07:51:16 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

«Барқи Тоҷик»: қарзи осебдидагонро мебахшем!

Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, қарзи хонаводаҳоеро, ки аз селфароиҳои охир дар кишвар зарар дидаанд, мебахшанд.

Ҷамшед Бобозода, муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик» зарари обхезиҳои вақтҳои охирро ба деҳаҳои ВМКБ, ноҳияи Рашт ва дигар ноҳияҳои вилояти Суғд фоҷиаи гарон номида, аз ҷумла гуфт, ки барои таъмини ин оилаҳо бо барқ кумаки худро расониданд: «Нисбат ба ду деҳае, ки дар ноҳияи Рашт зери об монданду мо аз ин ҷо он масолеҳу таҷҳизоти лозимиро равон кардем, дар шабонарӯзи якум мо 40%-и аҳолиро бо барқ таъмин кардем ва дар рӯзи дуюм қариб 96%-и аҳолиро бо барқ таъмин кардем»,-иброз дошт муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик».

Ба гуфтаи мавсуф бо супориши Президенти кишвар дар он заминҳое, ки дар ноҳияи Рашт барои осебдидагони офати табиӣҷудо шудаанд, аллакай ду трансформатор насб шуда, хати барқ расонида шуд ва дар сурати тасдиқи нақшаи маҳал хатҳои барқии 04-ро ба аҳолии зарардида бурда мерасонанд. «Он хонаҳое, ки зарар дидаанд, мумкин ки мо қарзҳои қаблиашонро мебахшем»,-илова намуд Ҷамшед Бобозода.

Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» дар мавриди мушкилоти таъмини барқ ба осебдидагони  вилояти Бадахшон гуфтанд, ки феълан якҷоя бо ширкати “Помир Энержӣ” барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таъмини дастрасии осебдидаҳо ба неруи барқ кор бурда истодаанд.

АМИТ “Ховар” 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi