23:19:02 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЭЪДОМИ ЯКЕ АЗ ОМИЛОНИ ТАРКИШ ДАР МЕТРОИ МИНСК

 

Дар Белорус як ҷавоне, ки барои бамгузорӣ дар метрои шаҳри Минск гунаҳкор дониста шуда буд, эъдом шудааст. Любов Кавалёва модари яке аз ду ҷавоне, ки барои бамгузорӣ дар метрои шаҳри Минск гунаҳгор дониста шуданд, мегӯяд, ки ҳукми эъдоми фарзанди вайро иҷро кардаанд.

/images/stories/2012/03/17_tarkish-17312.jpgБар асари таркиш дар истгоҳи метрои "Октябрская"-и Минкс, ки 11-уми апрели соли 2011 ба вуқӯъ пайваст, 15 нафар кушта ва тақрибан 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Хонум Кавалёва ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, вай дар бораи эъдоми писараш Уладислав Кавалёв номаи расмӣ гирифтааст. Татяна Кавалёва-духтари вай ба бахши беларусии радиои Озодӣ чунин гуфт:

“Мо ҳамин ҳоло аз почтаамон ёддоште гирифтем. Аз ​​Додгоҳи Олӣ, аз таърихи 16-уми март дар ин бора, ки ҳукм иҷро шудааст. Онро модарам гирифт. Онҳо вайро куштаанд. Ҳама чиз дигар пучу бефоида аст”.

Ин хабар дар ҳоле пахш мешавад, ки рӯзи ҷумъа Любов Кавалёва-модари Уладислам ба радиои Озодӣ гуфт, вай аз Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус хостааст, ки ҳади ақал барои як соли дигар ин ҳукмро иҷро накунанд, то  писари вай ҷавоби дархости худ аз Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ-ро бигирад.

Рӯзи ҷумъа Кетрин Аштон-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз Беларус хост, ки Уладислав Кавалёв ва Дмитрий Канаваловро барои бамгузории соли гузашта дар метрои Минск эъдом накунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi