17:54:58 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нахуствазири Ҳолланд гуфт, НАТО пуштибонии Украинаро идома медиҳад

Нахуствазири Ҳолланд Марк Рютте пас аз сӯҳбат бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, НАТО пуштибонӣ аз Украина ва ҳимояи канори шарқии онро идома медиҳад.

2 nato i ukraina 2121545"Ман бо Дабири кулли НАТО ва президенти Руминия сӯҳбати телефонӣ доштам, таҳаввулоти ахир дар Донбассро баррасӣ кардам. НАТО дастгирии Украинаро идома медиҳад ва ӯҳдадор мешавад, ки марзҳои шарқии Паймони Атлантикаи Шимолиро боэътимод ҳифз кунад", - навиштааст Рютте дар саҳифаи Twitter худ. Вай ёдовар шуд, ки 200 сарбози Ҳолланд ба гурӯҳи ҷангии НАТО дар Руминия хоҳанд пайваст.

Нидерландия ҳузури низомии НАТО-ро дар Аврупои Шарқӣ хеле васеъ кард. Аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, Ҳолланд чанд ҷангандаҳои F-35 ва F-16-ро барои посбонӣ дар фазои ҳавоӣ дар канори шарқии минтақаи паймон фиристодаанд. Ҳамин тавр, чаҳор ҷангандаи F-35 дар Булғористон мустақар шудаанд, ки то охири моҳи май ҳарими ҳавоиро назорат хоҳанд кард. Дар миёнаҳои моҳи апрел Ҳолланд 150 сарбозашро барои истиқрори маҷмӯаҳои зиддимушакии Patriot ба Словакия фиристод. Илова бар ин, зиёда аз панҷ сол аст, ки артиши Голландия дар ҳузури пешқадами НАТО дар Литва иштирок мекунад.

РИА Новости



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi