ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори таҳияи як консепсияи фарогири ваҳдати миллӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати 14-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ба ҳазорон сокини Душанбе ва меҳмонони хориҷӣ дар Наврӯзгоҳ»- пойтахт сухан мегуфт, таъкид кард, ки дар ҷараёни омода кардан ва баррасии масоили марбут ба ваҳдати миллӣ, рӯшанфикрон, донишмандону таърихшиносон ва дигар қишри огоҳи ҷомеаи кишвар ширкат кунанд.
Вале бахши аъзами суханронии президентро даъват ба таҳаммулпазирӣ ва шукргузорӣ дар бар мегирифт, ки сокинони кишварро таъкид мекард, ки ба қадри ин лаҳзаву рӯзҳои осоишта бирасанд. Вале ба фарқ аз суханрониҳои пешини раиси ҷумҳур дар Рӯзҳои ваҳдат, дар ин навбат аз ҷониби дигари сулҳкунандаи оштии миллӣ, ки Иттиҳодияи мухолифини пешини Тоҷикистон мебошад ва хусусан аз раҳбари мухолифин, зиндаёд Саид Абдуллоҳи Нурӣ ном бурда нашуд.
Дар ҷашнгоҳ низ ба ҷуз вакили Маҷлиси намояндагон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дигар аз аъзои собиқи мухолифин кадоме даъват нашуда буд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ мегӯяд, ки даъвати раиси ҷумҳур ба таҳаммулпазирӣ худ аз арзишҳои созишномаи сулҳи тоҷикон ба шумор меояд, вале вай ишора мекунад, ки воқеан бозтоби Рӯзи ваҳдати миллӣ аз ҷониби бархе аз мансабдорон ва хусусан шабакаҳои телевизони ҳукуматӣ якҷониб сурат мегирад.
«Мо борҳо дар сӯҳбатҳои дӯстона таъкид кардаем, ки саҳми сулҳкунандагон ҳамаҷониба инъикос карда шавад ва яктарафа баҳо дода нашавад. Мутаасифона баъзе аз масъулин, ки аз муҳити онсолҳо дур ҳастанд, аҳамияти сулҳро аслан дарк намекунанд. Дар ин ҷо ирода ва каме ҳиммат лозим аст на чизи дигар. Намояндаҳои собиқи мухолифин на мӯҳтоҷи мансаб ҳастанд ва на даъвои кадом курсиро доранд. Ақаллан он намояндаҳои собиқ мухолифин, ки дар ҷараёни сулҳ саҳми бориз доштанд, чуноне устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, зери созишномаи сулҳ имзо гузҳоштанд ёд карда мешуданд беҳтар буд. Ё номи Ҳабиб Сангинов, Отахон Латифӣ, Ҷумъабой Ниёзов, ки дар қайди ҳаёт нестанд ёдоварӣ мешуд беҳтар буд. Мутаассифона ин корҳо нашуд.»
Ба назари нависандаи шинохтаи Тоҷикистон Саттор Турсун, ҳарчанд аз имзои Созишномаи сулҳ чанд сол мегузарад, аммо ҳанӯзам комил нест ва талош барои такмили он ҳам мушоҳида намешавад. Саттор Турсун мегӯяд, ки ба ихтиёри афроди ношоиста вогузоштани курсиҳову мансабҳо, бемасъулиятӣ аз ҷониби бархе аз мансабдорон, ки талош барои бебуди вазъи иҷтимоии мардум нишон намедиҳанд, ин сулҳу ваҳдатро камранг мекунад ва онро комил намесозад.
Дар майдони "Наврӯзгоҳ", ки ҷашнгоҳи таҷлил Рӯзи ваҳдат буд, ҳазорҳо мардум ҷамъ омада буданд. Пас аз суханронии президент Эмомалӣ Раҳмон, барномаи хоси театрикунонидашуда, ки иборат аз саҳнаҳоии фарҳангиву адабӣ буданд, ба намоиш гузошта шуд. Сипас ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон доир ба ваҳдату суҳу осоиш таронаҳо пешкаши мардум карданд.
Имрӯз дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ ба муносибати солгарди Рӯзи ваҳдат маъракаву намоишҳои идона баргузор мешавад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни ҳукумат ва нерӯҳои собиқ мухолифин 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва ба ҷанги хунини харобиовари беш аз 5-сола дар Тоҷикистон хотима дод. Бархе аз сарчашмаҳо мегӯянд, ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ҷони бештар аз 50 ҳазор нафарро гирифт ва иқтисоди кишварро даҳсолаҳо ба ақиб андохт.
Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»