ИНФИҶОРҲОИ БАҒДОД ЧАНДИН КУШТА ВА ЗАХМӢ БАР ҶОЙ ГУЗОШТ
Вуқӯъи як риштаинфиҷор дар Бағдод, пойтахти Ироқ, дастикам чаҳордаҳ кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузоштааст.
Ба гуфтаи мақомоти пулиси Бағдод, дар ду ҳамлаи интиҳорӣ, ду утумубили бумбгузоришуда ба фосилаи чанд дақиқа аз якдигар мунфаҷир шуд ва як инфиҷори дигар низ кӯтоҳмуддате пас аз он рӯй дод. Ҳадафҳои муҳоҷимон ду посгоҳ ва як утумубили гаштии пулис дар марказ ва ҳумаи шимол-ғарби шаҳри Бағдод будааст.
БиБиСи