01:56:43 08-уми Июни 2025 сол

Теъдоди мусофироне, ки дар киштии сайёҳии Ҷопон нопадид шудаанд, ба 9 нафар расид

Теъдоди мусофирони ёфтшудаи киштии сайёҳии KAZU 1, ки як рӯз пеш дар шимоли Ҷопон пас аз сигнали изтирор нопадид шуд, ба 9 нафар расид. Дар ин бора шабакаи телевизионии " NHK" хабар медиҳад.

11 kruiz-japan 4545Қабл аз ин иттилоъ расида буд, ки 7 нафар дар шимоли кишвар дар соҳили Ҳоккайдо пайдо шудаанд, ки ҳамаи онҳо беҳуш буданд.

Намояндаи расмии хадамоти метрологии Ҷопон ҳушдор дод, ки ҳарорати об дар минтақаи ҷустуҷӯ аз 5 дараҷа зиёд нест. Айни замон амалиёти ҷустуҷӯӣ аз ҷониби посбонии соҳилӣ ва хадамоти изтирорӣ идома дорад.

Қаблан наҷотдиҳандагон дар остонаи киштии сайёҳии KAZU 1 дар ин минтақа се нафари дигар пайдо карда ва боз чаҳор нафари дигарро пайдо карданд. Дар бораи аҳволи онҳо низ маълумот дода нашудааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки кормандони Идораи амнияти баҳрии Ҷопон киштии сайёҳии KAZU 1-ро дар соҳили ҷазираи шимолии Ҳоккайдо ҷустуҷӯ доранд, ки дар дохили он 26 нафар, аз ҷумла ду кӯдак, будаанд. Ба навиштаи нашрия, қаиқҳои посбонӣ барои корҳои наҷот ба маконе дар наздикии нимҷазираи Ширетоко фиристода мешаванд.

gazeta.ru

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854