ДАРХОСТИ БОЗДОШТИ ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛО
Додситонии кулли Тоҷикистон бори дигар хостори боздошти Додоҷони Атовулло, раҳбари созмони "Ватандор" шудааст. Додситони кулли Тоҷикистон, Шерхон Салимзода, мегӯяд, бо ин мақсад дархости расмии наве ба мақомоти Русия ва дигар кишварҳои марбута фиристода шудааст. Вале гуфта мешавад, то ҳанӯз посухи мақомоти Русия ё кишвари дигаре дар ин маврид дарёфт нашудасст.
Ҷаноби Салимзода афзуд, ин дархост бар пояи парвандаи ҷиноии соли 2008 ирсол гашта, мақомот ба ин гумонанд, ки ҷаноби Атовулло дар Русия ба сар мебарад. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳанӯз моҳе пеш як гурӯҳи вижа таҳти сарварии мансабдори аршади Додистонии кулли Тоҷикистон ба Русия фиристода шуд, то дар ин бора бо мақомоти зидахли Русия вориди гуфтушунид шавад.
Бино бар хабарҳо мақомоти Русия дархости расмии Тоҷикистонро пазируфтаанд, вале ба он посухи мусбат ё манфӣ надодаанд. Ва гурӯҳи эъзомии Тоҷикистон низ дар ҳоли ҳозир дар Маскав ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон ҷаноби Атовуллоро, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, дар даъват барои сарнагунии низоми ҳоким ва тӯҳмату таҳқир ба унвони роҳбарияти давлат ва ҳукумат муттаҳам медонанд.
Аммо Додоҷони Атовулло ин иттиҳомотро рад кардаву ҳамеша гуфтааст, ки танҳо аз ҳуқуқи худ ба озодии баён истифода карда ва мавқеи сиёсияшро иброз доштааст. Ин барои бори чандум аст, ки мақомоти Тоҷикистон нисбат ба Додоҷон Атовулло парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд. Дар ду навбати гузашта ин парвандаҳоро баста буданд. Ҷаноби Атовулло дар тобистони соли 2001 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда буд, вале пас аз якуним рӯз дубора раҳо гашт.
Соли 2008 Додситонии кулли Русия ба дархости мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳабс ва истирдоди Додоҷони Атовулло посухи рад дода буд. Додситонии Русия он замон гуфта буд, ба Вазорати умури дохилии Русия дастур дода шудааст, дар қиболи Додоҷони Атовулло дар қаламрави Русия ҳеҷ амалиёти фаврии ҷустуҷӯӣ анҷом надиҳад.
Аммо моҳи сентябри соли 2008 додситони вақти Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфта буд, алайҳи сардабири нашрияи “Чароғи рӯз” ва раҳбари созмони “Ватандор”, дар Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ба зудӣ боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешавад. Ин эъломияи Б. Бобохонов ва хабари сафари ҳайати вижа ба Маскав барои боздошти сардабири “Чароғи рӯз” сабаб гашта буд, ки ҷаноби Атовулло ба Олмон ва аз он ҷо ба Фаронса ҳиҷрат кунад.
«Озодӣ»