале боз ҳам умедвор омадаем. Омадаем, ки ин дафъа якҷо бо шумо дасти дуои хайр ба сӯи Парвадигори мутаъол дароз кунем. Расули акрам (c) дар як ҳадиси мубораки хеш мефармояд, ки дуои шахси мазлум агарчи кофир аст, пеши Худованд, мустаҷоб аст. Шумо аввалан, ки алҳамдуллилоҳ, мусалмон ҳастед. Дуввум ифтихори дар дори ҳиҷрат зистанро доред. Саввум шумо низ чун дар ин ҷанг аз хешу ақрабо кушта додаед, аз хонаву кошонаи хеш иҷборан маҳрум гаштаед, молу мулки шуморо  низ ба яғмо бурдаанд, аз ин рӯ шумо ҳам мазлумед ва дуои шумо иншоаллоҳ, ки пеши Худованди бузург мустаҷоб аст. Биёед, ҳамагон даст ба сӯи Аллоҳ бубарем, нолаву тазарруъ кунем, шояд раҳми Парвардигори мо ояду даричаи хазинаи раҳматашро ба рӯи мо кушояд. Домуллои азиз, дуъо кунед, гӯён рӯ ба сӯи эшони Набӣ овард.

Эшони Набӣ мисле, ки мунтазири ҳамин суханҳо буд, кафи дастҳояшро рӯ ба осмон кушоду гуфт:

Бисмиллоҳи Раҳмонир Раҳим. Аҳадо, Самадо, Парвардигоро, ай он, ки ҷуз Ту фарёдрасе моро нест, ай он, ки ҷуз Ту умеди имдод аз касе моро нест, ба ҳурмати хотамуланбиё ва шафиъи рӯзи ҷазо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бо гардани паст дасти ниёз ба сӯят дароз кардаем. Танҳо Туӣ, ки метавонӣ моро аз офатҳои ин дунёву аз азиятҳои охират наҷот бидиҳӣ. Оре, мо бандагони осиву гунаҳкори Туем. Басо аз фармудаҳоят дурӣ ҷустаем. Басе корҳоеро анҷом додаем, ки бароямон манъ карда будӣ. Оре, осиему гунаҳкор, вале Ту Раҳимиву Ту Каримиву Ту Ғаффорӣ. Худоё, ба ҳурмати оби чашми онҳое, ки имрӯз ба хонаат барои саҷда кардан омадаанд, оби раҳмататро ба дашту пуштаҳои сӯзони ин диёри ғурбат бирез:

Ё Раб, сабаби ҳаёт борон бифирист,

В-аз хони карам неъмати алвон бифирист.

Аз баҳри лаби ташнаи тифлони набот,

Аз синаи абр шири борон бифирист…

3.duoi-boron_215445.jpg

Ибодаткунадагони хонаи Худо бо чашмони пур аз ашк намози ҷумъаро хонданду аз масҷид хориҷ шуданд. Осмон ҳанӯз ҳам софу беғубор буд. Вале аз қибла абри хурде ба назар намоён шуд ва он торафт бузург мешуду бо суръат ба болои Боғи Ширкат ҳаракат мекард. Дар назари ман ин абр набуд, корвони уштуроне буд, ки ҳамагӣ машки об дар бар доштанд ва ҳамин ки ба болои урдугоҳи муҳоҷирин расиданд, даҳони машкҳоро кушоданд. Худованди таборак ва таъоло барои ҳар як қатра ашки дар ғарибӣ рехтаи муҳоҷири дур аз Ватани тоҷик ҳазорон машки оби раҳматашро болои сари аз ғам хами ӯ мерехт. Борон як ҳафта беист мебориду меборид. Ба назарам акнун осмон барои кардаҳояш дар ҳаққи Афғонистони ҷангзадаву муҳоҷирини ғариби тоҷик пушаймон гаштаву ашки надомат мерехт. Мегиристу мегиристу мегирист. Борон тӯли як ҳафта чунон бошиддат борид, ки боми кулбаҳои аксари муҳоҷирин ба чакидан сар кард. Рӯзи ҷумъа ришсафедони афғонӣ боз ба масҷиди ҷомеъи муҳоҷирини тоҷик ташриф оварданд. Ин дафъа бо чеҳраи кушоду вақти хуш омаданд, аз мустаҷоб шудани дуъои муҳоҷирин пеши Худованди бузург ибрози хурсандӣ мекарданд. Вале ин бор мехостанд, ки муҳоҷирин дуъо кунанд то борон қатъ шавад, зеро агарчи ин борон хостаҳои дил аст, вале замини киштукор акнун пур аз лою пур аз гил аст. Агар борон ҳамин гуна идома ёбад киштукор қафо хоҳад зад. Бо хоҳиши онҳо эшони Набӣ боз даст ба дуъо бардошту дар қадами аввал шукронаи Худоро кард, ки дуъои дилсӯхтагонро ба даргоҳаш қабул намуд ва барояшон аз «синаи абр шири борон дод»…Боварнокарданист. Аммо ин ҳақиқат аст. Чанд лаҳза пас аз шукронагуфтанҳову дуъои қатъи борон карданҳо осмон боз софу беғубор шуд. Хуршеди дурахшон падид омад. Сағиру кабир, ғаниву фақир ҳама баробар шод шуданд. Ва баъди чанд рӯзе замину даштҳое, ки гилистон буданд ба гулистон табдил ёфтанд.

Султони Ҳамад 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi