04:46:42 01-уми Июни 2025 сол

РАҲМАТИЛЛО ЗОЙИРОВРО БАРОИ ҚАЛЛОБӢ БА СУД КАШИДАНД?

Ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз номи даъвогар ҶСШК ТВ «Сомониён», ки Директори он Мирзоев Икром мебошад, нисбати Ташкилоти ҷамъиятии Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон, ки роҳбари он Раҳматилло Зойиров-Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст, аризаи даъвогӣ ворид шудааст ва он тайи ду моҳ боз мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Роҳбари ташкилот Раҳматилло Зойиров дар мурофиаҳои судӣ иштирок намекунад. Бо ин иллат панҷ маротиба аст, ки мурофиаи судӣ баргузор намешавад.

zoirov255455.jpgДаъвогар Мирзоев Икром Директори ҶСШК ТВ «Сомониён» бо он даъво мекард, ки маблағе, ки Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон (ТЮК) аз тарафи Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ ва Консулгарии Шоҳигарии Нидерландия дар Ҷумҳурии Қазоқистон маблағгузорӣ мешавад бо мақсади хубтар ва бо сифати баланд расонидани ёрии ҳуқуқӣ, вобаста ба пешниҳоди аризаи даъвогӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати қонунии ҶСШК ТВ «Сомониён» пешниҳоди Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон (ТЮК) оиди расонидани ёрии ҳуқуқии аз тариқи ройгон қабул гардида буд. Ва байни «Фонди Евразия» бо адвокат Қудратов Ш., Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон (ТЮК) шартнома баста шуда, маблағи ҷудошуда ҳамчун грант аз тарафи адвокат Р.Зойиров Раиси ТЮК гирифта шуда буд.

Мирзоев Икром меафзояд, ки: «Ҳамин тариқ ҳуқуқшиноси Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон ТЮК Қудратов Ш. оиди расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҶСШК ТВ «Сомониён» ба худ ўҳдадорӣ гирифта буд, ки то ба итмом расидани ҳама гуна марҳилаҳои судӣ ҳамчун намоянда иштирок карда амалиётҳои лозимиро анҷом диҳад. Вале Қудратов Ш. корро дар нимароҳ монд. Зеро Қудратов Шўҳрат бо дастгирӣ ва ёрии бевоситаи намояндаи ТЮК дар асоси марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.09.2007 сол аризаи даъвогӣ оиди рўёнидани зарари моддӣ ба маблағи 86106,14 сомонӣ нисбати Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.08.2008 сол пешниҳод гардида буд. Ва минбаъд Шўҳрат Қудратов ҳамчун намояндаи ваколатдори ҶСШК ТВ «Сомониён» дар ҳама марҳилаҳои судӣ иштирок дошт.

Ва оиди ин нақша, мақсаду мароми ҶСШК ТВ «Сомониён» намояндаи ваколатдор Қудратов Ш. борҳо ибрози ақида намуда дар нишастҳои матбуотӣ низ изҳор намудааст ва ба маълумоти ҷомеа расонида буд. Аммо дар муддати аз моҳи январ то апрели соли 2010 сол Қудратов Ш. роҳбарияти ҶСШК ТВ «Сомониён»-ро бовар мекунонид, ки аризаи назоратӣ тайёр карда шуда, ба роҳбарияти ТЮК барои таҳлил ва таҳрир пешниҳод гардидааст, ки пас аз таҳрирҳо ва тағйиротҳо дар муддати ду-се рўз ба марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии пешниҳод карда мешавад. Мутаассифона пас аз ин намоянда Қудратов Ш. аз ҷавоб додан ба зангҳои ман ва инчунин бо телефони ҷойи кораш худдорӣ намуда, аз вохўрӣ бо роҳбарияти ҶСШК ТВ «Сомониён» канораҷўӣ намудааст».

Бо ин гуноҳ, яъне бо сабаби дер пешниҳод шудани аризаи назоратӣ даъвогар Мирзоев Икром аз ТЮК маблағи 86106,14 сомонӣ талаб мекунад, ки ин товони зарари молиявӣ ба ҶСШК ТВ «Сомониён» аст. Аммо тайи ин ду моҳе, ки даъвои Мирзоев дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад, боре ҳам дар мурофиаҳои судӣ Раиси Ташкилот Раҳматилло Зойиров ширкат намеварзад, ҳуқуқшиноси варзида дар фикри он нест, ки собиқ ҷабрдида И.Мирзоев, ки барои ҳимояи ў аз Ташкилотҳои хориҷӣ кўмаки молиявӣ гирифта буд, ба чӣ ҳол афтодааст? Зойиров ба мурофиаҳои баргузорнашуда вакилашро мефиристад. Даъвогар Мирзоев И. Консорсиуми Юридикии Тоҷикистонро ба он мутаҳам медонад, ки маблағи грантро ба манфиати Ҳизби сиёсиаш сарф кардааст. Зойиров Р. дар аризаи худ бар зидди даъвои И.Мирзоев инро инкор намуда, даъвои ўро беасос меҳисобад.

Боз Р.Зойиров қайд кардааст, ки Мирзоев барои ба суд кашидани ТЮК узр пурсад. Хотиррасон мекунем, ки тули ду моҳе, ки даъво бар зидди Р.Зойиров ва Ташкилоти ҳуқуқии ў баррасӣ мешавад, аммо ҳуқуқшинос Р.Зойиров муҷиби баргузор нашудани мурофиаҳо мегардаду И.Мирзоев умедвор аст, ки ғолиб меояд ва ба далелҳояш бовар дорад. Пас Р.Зойиров бо ин киро таълими ҳуқуқӣ доданист, ки аз ў ибрат гиранд? Яъне Вакил аз номи ҷавобгар ба ҳама саволҳо ҷавоб гўяд.

Суд ҳанўз ҳайрон аст, ки чӣ чора бинад. Охир Зойиров Раҳматилло одами андак нест. Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон, Раиси Консорсиуми Юридикии Тоҷикистон, Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ асту метавонад бо ҳар як ҳуқуқшинос баҳс орояд. Боз дар тобеияташ адвокатҳо дорад. Ба ҳар ҳол интизорем суд чӣ мегўяд? Сухани охирин аз ўст. Мирзоев ғолиб меояд ва ё аз Зойиров узр мепурсад?

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854