Трамп гуфт, ки масъулияти ҳамла ба Капитолияро эътироф намекунад
Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп гуфт, ки масъулияти ошӯбҳо дар ҷараёни ҳамлаи Капитолий дар рӯзи 6 январи соли 2021-ро ба дӯш намегирад.
"Не, ин дуруст нест. Ман ҳеҷ гоҳ масъулиятро ба дӯш нагирифтаам" гуфт ӯ дар мусоҳиба бо "The Wall Street Journal", ки рӯзи ҷумъа нашр шуд.
Қаблан "The New York Times" навишт, ки сабти сӯҳбати раҳбари ақаллияти ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА Кевин МакКарти ва аъзои ҳизб дар ихтиёр дорад. Ба навиштаи нашрия, МакКарти гуфтааст, ки Трамп дар сӯҳбат бо ӯ масъулияти худро барои ҳодисаи 6 январи соли 2021 қисман эътироф кардааст. Ба гуфтаи рӯзнома, ин 11 январи соли 2021 сабт шудааст.
Рӯзи 6 январи соли гузашта ҷонибдорони Трамп ба бинои Конгресс ворид шуданд, то аз тасдиқи натоиҷи интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2020 монеъ шаванд. Демократ Ҷо Байден пирӯз шуд. Дар ҷараёни ошӯб дар дохили бино пулис як тазоҳургарро тирборон кард.
Илова бар ин, марги чанд нафари дигар ба қайд гирифта шуд. Пас аз задухӯрд як афсари полиси Капитолия ба ҳалокат расид.
ТАСС