17:26:45 02-уми Июни 2025 сол

ИРОАИ ПАРВАНДАИ МУҲОФИЗИ СОБИҚИ ТӮРАҶОНЗОДА БА ДОДГОҲ

Маъмурони додситонии Тоҷикистон Юсуф Ҷалилов, яке аз муҳофизони собиқи Акбари Тӯраҷонзодаро ба авбошӣ муттаҳам карда ва парвандаи ҷиноии ӯро ба додгоҳ ироа кардаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки вай дар гузашта дар қатли шуморе аз чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон даст дошта, вале мавриди афв қарор гирифтааст.

 

Як манбаъи додситонӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, рӯзи чаҳоршанбе ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар маҷмӯъ, ин муҳофизи собиқ дар 12 амалиёти теруристӣ ва қатли дастикам 22 нафар, маъмулан низомиёни рус дар Тоҷикистон, даст доштааст. Додситонӣ ҳоло оқои Ҷалиловро ба авбошӣ бо истифода аз силоҳ алайҳи Абдураҳим Котибов, як сокини ноҳияи Ваҳдат дар соли 2000 муттаҳам кардааст. Дар ҷараёни ин ҳодиса оқои Котибов, ҳамсар ва фарзандонаш мавриди зарбу шатми Юсуф Ҷалилов ва ҳамроҳонаш қарор гирифтаанд.

 

Ин манбаъ афзуд, ки оқои Ҷалилов баъди ин ҳодиса ба Русия паноҳ бурда ва соли гузашта ба Тоҷикистон баргаштааст ва аз сӯйи маъмурони додситонӣ боздошт шудааст. Манобеъи додситонӣ мегӯянд, ки парвандаи оқои Ҷалилов барои муҳокима ба додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе ироа шудааст. Вале масъулони ин додгоҳ аз таъйиди ин хабар худдорӣ карданд.

 

Дар ҳамин ҳол, Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва узви собиқи порлумон, ки дар замони ҷанги дохилӣ аз раҳбарони иттиҳоди мухолифони давлат ба шумор мерафт, рӯзи чаҳоршанбеи 2 июн дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ таъйид кард, ки яке аз муҳофизони собиқаш боздошт шудааст.

 

Вай гуфт, ки оқои Ҷалилов аз соли 1998 то соли 2000 аз сӯйи Вазорати амнияти вақти Тоҷикистон ба унвони муҳофиз дар ихтиёри вай гузошта шуда буд. Оқои Тӯраҷонзода афзуд: “Мо он замон аз хориҷ ба Тоҷикистон баргаштем ва вазорати амният ин шахсро барои ман ба унвони муҳофиз муъаррифӣ кард”.

 

Вале ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, баъд аз соли 2000 Юсуф Ҷалилов ба Русия рафта, муддате дар он ҷо зиндагӣ кардааст. Сипас, ниҳодҳои интизомии Русия оқои Ҷалиловро ба иттиҳоми истифода аз мадорики тақаллубӣ боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.

 

Акбари Тӯраҷонзода афзуд ҳодисае, ки дар он Юсуф Ҷалилов мазнун дониста мешавад, замоне рух додааст, ки вай дар маъмурияте дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дошт ва ҳатто баъд аз бозгашташ ҳам аз он огоҳӣ пайдо накардааст. Вале манбаъи додситонӣ гуфт, ки Юсуф Ҷалилов дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ низ раҳбарии гурӯҳи муҳофизони оқои Тӯраҷонзодаро ба ӯҳда доштааст.

 

Гузашта аз ин, ба иддаъои додситонӣ, оқои Ҷалилов ба гурӯҳи ҷиноии Абдувосид Латипов, муллақаб ба “Қорӣ Восид” шомил будааст. Дар соли 1995 вай якҷо бо дастаи Азизулло Нуров дар Эрон ва Афғонистон дар заминаи истифода аз аслиҳа омӯзиш дидаанд.

 

Дар маҷмӯъ, додситонӣ Юсуф Ҷалиловро дар терури дастикам 22 нафар аз чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон ва низомиёну русу тоҷик мазнун медонад. Аз ҷумла, дар ин маврид аз ҳодисаҳои қатли Муҳиддин Олимпур, хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, Виктор Никулин, хабарнигори шабакаи “ОРТ”-и Русия, Моёншо Назаршоев, муъовини нахуствазир ва боз чанде аз фарҳангиён ва сиёсатшиносони саршиноси Тоҷикистон ном бурда мешавад.

 

Ба унвони мисол, манбаъи додситонӣ аз чанд мавриди анҷоми амали ба гуфтаи вай теруристӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат ном бурд, ки мушорикати Юсуф Ҷалилов дар онҳо собит шудааст. Вале манбаъи додситонӣ таъкид кард, ки ин ҷиноятҳо дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста ва тибқи қонуни афви соли 1998 афроде, ки дар ин ҷиноёт даст доштанд, маъоф шудаанд.

 

Манбаъи додситонӣ ҳамчунин мегӯяд, ки Юсуф Ҷалилов дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи худ ба иртикоби қатли ин афроди саршинос иқрор кардааст, вале додгоҳ тибқи қонуни афви соли 1998 наметавонад ӯро барои ин қатлҳо муҷозот кунад.

 

Тибқи ин қонуни афв, ки дар пайи имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997 тасвиб шуд, беш аз панҷ ҳазор нафар аз намояндагони мухолифони собиқ ва тарафдорони давлат афв шуда буданд. Вале ҷурми авбошии Юсуф Ҷалилов баъд аз ин замон рух дода ва ӯ ҳоло танҳо барои ҳамин ҷурм муҳокима хоҳад шуд.

 

Дар ҳамин ҳол, Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, ки дар даст доштани Юсуф Ҷалилов дар қатлҳои шахсиятҳои саршинос тардид дорад. Вай мегӯяд, ки ба эътирофи афроди мазнун дар ин кишвар чандон эътимод надорад, зеро "наҳваи дарёфти чунин эътирофот барои ҳама маълум аст."

 

Вай афзуд, ки бархе аз гурӯҳҳо қасд доранд ба парвандаи ҷиноии Юсуф Ҷалилов тобиши сиёсӣ дода, "исми Тӯраҷонзодаро низ ба он бипайванданд, вале мо бо чунин бархӯрд одат кардаем."

 

Дар гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон чанд сокини ноҳияи Ваҳдатро, ки гуфта мешуд аъзои гурӯҳи Нозим Юнусов, яке аз фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони пешин мулаққаб ба "Эшони Нозим" будаанд, дар қатли Муҳиддини Олимпур, хабарнигори Би-би-сӣ ва Виктор Никулин, хабарнигори телевизиюни “ОРТ”-и Русия муҷрим шинохта ва онҳоро барои давраҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карда буд.

 

Аммо мақомоти Тоҷикистон омилони бисёре дигар аз парвандаҳои марбут ба қатлҳои шахсиятҳои маъруфи иҷтимоъӣ дар замони ҷанги дохилии ин кишвар ва баъд аз онро то имрӯз ифшо накардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2403-2010-06-02-17-23-52.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854