03:19:03 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАО: Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди эмбарго ба нафти Русия ба созиш нарасид

Рӯзи чаҳоршанбе намояндагони доимии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо натавонистанд дар мавриди ҷорӣ кардани эмбарго ба воридоти нафти Русия ба созиш бирасанд, хабар медиҳад Reuters бо такя ба манобеъи огоҳ.

10 smi-ec 545545412Қаблан раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен гуфта буд, ки Иттиҳодияи Аврупо дар чаҳорчӯби бастаи шашуми таҳримҳои нав алайҳи Русия, марҳалаи манъи ҳама гуна воридоти нафти Русия ба Иттиҳодияи Аврупоро пешниҳод мекунад.

"Намояндагони Иттиҳодияи Аврупо рӯзи чаҳоршанбе ба тавофуқ дар бораи эмбарго нарасиданд, аммо онҳо метавонанд дар мулоқоти рӯзи панҷшанбе ба созиш наздик шаванд" гуфт оҷонсӣ.

Кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш ба амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои безараргардонӣ ва безарарсозии Украина таҳримҳои зиёде ҷорӣ карданд. Шуморе аз ширкатҳо аз хуруҷи худ аз бозори Русия ва бастани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин кишвар хабар доданд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ширкатҳои ғарбӣ, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, зери фишори шадид ин корро анҷом доданд, аммо Русия ҳама мушкилотро бо иқтисоде, ки Ғарб барои он эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.

РИА Новости

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi