04:23:08 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АКСҲО АЗ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "РӮЗИ АСАЛ-2009"

Замбӯри асал яке аз мӯъҷизаҳои пурасрор ва нотакрори олами ҳастӣ ба шумор меравад, ки инсонят дар баробари ин мӯъҷизаи илоҳӣ дар таҳайюр будааст. Чаро Худованд дар Қуръони азимушшаън дар бораи баъзе аз ҳашароти муфид мисли занбӯри асал, мӯрча ва ғайраҳо масал мезанад. Ин шаҳодат медиҳад, ки низоми махлуқоти илоҳӣ низ шоистаи таҳқиқ ва омӯзиш буда, барои инсоният ибрат ва таҷрибаи ҳаёт шуда метавонад.

Худованди яктову беҳамто дар Қуръони азимушаъни худ дар сураи мубораки «Наҳл» дар ояти 68 ва 69-уми он дар бораи занбури асал, ки он ҳам яке аз мӯъҷизаҳои сершумори Илоҳист баён карда мегӯяд. «Парвардигори ту бо занбӯри асал ваҳй кард, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳое, ки месозанд хонаҳое баргузин. Он гоҳ аз ҳар самаре бихӯр ва фармонбардор бо роҳи Парвардигорат бирав. Аз шиками ӯ шаробе ранго ранг берун меояд, ки шифои мардум дар он аст. Ва соҳибони ақлро дар он андешаест».

Яъне Парвардигори ту ба занбӯри асал илҳом кард ва аъмоли шигифтосоеро, ки ақлҳои башар аз он оҷизанд, дар зиндагӣ ва ҳаёти онҳо қарор дод. Зеро зиндагии занбӯри асал аз чунон низоми иҷтимоӣ ва маъовуни дақиқ ва ҳайратоваре бархурдор аст, ки башарро ба шигифтӣ ва эъҷоб во доштааст, то ба-д онҷо, ки дар ин бора китобҳо навишта ва дафтарҳо анбоштаанд.

Ва инчунин Худованди меҳрубон ба занбӯри асал илҳом кард, ки аз ҳамаи меваҳо бихӯр ва роҳи нишондоди Худо бипаймо ва шаробе аз шиками онҳо берун меояд, ки шифои мардумон дар онаст. Яъне дар таркиби асал Худованди Ҳаким он чунон моддаҳои шифобахшеро ҷо додааст, ки дар дигар доруҳо он вуҷуд надорад ва ҳамаи инро илми муосири тиб исбот кардааст

Аз китоби «Асал- мӯъҷиза ва табиби беҳамто», ш. Хуҷанд, 2008.

згор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi