19:02:25 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мурофиаи Зайд Саидов дар СИЗО баргузор хоҳад шуд

Додгоҳи Олии Тоҷикистон мурофиаи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаро дар бинои боздоштгоҳи мувақати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баргузор мекунад. Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъи Зайд Саидов рӯзи панҷшанбеи 5-уми сентябр бо тасдиқи ин хабар аз он изҳори нигаронӣ кард, ки муҳокимаи парвандаи зерҳимояаш дар боздоштгоҳи мувақат ё СИЗО-и Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

2-zayd-saidov-4598633Ба таъкиди ҷаноби Табаров рӯзи гузашта мулоқоти вакилони дифоъ бо Зайд Саидов сурат гирифт ва ҳамзамон онҳо бори дигар парвандаро омӯхта барои мурофиаи додгоҳӣ омодагӣ дидаанд. Ин вакили дифоъ мегӯяд, дар ҷараёни мурофиа дар боздоштгоҳи мувақати КДАМ танҳо ҳайати додгоҳӣ ва вакилони дифоъ ҳаққи ширкатро хоҳанд дошт.

Вакилони дифои Зайд Саидов аз он изҳори таассуф кардаанд, ки ҷараёни мурофиа аз назари хабарнигорон дур мемонад ва ин маънои онро дорад, ки «мақомот ба ҳар навъе ки хоҳанд ҳукм содир мекунанд.»

Зимнан, мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, вазири пешин ва соҳибкори муваффақи тоҷик соати 10-00 рӯзи 12 сентябр дар СИЗО - и Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ сурат хоҳад гирифт.

Оҷонсии зидди фасод ва додситонии пойтахт ҷамъан 8 парвандаи ҷиноиеро, ки алайҳи Зайд Саидов боз карда буданд, дар поёни моҳи август барои таҳияи хулосаи ниҳоӣ ба додситонии кулл супурданд ва додситониии кулл баъди ҳамагӣ як ҳафтаи баррасӣ рӯзи 28 август ин парвандаҳоро бидуни ягон таҳрир ва бо задани мӯҳри махфӣ барои муҳокимаи ниҳоӣ ба ихтиёри Додгоҳи олӣ супурд.

Додгоҳи олӣ гуфтааст, ки мурофиаи Зайд Саидов рӯзи 12 сентябр таҳти раёсати додрас Шавкат Абулхайров пушти дарҳои баста шурӯъ хоҳад шуд. Ба вакилони Зайд Саидов гуфтаанд, азбаски дар парвандаҳои зидди ӯ исми чандин мансабдори аршади собиқу кунунӣ зикр шудааст, ба ин парванда мӯҳри махфӣ задаанд, ки ин баргузории мурофиаи озодро ғайримумкин мегардонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi