ҲИМОЯТИ ДОДГОҲИ ОЛӢ АЗ ЯК ОМӮЗГОРИ ҶАВОН
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи ноҳияи Тавилдара дар мавриди қазияи барканории як омӯзгори маҳаллӣ аз симаташро ботил кардааст. Маҳмадалӣ Ҳакимов, омӯзгори ҷавон, ки дар мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Тавилдара кор мекард, чанде пеш бо фармони мудири ин парваришгоҳ аз симаташ барканор шуд.
Ба гуфтаи наздиконаш, пас аз ин воқеъа, оқои Ҳакимов аз ин иқдоми мудир ба мақомҳои маъорифи маҳаллӣ шикоят бурда ва онҳо аз ӯ ҳимоят кардаанд. Вале додгоҳи ноҳияи Тавилдара тасмими мудири парваришгоҳ ба барканории ин омӯзгори ҷавонро қонунӣ хонда буд.
Даъвои тарафайн бар сари ин қазия то ба Додгоҳи олии Тоҷикистон кашида шуда ва ба гуфтаи яке аз наздикони Маҳмадалӣ Ҳакимов, рӯзи чаҳоршанбеи 13 апрел, ҳайъати мунсифаи ин додгоҳ ҳукми додгоҳи ноҳияи Тавилдараро бекор кардааст.
Ин аз мавориди нодирест, ки дар пайи барканории як омӯзгор бо фармони мудири мактаб ё парваришгоҳҳо дар Тоҷикистон қазия ба додгоҳ кашида мешавад. Мақомҳои маъорифи Тоҷикистон ҳамвора аз камбуди омӯзгорон, бавижа дар манотиқи рустоии ин кишвар, гузориш дода ва иқдомоте барои ҷалби омӯзгорони ҷавон ба макабҳо анҷом додаанд.
Вале то кунун, ба далели маъоши андак бисёре аз омӯзгорон дар Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд мактабро канор гузоранд ва барои дарёфти рӯзии худ ва хонаводаашон ба Русия муҳоҷират кунанд.
Би-Би-Си